АДИБЕ, КИ ДУ БОР БА ТАБЪИД ДУЧОР ГАШТ

Дар музейи «Хотираи қурбониёни табъид» воқеъ дар соҳили Бӯзсув (ноҳияи Юнусободи пойтахт), ки аз 7 шуъба иборат, ба ҷабрдидагони солҳои 40 ва 50-уми асри сипаришуда ҷои алоҳида ҷудо карда шудааст.

Дар музейи «Хотираи қурбониёни табъид» воқеъ дар соҳили Бӯзсув (ноҳияи Юнусободи пойтахт), ки аз 7 шуъба иборат, ба ҷабрдидагони солҳои 40 ва 50-уми асри сипаришуда ҷои алоҳида ҷудо карда шудааст. Шоиру нависандагон низ дучори  зӯроварӣ шуда, дар лагерҳои тазйиқдиҳанда ба сахтӣ ҳалок шуданд ё азияти бадарға дар минтақаҳои дуру наздикро аз сар гузаронданд. Дар миёнҷои музей «Ҳайкали изтироб» гузошта шудааст. Он нишонест аз солҳои изтиробангез...
Чӯлпон, Қодирӣ, Фитрат, Шокир Сулаймон, Элбек, Усмон Носир барин адибон дар солҳои 30-40-ум  хазон шуда бошанд, Шукрулло, Саид Аҳмад, Шуҳрат ва дигарон дар даҳсолаҳои баъдина бо тамғаи «душмани халқ», «зиёии зиёнкор» ва ҳоказо аз диёри худ ронда шуда, чанд соли умри азиз дар даруни симхорҳо гузаронданд. Шоир ва драматурги номвар Мақсуд Шайхзода, айни замон, дар қатори ин қабил азиятдидагон қарор дошт ва ин фарзанди Озарбойҷон, ки Ӯзбекистонро низ модар мешумурду солҳои зиёди умр дар сарзамини мо гузаронд, як бор не, ду бор ба бадарғаву ҳабс дучор гардид.
6 декабри соли 1927 ҷамъомади суди Махаҷқалъа (он асно дар омӯзишгоҳи педагогии Махаҷқалъа омӯзгорӣ мекард) Шайхзодаро бо тарғиботи аксулинқилобӣ айбдор кард. Ҳукм намуд се сол бадарға карда шавад. 
Ҷои бадарға Тошканд қарор гирифт ва ҳамин боис гашт Шайхзода тақдири минбаъдаашро ба ҷумҳурии мо пайвандад.
Баъдтар Мақсудоғо бо идеалисозии  гузаштаи феодалӣ (баъди навиштани драмаи «Ҷалолиддин Мангубердӣ») айбдор шуду аз узвияти Иттиҳоди нависандагон хориҷ гашт. 22 сентябри соли 1952 ба ҳабс гирифта шуд.
25 сол  аз озодӣ маҳрум карда шуда буд, вале баъди вафоти Сталин сафед гашт, баъди 3 сол ба озодӣ баромад ва ба Тошканд баргашт.
Баъде ба дастҳое, ки қалам медошт, кишан заданд ва бо худ бурданд, дили ҳамсари бовафояш  Сокинахонум пора-пора гардид. 
Замон тағйир ёфт, зиёиҳо, шоиру  нависандагон, ки аз ҳабсхонаҳо баргаштанд, боз ба даст қалам гирифтанд. Вале ҳабсу бадарға таъсири худ гузаронда ва дардманд шуда буданд аксарият адибон. 
Мақсудоғоро бошад, дарди по шиканҷа медод. Варам карда буд ҳарду по. Сокинахонум низ ҳоли хуб надошт. Дамҳои парешон ва серташвиш дар паси панҷараҳо гузаронида буд вай, рӯзҳои зимистон дар атрофи ҳабсхонаҳо чӣ қадарҳо сарсон гашт, то як бор ба дидори шавҳар расад ба дари маҳкамаҳо ва идораҳои болоӣ, бо мақсади қарор додани ҳақиқат, чӣ қадарҳо давид...
Охири солҳои бистум, вақте зану шавҳар ба Тошканд омаданд, як муддат дар манзили Ғафур Ғулом, як муддат дар ҳавлии яке аз шиносҳо воқеъ дар кӯчаи Шаҳрисабзи пойтахт зиндагӣ карданд. Баъд ҳукумат хона дод. Давраи минбаъдаи чун ҳавои баҳор тозаи умри Мақсудоғову Сокинахонум дар хонаи оростае воқеъ дар кӯчаи «9 Январ» гузашт. Аммо сонитар...
Аз он ки манзил дар ошёнаи чаҳорум қарор дошт, зану шавҳари пойҳояшон дардманд ба барову фаро азоб мекашиданд. Барои ҳамин ҳар ду муддате ба яке аз чаҳорбоғҳое, ки дар тасарруфи Иттиҳоди нависандагон буд, кӯчиданд. 
Дар он ҷо аҳволи Мақсудоғо вазнин шуд. Ба касалхона афтид. 
Дӯстони ҳамқаламаш саъй карданд аз ошёнаи якум хона гирифта диҳанд. Вале муроҷиати онҳо ба ҷойҳои даркорӣ самара набахшид. Хостанд ба Боку баргарданд. Баъди ду ҳафта меоем, гуфта буданд онҳо. Аммо бинобар тақозои шароит дар Озарбойҷон дер монда рафтанд. Наздикони онҳо дар Тошканд хавотир шуданд. Шуниданд, ки Шайхзодаву ҳамсараш дар Боку дар ташвиши хонаву ҷой. Нома навиштанд: 
«Зуд баргардед. Масъалаи манзилро худамон ҳал мекунем!»
Дили Мақсудоғову Сокинахонум чун кӯҳ бардошта шуд.  
Сокинахонум мегуфт: «Шукри бисёр, ки дар Тошканд манзил дорем. Дӯстони самимӣ дорем. Хонаамон дар ошёнаи чаҳорум бошад чӣ шудааст? Ғам нахӯред – ман ҳастам. Худам бардошта бароварда ва бардошта мефурорам!»
Шайхзода ба худ табассум намуд. Аҳволи зани дардмандеро тасаввур мекард, ки нимҷон асту шавҳарро бардошта, ба ошёнаи чаҳорум мебарорад. Дар гунаи Сокинахонум низ лабханд мавҷ мезад. Вай сар ба кифти шавҳар гузошт ва ҳарду ҷафстар шуданд. Дигар ба кӣ ҳам такя мекарданд онҳо? Худо фарзанд надод...
Вале ҷои ношукрӣ не. Ёру дӯстҳои зиёд доранд дар Тошканд. Онҳоро ҳеҷ вақт танҳо намегузоранд.
Шайхзода маҳз дар сарзамини мо чун шоир ва драманавис шинохта шуд. Ҳанӯз дар солҳои сиюм маҷмӯаҳои шеъриаш бо номҳои «Даҳ шеър», «Ҳамсадоҳоям», «Китоби сеюм», «Ҷумҳурият» ба табъ расиданд. Солҳои ҷанг як силсила шеърҳои ватандӯстона, драмаи таърихии «Ҷалоллидин Мангубердӣ»,  як қатор мақолаҳои публисистӣ эҷод  кард. Соли 1960 фоҷиаи «Мирзо Улуғбек»-ро навишт. Асарҳои зиёди як қатор адибони номвари дунёро ба ӯзбекӣ баргардонд. Чанд сол дар Институти давлатии омӯзгории Тошканд чун педагог фаъолият бурд. Назар ба таъкиди профессор Ҳамидҷон Ҳомидӣ, вай дар тарбияи истеъдодҳои он вақт ҷавон, аз қабили Юсуф Шомансур, Хайриддин Салоҳ ва дигарон саҳми муносиб гузошт. Ба тадқиқи осори Навоӣ низ камар баста, номзадӣ дифоъ сохта буд. Дар тарбияи кадрҳои илмӣ, айни замон, хидмати арзанда кард. Аз ҷумла, Натан Маллаев, ки таълими ӯ гирифта буд, оянда адабиётшиноси забардаст гардид. Адабиётшинос О. Абдуллоев, шоир А. Шер мегӯянд, устод Шайхзода баробари шоири номвар, педагоги барҷаста будан аз бузургвороне низ буд, ки ба гирифтани унвони олии «инсон» муяссар шудаанд.
Духтари Ғафур Ғулом Алмосхонум таъкид месозад, падарам маҳз бо маслиҳати Шайхзода, ки дӯсти наздики оилаамон ҳисоб меёфт, номи маро Алмос гузоштааст...
М. Шайхзода дар дамҳои охири умр ба тозаасараш «Берунӣ» нуқта гузошт. Дар 59-солагӣ вафот кард. Одами зиёд омад ба таъзия ва фотиҳа. Вале миёни онҳо, маълум мешавад, ғаразнокҳо низ буданд. Дастнависи вопасин ёдгор аз адиби ба зарбаҳои сахт дучоршударо кадоме бо худ бурд. Сокинахонум оби чашм дошта наметавонист, сарсон  буду саргум. Ӯву фарзандонаш Росим ва Олима (номбаршудагон дар асл ҷиянҳояш буда, зану шавҳар ба ҳарду фамилияашро дода буданд) «Берунӣ»-ро хеле кофтанд. Бефоида.
Ин зарбаи навбатии тақдир буд ба Сокинахонуми сарсахт.
Соли 2001 Мақсуд  Шайхзода барои саҳмаш дар ривоҷи адабиёту фарҳанг бо ордени «Буюк хизматлари учун» тақдиронида шуд.

М. ШОДИЕВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: