АДИБИ БУЗУРГ

Пеш аз он ки дар бораи фаъолияти маорифпарварии устод Айнӣ сухан гӯем, бояд ба вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии охири асри XIX ва ибтидои асри XX-уми Самарқанд назар афканем.

Зеро айнан дар ҳамин солҳо гурӯҳи шоирони маорифпарвар барои ташкил намудани мактабҳои навусул саъй карданд. Онҳоро дар адабиёти дирӯзу имрӯз ҷадидон ном мебаранд. Мақсади асосии ин тоифа ислоҳи мактабҳои куҳна ва умуман Аморати Бухоро буд. Ҷадидон дар Самарқанд Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Саид Аҳмади Васлӣ, Саидризо Ализода ва чанде дигарон ба шумор мерафтанд, ки бо кӯшиши онҳо дар шаҳр аллакай якчанд мактаби ҷадидӣ ташкил шуда буданд. Беҳтарини ин таълимгоҳҳо соли 1901 дар гузари Шарбатдор ва соли 1905 дар деҳаи Раҷабамини ноҳияи Самарқанд бо ташаббуси Абдуқодир Шакурӣ кушода шуданд. Дар Бухоро вазъият тамоман дигар буд. Ҳамаи навовариҳои шахсони пешқадам таҳти назорати қатъии амир ва наздикони ӯ буда, равшанфикрон ба таври доимӣ таъқиб мешуданд. Он замон Айнии ҷавон дар Бухоро таълим мегирифт. Ӯ бо кумаки дӯстонаш асари машҳури шарҳиҳолии Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ»-ро пайдо карда хонд. Ин асар ҷаҳонбинии Айнии ҷавонро куллан дигар кард. Аз ҳамон вақт Айнӣ ғойибона бо Шакурӣ ва усули корбарии мактабҳои ӯ ошно мегардад. Бинобар ҳамин зуд-зуд ба номи Шакурӣ мактуб навишта, барои саводнок кардани фарзандони бухороиён маслиҳатҳо мегирифт, орзу дошт, ки ба Самарқанд  сафар кунад.
Ин орзуи устод Айнӣ тирамоҳи соли 1907 ҷомаи амал пӯшид. Ӯ бо дӯстони ҳаммаслакаш Абдулвоҳиди Мунзим ва Ҳамидхоҷаи Меҳрӣ ба Самарқанд омада, дар хонаи Шакурӣ меҳмон мешавад ва доир ба мактаби нав суҳбат мекунад. Дар ин суҳбатҳо Исматулло Раҳматуллозода, Раҳим Ҳошим, Сиддиқӣ низ иштирок карда, маслиҳатҳои зарурӣ медоданд. Устод Айнӣ бо ҳамроҳонаш ду рӯз дар Самарқанд монда, бо фаъолияти мактабҳои Шакурӣ, Беҳбудӣ, Сиддиқӣ ошно гашт. Саводнокии шогирдони ин мактабҳоро аз санҷиш гузаронид ва аз муваффақиятҳои мактаби ҷадидони самарқандӣ рӯҳи тоза гирифт.
Тавре ки дар боло гуфтем, амири Бухоро ва наздикони ӯ ҷадидонро чашми дидан надоштанд. Мактаби усули нав ташкил кардан хеле хавфнок буд. Бо вуҷуди ин Айнӣ, Мунзим ва Ҳамдӣ бо як ҷасорат пинҳонӣ дар ҳавлии Мунзим мактабе ташкил карда, аз пайи саводнок кардани фарзандони камбағалон шуданд. Мактаб чорсола буда, дар асоси низоми синфӣ фаъолият дошт, ки онро бори аввал устод Айнӣ дар Бухоро ба роҳ гузошта буд. Талабагони мактаби мазкур дар муддати кӯтоҳ саводи дуруст мебароварданд. Инро қозии Бухоро пай бурда, бо фармони амир фаъолияти мактабро боздошт ва ба муаллимонаш ҳукми қатл эълон кард. Ин аст, ки Мунзим ва Ҳамдӣ фавран роҳи гурезро пеш гирифтанд. Аз байн муддате гузашту Айнӣ ҷасурона ба назди қозии Бухоро рафта: – Фарзандони меҳнаткашонро саводнок кунем, чӣ бадӣ дорад, – гуфт. Қозӣ дар ҷавоб, – худат савод дорӣ, ба дигарон чӣ кор дорӣ. Агар кор кардан хоҳӣ, марҳамат, ба ягон мадраса мударрис шав, – гӯён маслиҳат дод. Айнӣ мударрисиро қабул накард. Аз баста шудани мактаб рӯҳафтода нашуда, бо маорифпарварони тотор фаъолияти худро давом дод. Бинобар дар мактабҳои Бухоро нарасидани адабиёти дарсӣ соли 1909 таҳти унвони «Таҳзиб-ус-сибён» барои шогирдон китоби хониш навишт. Инчунин бо ташаббуси ӯ ва ҳамсафонаш охири соли 1910 бо унвони «Тарбияи атфол» ҷамъияти пинҳоние ташкил гардид. Ин ҷамъият дар назди худ чунин вазифаҳо гузошта буд:
1. Дар байни аҳолӣ паҳн кардани адабиёти маърифатӣ.
2. Пешгирии исрофкорӣ ва дигар ҳаракатҳои ношоиста.
3. Ба муқобили ҳукумат ташвиқот бурдан.    
Ғайр аз ин аъзои ҷамъият, ки аз 20 нафар иборат буд, барои мактабҳои ҷадидӣ кушодан ва шогирдони босавод тарбия кардан саъй карданд. Бо ташаббуси онҳо наврасони босавод барои хондан ба Оренбург, Уфа, Қрим ва дигар шаҳрҳои марказӣ равона карда шуданд. Инчунин, бо саъйи устод Айнӣ ва дӯстонаш аввалин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» рӯйи чопро дид.
Ниҳоят ин ташвиқот ва муборизаҳоро амир ва амалдорони ӯ таъқиб карда, устодро дастгир ва баъд аз 75 чӯб задан зиндонӣ мекунанд. Баъди аз зиндон озод шудан дар Бухоро мондани Айнӣ хеле хавфнок буд. Аз ин рӯ ӯ роҳи Самарқандро пеш мегирад. Айнии маҷрӯҳро шиносҳои деринааш Шакурию Раҳматуллозода дар паноҳи худ гирифта, табобат мекунанд. Чанд муддат, то сиҳҳат шудан дар хонаи Раҳматуллозода истиқомат мекунад. Сипас Шакурӣ ӯро барои истиқомат ба ҳавлии худ таклиф мекунад. Дер вақт устод дар болохонаи Шакурӣ зиндагӣ карда, дар яке аз мактабҳои навусули гузари Сӯфӣ Розиқ ҳамчун муаллими забону адабиёт ва таърих фаъолият нишон медиҳад. Ӯ бо услубҳои гуногуни таълим, хусусан бо суҳбатҳои рӯбарӯ дарсро хеле шавқовар мегузашт. Инро маорифпарвари забардасти ҳамон давр директори мактаби гузари Сӯфӣ Розиқ Леменевский дар хотираҳояш чунин нақл кардааст: «Айнӣ соҳиби маҳорати калони педагогӣ буд. Дарсҳои Айнӣ бисёр шавқовар мегузаштанд. Шогирдон ӯро хеле ҳурмат мекарданд...» 
Бале, Айнӣ ҳар як дарсро бо аёният мегузашт. Ӯ шогирдонро рӯзҳои истироҳат ба кӯҳу саҳро ва боғҳои дарахтони мевадор таклиф мекард. Қонуну қоидаҳои табиатро меомӯзонд. Парвариши дарахтҳо ва пайванд кардани онҳоро меомӯзонд. Дар дарси таърих бошад, фурсат меёфту шогирдонро бо таърихи обидаҳои қадима ошно месохт. 
Устод Айнӣ барои пешрафти маорифи мардуми тоҷик дар Самарқанд хидматҳои шоиста кардааст. Ӯ дар ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта барои мактабҳои духтарона бо номи «Қизбола ё худ Холида» китоби хониш тартиб дод, ки барои тарбияи духтарон дар мактабҳо дастуруламали хуб ба шумор мерафт. 
Айнӣ дар давоми фаъолияти педагогии худ ба услубҳои гуногуни тарбия аҳамияти калон додааст. Ҳамчун нависанда ва маърифатпарвар бо кормандони рӯзномаҳои «Шуълаи инқилоб» ва баъдтар «Овози тоҷик» дар алоқаи наздик буд.  
Устод ҳамчун нависанда дар асарҳои бадеӣ низ мавзӯи тарбия ва ахлоқи ҳамидаро тараннум карда, онҳоро ба қуллаҳои баланди музаффарият ҳидоят кардааст. Агар хонанда аз очеркҳои таърихии «Исёни Муқаннаъ» ва «Чингизи асри 20» дар рӯҳи ватандориву ватандӯстӣ, душманбадбинӣ тарбия ёбад, аз қиссаи «Мактаби кӯҳна» усулҳои нодурусти таълиму тарбияро дониста мегирад.
Бале, дар Самарқанд барои навиштани асарҳои безавол ба устод шароити хуби эҷодӣ муҳайё буд. Бинобар ҳамин ҳам, тӯли солҳои 20-30-юми асри гузашта ба навиштани тазкираи хеле муҳим ва бузурги худ «Намунаи адабиёти тоҷик» ва чанд повесту романҳои таърихӣ муваффақ шуд. Устодро душманони атрофаш туҳмат карда, «аксулинқилобчӣ» гуфтанд ва дар рӯзномаҳои «Ленин йӯли» ва «Самарқанд» мақолаҳои танқидию таҳқирӣ эълон карданд. Ин ҳолатро устод дар мактубе, ки дар таърихи 8-уми майи соли 1938 ба номи Лоҳутӣ навишта ба Маскав фиристода буд, овардааст.
...«Фозили муҳтарам. Рафиқ Лоҳутӣ. Ман аризаи худро ба ҳоли тоҷикиаш ба шумо мефиристонам, ки дар вақти тафтиши кори ман ба Союз перевод карда ё маънияшро фаҳмонда хоҳед дод. Чунонки дар аризаи худ гуфтам, ман дар он хабарҳое, ки дар газетаҳо навишта шудааст, худро айбдор намекунам... Хулласи калом, аҳволи ҳозира ҳаминро нишон медиҳад, ки аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои беҳбудии кори ман умед нест. Танҳо умеди ман дар Москав, дар марказ дар Сека ВКП (б) мондааст... Бо салом ва эҳтиром Айнии бадбахт». (Матни пурраи мактуб дар бойгонии муаллифи мақола маҳфуз аст – Ҳ.Ҷ.)
Лоҳутӣ баъди гирифтани мактуби устод ба идораҳои дахлдори Москав ва шахсан Сталин бегуноҳ будани устод Айниро мефаҳмонад ва муваффақ мегардад, ки устод аз рӯйхати сиёҳ хориҷ карда шавад. 
Баъд аз ин қадар ташвиш ва саргардониҳои ҳаёт устод Айнӣ аз нав ба эҷод шуғл варзида, аз пайи навиштани асарҳои бузурги худ шуд. Ӯ «Дохунда», «Ҷаллодони Бухоро», «Мактаби куҳна», «Одина», «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» ва дигар асарҳои безаволи худро дар Самарқанд навишт. Онҳо аксар таърихӣ буда, хонандаро ба воқеа ва ҳодисаҳои беш аз садсолаи Бухорои шариф ошно мекунанд. Аз ин рӯ,  эҷодиёти пурбаракати устод аҳамияти калони ватандӯстиву ватандорӣ, озодихоҳӣ, маърифативу тарбиявӣ доранд.
Хулоса, мавқеи Садриддин Айнӣ ва эҷодиёти ӯ барои пойдории забони модарӣ, пешрафти кишвар, истиқлолияти Ватан, тарбияи ҷавонони мо имрӯз ва минбаъд ҳам басо бузург аст.

Ҳамза ҶӮРА, 
узви Иттифоқи 
журналистони Ӯзбекистон.

САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: