Имрӯзҳо хешу пайвандон, шогирдону мухлисон 100-солагии фарзанди фарзонаи Самарқанд, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1960), инсони хоксору ҳалим, серталабу сахтгир, ҳамзамон меҳрубону дилсӯз Болта Ортиқовро ҷашн мегиранд.
Ин марди заҳматкаш умри гиронмояи хешро барои густариши адабиёт ва тарбияи навқаламон бахшидааст.
Охири солҳои 66-уми садаи ХХ буд. Мо – се нафар ҳамсинфони қарину якдил, ки дар мактаби таълими умумии рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд таҳсил мегирифтем, пас аз дарси тарбияи ҷисмонӣ вориди бинои мактаб мешудем, ки нигоҳам ба як нафар хонандаи синфи боло афтод. Ӯ дар харак нишаста, саргарми мутолиа буду лабонаш моили табассум.
Аз он ки адабиёти бадеиро дӯст медоштам, ҳисси кунҷковиам боло гирифту рост назди ӯ рафтам ва китобро зери каш кардаму бо таҳдид гуфтам:
– Китобро аввал ман мехонам, баъд ту. Агар китобро додан нахоҳӣ, ба худат азоб мешавад, – ҷониби ду дӯстам ишора кардам, ки аллакай остин барзада, мушт гиреҳ намуда буданд. Ӯ хомӯш, имдодталабона ба атроф чашм давонду тарафгиру ҳимоягареро наёфта, хоҳиш кард:
– Илтимос, фақат варақҳояш надарад, соҳиби китоб дигар кас.
– Пагоҳ, дар ҳамин ҷо ва дар ҳамин вақт мегирӣ, – ваъда додам. – Мо ба амонат хиёнат намекунем!
– Фаҳмо.
Китобе, ки он рӯз гирифтам, қиссаи «Гули садбарг»-и нависанда Болта Ортиқов буд, ки онро дар як шаб хонда, ба соҳибаш баргардондам.
– Муаллифи ин асар аз Самарқанд, – ба чор тарафи китоб зеҳн монда фаҳмонд ҷавон. – «Полвон» ном қисса дорад, ки боз ҳам аҷибтар аст.
– Аз куҷо ёбам мешавад? – пурсидам.
– Аз дӯкони «Тоҷиккитоб»-и назди бозори Сиёб, – фаҳмонд вай ва илова кард:
– Дар он ҷо боз дигар китобҳо ҳаст.
Пас аз хатми мактаб майлу рағбат маро ба факултаи филологияи тоҷик овард. Маҳз солҳои донишҷӯӣ дар қабулхонаи ҷамоатии рӯзномаи «Овози тоҷик» бо бисёр эҷодкорони самарқандӣ, аз ҷумла ба муаллифи қиссаи «Гули садбарг» Болта Ортиқов шинос шудам.
Қалами умедбахш
Устод Болта Ортиқов соли 1924 дар маҳаллаи Боғи майдони ноҳияи Самарқанд (ҳоло шаҳри Самарқанд) таваллуд шудааст. Қиблагоҳаш ба писари ягона Болта ном гузошт, ки устувор, қатъӣ ва буррозабон бошад. Инчунин, пайваста аз «Шоҳнома» қиссаҳои аҷибро нақл мекард, то фарзандаш далер, росткор, дилёб ва вафодор ба камол расад.
Болта Ортиқов дар мактаб таҳсил гирифта, гоҳ-гоҳ бо эҷод машғул мешуд, шеъру ҳикоя менавишт.
Замоне ки Болта Ортиқов ба майдони адабиёт қадам гузошт, халқи мо навакак аз бори гарони ҷанги хонумонсӯзи фашистӣ озод шуда, бо рӯҳбаландии бемисл тамоми соҳаҳоро аз нав барқарор менамуданд. Ӯ баробари саҳмгузорӣ дар бунёдкорӣ, гоҳ-гоҳ шеъру ҳикояҳо менавишт. Нахустин ҳикояи ӯ «Сӯхтор» ном дошт, ки бо таҳлилу таҳрири Пӯлод Толис дар маҷаллаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») интишор ёфт.
Серталабӣ, сахтгирӣ, аммо маслиҳатҳои дилсӯзонаи Пӯлод Толис буд, ки вай бо қадамҳои устувор ба олами адабиёт ворид гашт.
Прототипҳои қаҳрамонони асарҳои ӯ аксар ҳамсолу атрофиёнаш буданд ва дар меҳвари навиштаҳои адиб ғояҳои муҳаббат ба Ватан, меҳнатдӯстӣ, ҷавонмардӣ, аҳду вафо ва дигар гуна хислатҳои неки инсонӣ қарор доштанд.
Болта Ортиқов баъди хатми факултаи забон ва адабиёти Омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд чанд муддат дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзгорӣ кард ва баъд ба сифати мудири шӯъбаи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», сипас хабарнигори рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба бисёр гӯшаву канори Тоҷикистон ва дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна сафарҳои эҷодӣ карда, очерку мақолаҳои проблемавӣ ва асарҳои бадеӣ навишт.
Асосан барои бачаҳо менавишт, ки маҷмӯаҳои «Овози ҷавонон» (1954), «Ҷиянҳои қишлоқӣ» (1958), «Конфетҳо» (1962), «Духтарчаи нағз» (1965), «Себи орухур» (1966), «Мактуби сегӯша» (1971), «Ҳандалак» (1973), қиссаҳои машҳури «Таътил» (1959), «Полвон» (1964), «Гули садбарг» (1966), «Бачаҳои Лолазор» (1975), «Дурдонаҳои Зарафшон» (1980), «Доғи хун» (1982), «Дандони тилло» (1982), «Достони Самарқанд» (1985), «Ҳирси одам» (1985), «Киштзор» (1987) ва ғайра аз он ҷумлаанд. Асарҳои мунтахаби якҷилдааш солҳои 1976 ва 1984 ба табъ расидаанд.
Китобҳои «Таътил» («Каникулы», 1963) ва «Полвон» (Неугомонный Насыр», 1975)-аш ба забони русӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.
Қаҳрамони қиссаи тарҷумаиҳолии «Полвон» дар маркази ҷӯшу хурӯши ҳаёти мураккаби замони ҷанг тасвир шудааст. Полвон номи саги чӯпонӣ мебошад, ки посбони ҳушёри чорво буда, садоқатмандии ӯ бо маҳорати баланд тасвир гардидааст.
Адиб ба муҳит, рафтору амалиёти мардум аз назари қаҳрамони асосӣ – Носир менигарад, ки хонанда диди хоси бачагони солҳои ҷангро равшану возеҳ ҳис кардааст. Носир писараки мушоҳидакор, орзупарвар, табиатдӯст тасвир гардида, ҳатто ба хонандагони рус писанд омадааст ва китоби «Неугомонный Насыр» дар Маскав ду маротиба бо теъдоди 100 ҳазор нусха чоп шудааст.
Маҷмӯаи повесту ҳикояҳои ӯ бо номи «Достони Самарқанд» соли 1991 дар нашриёти «Адиб» рӯйи чопро дид.
Қиссаи «Анҷири Боғи баланд» ба зодгоҳаш Работи Ғозиён бахшида шуд, ки нахуст дар рӯзномаи «Овози тоҷик», сипас дар Душанбе рӯи чопро дид. Дар нашриёти «Суғдиён» (Самарқанд) ба забони ӯзбекӣ нашр гардид, ки муҳаррир шодравон Ҷамол Сироҷиддинов буду мусаввираш раҳматӣ Даврон Сафозода. «Қисмати «Арки Амир Темур» низ ба ду забон интишор ёфта, зуд маҳбубият пайдо кард.
Дар арафаи 70-солагии нависанда Адаш Истад занг зада гилаомез гуфт, ки «Зоҳирҷон, шумо, ман, Маҳбуба Турсунова, Солеҳи Саид Мурод, Тошқул Азимзода, Мирсафо Камолӣ, Бахтиёри Ҷумъа, Ӯктами Иброҳим, Озод Ҳамидзода ва дигарон ба Болта Ортиқов даъвои шогирдӣ дорем. Пас чаро шумо – муҳаррири бахши тоҷикии телевизиони Самарқанд бо соҳибҷашн суҳбат ороста, пешкаши самарқандиён намекунед?»
Ин сухани Адаш Истад моро такон бахшиду рӯзи дигар наворбардор меҳмони хонадони Болта Ортиқов шудем. Гарчанд синни ӯ ба 70 наздик буд, намуди зоҳириаш ба паҳлавонони сангбардор шабоҳат дошта, бо қадамҳои устувор, бозуҳои дамида, синаи фарох ба пешвозамон баромад. Наворбардор Андрей пичирросзанон аз ман пурсид, ки қаҳрамони мо варзишгар аст ё соҳиби касби дигар?
Ман пурсиши ӯро ба Болта Ортиқов тарҷума кардам.
– О, додар, аз қаламзанӣ не, каландзанӣ, соҳиби чунин ҷисму тан ҳастам, – бо завқ даст ба боло бардошт мусоҳиби мо.
Баъд бо дархости Андрей устодро ба каландзанӣ, қайчӣ кардани гулбуттаҳо, ҳачча гузоштан ба дарахти анҷир ва дигар корҳои хоҷагии қишлоқ «маҷбур» кардем, ки тасвир боварибахш барояд.
Он рӯз сӯҳбати мо хеле тӯл кашид. Аз таҷрибаи тележурналистӣ борҳо шоҳид шуда будам, ки ҳангоми мусоҳиба аксарият баробари дидани микрофон ва дастгоҳи наворгирӣ даступо хӯрда, ҳатто аз ҳаяҷон гапашонро гум мекунанд. Бо Болта Ортиқов чунин ҳолат рух дод, аз ин рӯ, суҳбати мо ба охир нарасида, қуввати аккумулятори дастгоҳи наворбардорӣ тамом шуд. Ва баъди қатъ гардидани наворгирӣ устод озод ба ҳарф задан пардохтанд.
Баъди чанд рӯз мусоҳиба пахш гардид ва рӯзе дар қабулхонаи ҷамоатии «Овози тоҷик» дида ба дидор расид.
– Рафиқ Ҳасанзода, – устод бо ҳисси шодмонӣ маро самимона ба оғӯш кашиданд, – ман муаллифи беш аз сӣ китоб ҳастам, вале рости гап, баъди барномаи телевизионӣ чунон машҳур шудам, ки ҳатто дар маҳалла аз ҳафтсола то ҳафтодсола ба ҷойи салом мегӯянд, ки дирӯз шуморо тавассути «оинаи нилгун» дидем. Фаҳмидем, ки шумо китоб менависед, нависанда ҳастед.
– Устод, мо ҳамеша дар хизмати шумо, – гуфтам ва ваъда додам, ки боз ягон рӯзи дигар рафта, барномаи навбатиро омода мекунем.
– Не-не,– бо аломати инкор сар ҷунбонданд устод, – баъд аз дасти мардуми кунҷкову ҳангоматалаб ҷойи гурез намеёбем... Беҳтараш, дар 80 солагӣ боз меҳмони телевизиони Самарқанд мешавем.
Афсӯс, ки умр вафо накард ва устод дар 76-солагӣ чашм аз олами ҳастӣ пӯшиданд.
Баъди вафоти устод низ гоҳ-гоҳ меҳмони хонадонашон мешудем. Раҳматӣ ҳамсарашон Мубарро Қодирова зани кушодачеҳра ва меҳмоннавоз буданд, ки ҳатман то эҷодхонаи устод роҳбалад гардида, дар як дам дасторхон меоростанд ва зуд таоми хушхӯр – палав пухта назди шогирдон мегузоштанд. Писари устод Алишер низ вориси арзандаи волидон аст, ки анъанаҳои гузаштагонро пос медорад.
Тирамоҳрӯя як-ду бонка мураббои анҷир оварда мегуфт, ки «ин насиҳату васияти модари муқаддасам аст, гиред, хӯред, дуои хайр кунед».
Чанде пеш Алишер занг зад ва баъди ҳолпурсӣ сари мақсад омад:
– Якуми июн зодрӯзи қиблагоҳам. Ба ҳамин муносибат мехоҳам ёру дӯстон, хешу пайвандон ва шогирдони падарамро даъват намуда, рӯҳи қиблагоҳро шод кунам.
Чун дидам, Алишер одами баандеша, баодоб, сипосгузор, ботинан ва зоҳиран чун падараш шахси дорои маданияти баланд, поктинат ва нексиришт асту барои шод гардидани рӯҳи поки қиблагоҳ мекӯшад, мамнун шудам ва хотироти хешро ниҳоят мухтасар навиштам.
Умед аст, дар ҷашни зодрӯз дар атрофи як пиёла чой суҳбати дилнишину гуворо доир ба устод Болта Ортиқов ҷараён гирифта, хидматҳои шоёни ӯ барои адабиёт бори дигар қайд хоҳад шуд.
– Камина аз солҳои донишҷӯӣ бо устод Болта Ортиқов риштаи дӯстӣ баста, суҳбатҳои тӯлонӣ, дилнишин ва гуворо доштем, – гуфт адиби номдор Адаш Истад, – ҳар як навиштаи шогирдонро бо диққат хонда барои беҳдошти он маслиҳатҳои муфид медоданд. Дар қиссаи «Гули садбарг» нависанда як ҷавони шӯху бебок ва эркаи очаро, ки раҳгум зада, ба ҷинояткорон шарик мешавад, ба тадқиқ гирифтааст ва ӯ бо кӯмаки одамони нексиришт ба шахси ҳалиму меҳрубон, меҳнаткаш табдил медиҳад. Шояд аз ҳамин сабаб повест диққату эътибори адибону мунаққидонро ба худ кашид. Ба ғайр аз соддагӣ, равон, оммафаҳм будани забон, муайян будани характеристикаи қаҳрамонҳо, мустаҳкам будани риштаи сужет, самимӣ шудани таҳрир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки муаллим ба худ ва эҷодиёт бо нуқтаи назари танқид менигаристанд ва такрор ба такрор рӯнавис кардан дилгир намешуданд. Ана барои чӣ образҳои қаҳрамонҳои асосӣ – Амон, Шарифча, чойхоначӣ Ҳасанамак, Латофат ва ғайра табиӣ баромадаанд.
Бале, муҳити адабии Самарқанд, адабиёти тоҷикро, бе номи устод Болта Ортиқов тасаввур кардан мумкин нест.
– Он солҳо дар мактаби зодгоҳ муаллима будам, – хотироти худро нақл кард нависанда Маҳбуба Турсунова. – Дар хона будам, ки нобаҳангом талабае омада хабар дод, ки ду нафар «комиссия» омадаасту зуд ба мактаб рафтанам лозим будааст. Саросема ба утоқи кории сарвари мактаб ворид шавам, Болта Ортиқов ва дӯсти наздикашон Фазлиддин Муҳаммадиев чой нӯшида менишастанд.
– Мо ба ҷустуҷӯи шумо омадем, – якбора ба мақсад гузаштанд Болта Ортиқов. – Фазлиддин хостанд тавассути навиштаҳоятон не, бо шумо рӯ ба рӯ шинос шаванд.
Албатта, дар назди ду нафар адиби тоҷик нишастан ва чизе гуфтан ҳаяҷонбахш буд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.