Нависандаи барҷаста Саид Аҳмад, ки 100-солагиаш таҷлил мегардад, дар насри муосири ӯзбек мақоми ба худ хос дорад.
Нависандаи барҷаста Саид Аҳмад, ки 100-солагиаш таҷлил мегардад, дар насри муосири ӯзбек мақоми ба худ хос дорад. «Даштҳои қадрдон», «Ҳукм», «Уфуқ», «Сукунат» барин қисса ва романҳои ӯ дар хазинаи адабиёти халқи бародар ганҷинаи бебаҳоянд.
Бо шахсият, муомила ва муносибат низ ӯ намунаи ибрат буд. Тавре ҳамсари бовафояш Саида Зуннунова қайд карда, вай дар кӯча ва давраҳо одами ҳазлкаш, шӯху беғубор ба назар мерасид, аммо асное ба сари мизи корӣ нишаст, шоири лирик, носири ҷиддиро мемонд.
Маълум, ки ҳамсинн ва ҳамсафонаш Ҳ. Ғулом, А. Мухтор, Мирмуҳсин, Шуҳрат, Шукрулло, С. Зуннунова ҳам дар назм ва ҳам дар наср эҷод мекарданд. Саид Аҳмад дар ҷавонӣ як қатор шеърҳо навишта бошад ҳам, даъвои шоирӣ накардааст. Вале тавре ки адабиётшинос Умаралӣ Норматов зикр намуда, «ӯ дар наср чун шоир худро намоён сохт, ҳикоя, қисса, роман, ҳатто мазҳака ва ҳаҷвиёташ рӯҳи назмӣ дошта, намунаҳои насриаш чун шеър ҷарангос мезананд, беҳтарин ҳикояҳояш чун шеърияти дилангез мутолиа мегарданд».
Саид Аҳмад зодаи шаҳр аст, дар маҳаллаи Самарқанддарвозаи Тошканди азим ба дунё омадааст, вале бачагиаш асосан дар деҳоти атрофи шаҳр гузашт. Қобилияти расмкашӣ, ки дошт, ба деҳаҳо мебаромад, манзараофарӣ мекард. Ҳусни хати хуб дошт, раиси хоҷагиҳо аспсавор омада, ӯро бо худ мебурданд, то дар баровардани рӯзномаҳои деворӣ ва навиштани шиор ба матоъҳо кӯмак кунад.
Дар хотираҳояш навиштааст: «Касби рӯзноманигориро, ки интихоб кардам, бо супориши редаксияҳо ба вилоятҳои дуру наздик мерафтам. То пурра ба истифода супурда шудани сохтмони канали Тошсоқа дар Хоразм мондам. Гоҳ аз Чирчиқ, гоҳ аз Чуст, гоҳ аз Бухоро хабарҳо менавиштам, бахшида ба ҳаёти онҳое, ки заминҳои бекорхобидаро азхуд мекарданд, очеркҳо таълиф месохтам. Асное ГЭС-и Бӯзсув, канали Лоғон, Канали калони Фарғона, Канали Фарғонаи Ҷанубӣ ва ГЭС-и Фарҳод барпо мегашт, мухбирӣ кардаам, дар оғӯши ҳаёте, ки ҷӯш мезад, дар ҷабҳаҳои меҳнати бунёдгарона бо одаму олам шинос шудаам».
Бале, Саид Аҳмад ҳанӯз аз наврасию ҷавонӣ дар кӯраи меҳнат обутоб ёфт, таҷрибаи ҳаётие, ки он солҳо андӯхт, минбаъд дар тақдири эҷодиаш нақши равшан бозиданд.
Саид Аҳмад кадом чеҳраҳои намоёни адабро устод мешумурд, аз шогирдонаш маҳсули эҷоди кадом нависандагонро бештар меписандид?
Ман бо таъсири ҳикояҳои ҳаҷвии Ғафур Ғулом ба адабиёт ворид шудаам, таъкид сохта буд Саид Аҳмад. Баъдтар бо худи Ғ. Ғулом аз наздик шинос шуд, аз вай таълим гирифт. Пас он санъат ва маҳорати мухтасарбаёнӣ дар ҳикоянависӣ, суханони таҳдор гуфтан, ба торҳои нозуки дили китобхон ҳунари устокорона нохун заданро аз Абдулло Қаҳҳор омӯхт. Аммо ба тақлид дода нашуд. Бо азбарсозии маҳорати қаламронӣ ва санъаткориашон тавфиқ ёфт ва асарҳои ҷолиб офарид. Саъй сохт роҳи хоси эҷодӣ дошта бошад, услуби дигаронро такрор нанамояд.
Соли 1956 нависанда ба чӯлҳои Олтиариқи вилояти Фарғона рафт. Вай рӯзе ба савораи сиёҳҷурдае дучор омад, ки ӯро «гурги чӯл» меномиданд. Вай яке аз инсонҳое будааст дар чӯл, ки дар роҳи азхудкунии заминҳои бекорхобида фидокориҳо нишон дода ва ҳатто бо гург, шағол, хӯкҳои ёбоӣ, ки пеш меомаданд ё ҳуҷум мекарданд, афтударафт намудааст. Хост дар борааш чизе нависад. Вале образи «гурги чӯл» барояш ногувортар расид. Баъд қарор кард онро ба «уқоби чӯл» иваз намояд.
Ҳамин тавр, ҳикояи «Уқоби чӯл» тавлид ёфт. Ҳикоя дар «Ӯзбекистон маданияти» ба чоп расид.
Трилогияи «Уфуқ» (1964) воқеаҳои пеш аз давраиҷангӣ, давраи ҷанг ва баъдиҷангӣ дар Фарғонаро дар бар гирифтаанд. Чӣ дар кандани Канали калони Фарғона ва чӣ кушодани заминҳои нав дар водӣ, хусусан обёрии чӯлҳои Ёзёвон адиб шахсан иштирок карда, асосан воқеоти бо чашм дида ва аз забони шахсони аниқ шунидаашро муассир ба қалам гирифтааст.
Нависанда дар солҳои тӯфонии панҷоҳум ба табъид дучор гашт, азоби ҳабс ва бадарғаро кашид. Ба сифати узви гурӯҳи миллатгаро айбдор шуду дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон, дар лагери Ҷезқазғон ба шиканҷаи ҷисмонию рӯҳӣ гирифтор гашт. Ҳар чӣ аз сар гузаронд, баъдтар дар асараш «Маҷнуни чашмсиёҳ» (2002) ҳақиқати талхи ондавраинаро таъсирбахш баён намуд.
Солҳое, ки Саид Аҳмад чун «тарғибгари ғояҳои зарарнок» уқубатҳои табъидро дар лагерҳои сталинӣ аз сар мегузаронд, ҳамсараш Саида Зуннуноваро низ шиканҷа доданд. Ҳамчун завҷаи «душмани халқ» ӯро аз кор ронданд, чопи асарҳояшро боздоштанд, таъқиб намуданд. Бахшида ба воқеаҳое, ки дар солҳои пурошӯб зану шавҳар гувоҳ шуданд ва аз сар гузаронданд, ба наздикӣ филми телевизионии панҷқисмата бо унвони «Сабр ва садоқат» офарида шуд.
Саид Аҳмад, ки бо ҳикояҳои ҳаҷвиаш «Ханка ва Танка», «Дӯсти ман Баббаев», «Лаъли Бадахшон» чун юморист ном баровард, як қатор асарҳои саҳнавии мазҳакавӣ, интермедияҳои лабрез аз мутоибот низ офарид.
Драмаи ӯ «Исёни арӯсон», ки фарогири проблемаҳои оилавӣ, муносибатҳои модаршӯ ва арӯс аст, адибро боз ҳам шуҳратманд гардонд. Ҷуз спектакл, ки Театри академӣ-драмавии ба номи Ҳамза ба саҳна гузошт, бо ҳамин унвон филми бадеӣ ба сурат бардошта шуд.
«Исёни арӯсон» аз ҷониби ҳунарпешагони театрҳои Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон низ ба саҳна гузошта шуд.
Қисмате аз асарҳои соҳиби як қатор мукофотҳои давлатӣ, дорандаи орденҳои «Дӯстлик» ва «Буюк хизматлари учун», Қаҳрамони Ӯзбекистон Саид Аҳмад ба тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд.
Адиб бо «Овози тоҷик» ҳамкорӣ дошт, ҳикояҳояш дар баргардониши Ҷонибек Қувноқ дар саҳифаҳои он ба табъ мерасиданд.
М. ШОДИЕВ.