АДИБИ ҲАҚИҚАТНИГОР

Қарори Президент “Дар бораи ба таври густурда ҷашн гирифтани 80-умин солгарди зодрӯзи Нависандаи мардумии Ӯзбекистон Ӯткур Ҳошимов” ба ҳаводорони каломи бадеъ ва мухлисони адиб туҳфаи арзанда буд.

Қарори Президент “Дар бораи ба таври густурда ҷашн гирифтани 80-умин солгарди зодрӯзи Нависандаи мардумии Ӯзбекистон  Ӯткур Ҳошимов” ба ҳаводорони каломи бадеъ ва мухлисони адиб туҳфаи арзанда буд. Ҳамчунин, ин ифодаи арҷгузорӣ ба адибе буд,  ки бо осори мондагори хеш ба рушди насри  адабиёти муосири ӯзбек саҳми назаррас гузоштааст.
Ӯткур Ҳошимов дар насри адабиёти нимаи дуюми қарни ХХ ҷойгоҳи худро дорад. Нависанда ҳамеша, дар ҳама ҳолат саъю кӯшиш ба харҷ дод, ки дар навиштаҳояш сухани ҳақро бигӯяд.  Бо сиёсат нагаравид, муросокорӣ накард, адолати иҷтимоиро мизони таълифоти хеш қарор дод.
Ӯткур Ҳошимов моҳи августи соли 1941 дар мавзеи Дӯмбирободи ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд  дида ба дунё кушудааст.
Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон як муддат дар рӯзномаи “Тошкент оқшоми” бори мудири шуъбаро бар ӯҳда дошт. Дертар дар нашриёти Адабиёт ва санъати ба номи  Ғафур Ғулом ба ҳайси ҷонишини сармуҳаррир ифои вазифа кард.  Тӯли даҳ сол (1985-1995) бори сармуҳарририи маҷаллаи “Шарқ юлдузи”-ро бар дӯш дошт. Солҳои 1995-2005 раиси Кумитаи матбуот ва иттилооти Олий Маҷлис буд.
Маҷмӯаи ҳикояҳо ва қиссаву романҳои  ӯ  “Ҳавои биёбон”,  “Мардум чӣ мегӯянд”, “Бод мевазад”,  “Баҳор барнамегардад”, “Ба дили худ гӯш диҳед”,  “Корҳои дунё”, “Муҳаббат”, “Сафедорон барг бароварданд”,  “Як рӯзи деҳқон”, “Нур ҳаст, ки соя ҳаст”, “Квазарҳо”, “Дар байни ду дар”, “Умри дар хоб сипаришуда”... дар байни халқ маҳбубият пайдо кардаанд.
Драма ва мазҳакаҳои ӯ “Тӯй муборак”, “Садоқати инсон”, “Таъбид” дар саҳнаи театрҳои ҷумҳурӣ ҷойгоҳи сазовор доранд.  Метавон гуфт, ки китоби “Қайдҳо дар ҳошияи дафтар”-и нависанда аз китобҳои рӯйимизист.
Осори ӯ ба бисёр забонҳои гуногуни дунё, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ, тарҷума шудаанд.
Ҳукумати Ӯзбекистон хидматҳои нависандаро баланд арзёбӣ кард.
Ба Ӯткур Ҳошимов соли 1991 унвони Нависандаи мардумии Ӯзбекистон дода шуд. Ҳамчунин ӯ барандаи орденҳои “Ҳурмат белгиси”, “Меҳнат шуҳрати”, “Буюк хизматлари учун” мебошад. 
Миқрози аҷал риштаи умри нависандаи маҳбубро 24 майи соли 2013 гусаст. Вале зиндагии рӯҳонии ӯ идома дорад.  
***
Дар қарори сарвари мамлакат  алоҳида таъкид гардидааст, ки мероси адабии нависанда, ки ба рушди адабиёт ва фарҳанги Ӯзбекистон саҳми назаррас гузоштааст, бобати тарбияи насли ҷавон дар рӯҳи муҳаббату садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию умумиинсонӣ аҳамияти бузург дорад.
Дирӯз дар маросими мутантане ба ин муносибат дар Театри миллии академӣ-драмавии Ӯзбекистон бо иштироки нависандагон, шоирон, адабиётшиносон, алоқамандони каломи бадеъ, ҳамсар, фарзандон ва наберагони соҳибҷашн баргузор шуд, дар ин хусус ва дигар ҷиҳатҳои ба худ хоси адиби ҳақиқатнигор сухан ба миён омад.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки ҳаёт ва эҷодиёти адиби дӯстдоштаи халқ сазовори эътибору эътироф аст. Мушовири Президент Абдуҷаббор Абдувоҳидов гуфт, ки Ӯткур Ҳошимов ба маънои томаш нависандаи мардумӣ аст. Асарҳои ӯ ба ҳар як хонадони ӯзбекистонӣ ворид шудаанд. Барои абадӣ гардондани номи ӯ хеле корҳо анҷом дода шуданд. Ҳоло яке аз кӯчаҳои мавзеи Дӯмбиробод номи нависандаро дорад. Дар хонае, ки адиб дар он ба сар бурдааст, лавҳаи ёдгорӣ насб шудааст. Ходимони кино бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти адиб филми мустанаде офариданд.
Раиси Иттиҳоди нависандагон Сироҷиддин Саййид, адабиётшинос Иброҳим Ғафуров, нависанда Хуршед Дӯстмуҳаммад, ҷонишини директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Шуҳрат Ризоев ва дигарон доир ба принсипҳои эҷодӣ, сабку услуби ба худ хос, ҳақиқатнигорӣ, асарҳои саҳнавӣ, ҳамкориҳои нависанда бо ходимони театр, филмҳои аз рӯйи асарҳои адиб офаридашуда ва дигар ҷиҳатҳои ибратпазири ӯ ҳарф заданд.
Консерти устодони санъат, намоиши филмҳои мустанад ва саҳнаҳо бо иштироки актёрон ба шаби ёдбуди нависанда шукӯҳи тоза бахшиданд.
Дар поён ба муносибати ҷашни адиб тасмим гирифтем, ки ҳикояи пурмуҳтавои ӯро бо номи “Нова” пешкаши хонандагон гардонем.

БАХШИ АДАБИЁТ ВА ҲУНАРИ «ОВОЗИ ТОҶИК»
Ӯткур ҲОШИМОВ,    
Нависандаи мардумии Ӯзбекистон
НОВА
Оғози баҳор, рӯзи истироҳат буд. Аз ҷойи хоб дертар боло шуда, берун баромадам. Осмон чеҳраи гирифта дошт. Ҳангоми шустушӯ чашмам ба новаи лаби бом афтид, ки яклаба шудааст. Шояд бори барфро таҳаммул накардааст. «Агар боде тундтар вазад, канда мешавад», аз дил гузарондам...
То нардбони кундаланг “хобида”-ро бардошта ба лаби бом мондам, ки шушам ба ҳалқум омад: нам кашида, вазнин шудааст.
Баробари поро ба зинаи нардбон гузоштан, модарам аз айвон берун омада, рост ба чашмам нигариста гуфт: 
–Ба хайр, чӣ тараддуд дорӣ?  
–Ҳеч, – гуфтам бепарво даст афшонда. – Новаи гӯшаи бом каҷ шудааст, рост карданиям.
 – Бачам, чой монда будам, аввал нонушта мекардӣ...
 – Модарҷон,  баъди панҷ дақиқа.
Ин гуфтам ва бо нардбон боло шудам. Вақте ба бом баромадам, аз поин садои модарамро  шунидам, ки  бо нигаронӣ мегуфт:
– Эҳтиёт шав, по ба лаби бом нагузор!
Ба танг омада гуфтам: 
– Модар, хоҳиш мекунам, ба хона даро!
Тунукаи бом баробари қадаммонӣ зери по тарақо-туруқ садо медод. Ниҳоят сари новаи каҷ расидам. Ҳарчанд саъю кӯшиш ба харҷ медодам, хаёли  рост шудан надошт... 
Дар ноомади кор, борон ба боридан сар кард. Дар аввал қатрае чанд ба рӯ афтид, сипас “ҷон гирифт”. Лаби бом нишаста хостам бо ду даст новаро рост кунам, нашуд. Нова намехост рост шавад. Аз паст такрор садои модарам баланд шуд: 
 – Гӯш кун, бачам!
Назди нардмон омадам:
 – Чӣ мехостӣ, бигӯй?
 – Бачаҷонакам, бигир, инро бипӯш...
Дидам, ки  модар дар поён бо қомати хамида дар даст ҷомае меистод. Сарандози тунуку нимакаш тар шуда буданд.
Тоқатам тоқ шуд, ба танг омадам:
 – Чӣ бесабрӣ, модар!  Кӯдак нестам-ку? Гуфтамат, дер намеистам.
 – Борон шиддат пайдо кард. Либосат тунук, бачам, шамол мехӯрӣ!
 – Уф-ф, ту хона даро! Новаро рост кунам, поин мешавам.
Ин гуфтам ва такрор ба сари нова баргаштам. Аз ғояти хашм муште чанд ба тани нова задам.
Муддате пас аз поин садои писарам боло шуд:
 – Додо, додоҷон!
Базарда даст аз тунука гирифта, гуфтам: 
 – Чӣ мегӯӣ!?
– Бодбаракам дарид.
Дидам, ки писари ҳафтсолаам дар канори ҳавлӣ истодааст. Дар танаш курта, сарпӯше надошт, зери борон дарақ-дарақ меларзид. Зери пояш бодбараки лойолуду харобгашта қарор дошт. Бонг задам: – Хона даро, Фаррух! Шамол мехӯрӣ!
Кош, ба ӯ суханам асар мекард! Гоҳ ба бодбарак менигарист, гоҳ ба ман. Хашмам боло гирифт. Шитобзада  ба нардбон наздик шудам.
Вақте се-чор зина поин омадам, дидам, ки модарам ҳанӯз ҷома дар даст, мунтазири ман аст. Сарандози таршудааш ба мӯҳои сараш часпида буд...

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи 
А. СУБҲОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: