АДОЛАТ – ПОЙГОҲИ МУСТАҲКАМИ ДАВЛАТДОРИСТ

Солҳои охир дар бобати ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ қадамҳои қатъӣ гузошта мешавад.

Солҳои охир дар бобати ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ қадамҳои қатъӣ гузошта мешавад. Дар ин муддат қариб 50 қонун, қарор ва фармон маҳз дар ҳамин соҳа қабул гардид. Алалхусус, принсипи «як суд – як инстансия» ба ҳаёт татбиқ шуд, ки барои таъмини адолат, қонунмандӣ ва суботнокии қарорҳои суд маҳаки асосӣ  гардид.
Навгонии муҳим он буд, ки аз оғози соли 2021 се тоифаи судҳои дараҷаи вилоят – парвандаҳои шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва ҷиноӣ ба як суд муттаҳид ёфт.
Хӯш, ин навгонӣ барои мардуми Самарқанд, ки ба идораҳои ҳукуқу тартибот корафтода шуданд,чӣ дод?
Анҷумани матбуотӣ, ки дар бинои суди вилоят баргузор гардид, ба ҳамин масъалаҳо бахшида шуд. 
– Соли гузашта судҳои вилоят ба принсипи «як суд – як инстансия» амал карда, ба низоми нави шунавоии пешакӣ дар мурофиаи судӣ корбарӣ кардаанд. Дар натиҷа зарурияти баргардонидани парванда ба мақомоти тафтишот ва ё прокуратура, ки қаблан вуҷуд дошт, аҳамияти худро аз даст дод, – гуфт раиси суди вилоят Олим Ҳаитов. – Минбаъд бемалол тавассути онлайн дар мурофиаи судӣ ширкат варзидан мумкин.
Танҳо соли гузашта дар судҳои оид ба корҳои ҷиноии шаҳру ноҳияҳои Самарқанд 3909 парванда дида баромада шуд ва нисбати 3794 нафар ҳукми айбнома эълон шуд. Аз онҳо 49 нафар аз толори суд озод гардиданд.
Дар натиҷаи дар мурофиаи суд иштирок кардани вакилони маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кумитаи занон ба 183 нафар шахс ҷазои аз озодӣ марҳум накардан қабул гардид.
Инчунин дар анҷумани матбуотӣ раиси ҳайати судҳо Толиб Бойзоқов, раиси суд оиди корҳои шаҳрвандӣ Зафар Аллабоев, иқтисодӣ – Шӯҳрат Мамадиёров низ муфассал  ҳисоботи солона доданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: