Дар каломи раббонӣ ва китобҳои табаррук дар бораи шахсиятҳое, ки ҳам пайғамбар будаанду ҳам шоҳ аз раиятнавозию адолатпарвариашон маълумот вуҷуд дорад.
Дар каломи раббонӣ ва китобҳои табаррук дар бораи шахсиятҳое, ки ҳам пайғамбар будаанду ҳам шоҳ аз раиятнавозию адолатпарвариашон маълумот вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар бораи Юсуф (а), Довуд (а), Сулаймон (а) ... Чунончи, тӯли ҳафт соли гуруснагӣ дар Миср, Юсуф (а) шоҳ буд, ӯ ба серӣ хӯрок нахӯрдааст, то халқро фаромӯш накунад...
Дар як қатор асарҳо ба мисли “Таърихи Табарӣ”, “Сиёсатнома”, “Гулистон”, “ Баҳористон”... доир ба подшоҳон навиштаанд. Аз рӯйи чунин асарҳо мо метавонем шоҳро ба одилу ҷоҳил ҷудо кунем. Масалан, Хусрави Анӯшервон (ҳукмрониаш солҳои 531-579) дар китобҳо бо некӣ зикр карда мешавад, ки одилу халқпарвар будааст. Ҳатто пеш аз марг ба писараш Ҳурмуз “мардумро сарпараст шав ..., мардум решаи дарахт, шоҳ танаи он..., дарахт бо решааш мустаҳкам аст!” гуфтааст...
Умари Хаттоб (халифагиаш солҳои 634-644) дар таърих ҳамчун одилтарин халифа ном гузоштааст. Шаб дар кори давлатӣ шамъи давлатӣ, дар кори шахсӣ шамъи худашро фурӯзон мекардааст. Пеш аз марги Умар писараш гуфта, ки “мехоҳам дар шаби дувум ё сеюми пас аз фавт ба хобам дароӣ”...
Дувоздаҳ сол гузашт, баъдан ба хоби фарзанд даромад. Писар сабаб пурсид, халифа посух дод, ки “пуле вайрон будаву гӯсфандеро пой фурӯ рафта шикастааст, то кунун ҷавоби он додам”...
Муаррихон Амир Исмоили Сомониро “марди оқилу одил, мушфиқ ва соҳибраъю хуштадбир”, “подшоҳи ба ҳақиқат сазовор”... номидаанд. Бародараш дидорбинӣ омад, ки ҳокими дигар вилоят буд, дар тахт нишаста суҳбат дошт, шахсе ба қаср ворид шуд. Амир Исмоил аз тахт фаромада, бо ӯ суҳбат ороста, гусел карда ва боз ба тахт нишаст. Бародараш гуфт: ту шоҳ ҳастӣ, бояд аз тахт нафароӣ. Амир Исмоил изҳор дошт, ки ӯ донишманд аст ва “шарафи илм бузург аст!” Бинобар ҳамин “Бухоро ... ҷойи тулӯи ситорагон – удабои рӯйи замин ва маркази фузалои даҳр буд”... навиштаанд.
Зимомдорони золим низ кам нестанд. Аз рӯйи тадқиқоти Садриддин Айнӣ маълум мешавад, ки Ҳаҷҷоҷ 20 сол (солҳои 694-714) халифагӣ карда, назар ба ривоятҳо 120 ҳазор касро бо дасти худ куштааст. Миқдори бо фармони ӯ ва дар зиндон кушташудагону фавтидагон ҳисоб надорад. Маҳбусон тобистон дар зери офтоб, зимистон дар зери барфу борон мезистаанд...
Бо супориши пинҳонии Насруллоҳ, ки ҳокими Қаршӣ буд, аввал ба хӯроки падараш Амир Ҳайдар (1800-1826), сипас бародараш Мир Ҳусайн (76 рӯз ҳукмронӣ кард) заҳр омехта куштанд. Мир Умар ба тахт нишаст (камтар аз ду моҳ ҳукмрон буд), Насруллоҳ аз Қаршӣ лашкар кашид. Мир Умар гурехт..., пас аз 15 моҳ дар Қуқанд фавтид. Насруллоҳ ба тахти Бухоро нишаста (солҳои 1826-1860), се бародари дигар Зубайрхон, Ҳамзахон, Сафдархонро бо зану фарзандонашон кушт... Бо золимию қотилиаш дар таърих “Амир қассоб”, “Ботурқассоб” лақаб гирифт.
Қорун ҳалок шуд, ки чиҳил хона
ганҷ дошт,
Нӯшервон намурд, ки номи накӯ
гузошт!
Чанд соли охир давлати мо бо роҳи нав пеш меравад. Ин бунёдкориҳову тараққиёт бузургу назаррасанд. Бо роҳи нави пешгирифтаи Ӯзбекистон роҳбарони давлатҳо, ташкилотҳои ҷаҳонӣ... баҳои баланд медиҳанд. Роҳнамои ин роҳи душвор, вале пуршараф сарвари давлат Шавкат Мирзиёев мебошад. Соли аввали роҳбарӣ ӯ рӯ ба халқ оварда, солро “Мулоқот бо халқ...” эълон намуд, ки муждаи нек буд. Ба китобхонию маърифатпарварӣ даъват кард. Дар ҳама соҳа дигаргуниҳои назаррас ҷорӣ гардиданд. Бахшида ба рӯзҳои таърихиву ҷашнҳо мунтазам афви маҳбусон эълон шуда истодааст. Бо ҳамсоядавлатҳо муносибатҳои хубу дӯстона барқарор шуданд. Шаҳрвандони роҳгумзадаро аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ — Сурияву Ироқ баргардонид... Соли равон гарон омад. Аз рӯзҳои аввали бемории COVID-19 карантин эълон карда шуд. Сари вақт ба ноҳияҳои аз офати табиӣ зарардидаи Бухорою Сардобаи Сирдарё рафт. Халқро дастгирӣ намуд, таъкид кард, ки ба ҳама ёрии амалӣ расонида шавад... Боғи Ғалаба кушода шуд... Дар тадбири 75-солагии Ғалаба бар фашизм дар Маскав иштирок карда, пеш аз бозгашт ба хотири муҳоҷирони меҳнатии ӯзбекистонӣ, ки дар даст парчами Ватан доштанд, бо ишора ҷавоб гардонд.
Дар суханронӣ самимист. Дилсӯзона сухан мегӯяд.
Бигзор, солҳо ҳомии адолат бошад!
Ҷаҳонат ба кому фалак ёр бод,
Ҷаҳонофаринат нигаҳдор бод!
Маҳкам ҶАЪФАРЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.