АДОЛАТПЕША

Дар кишваре қозии адолатпеша боре бинобар парвандаи ҷиноии писарбачаи 15 сола кор мебурд.

Писарак аз дукон нон ва панир дуздида буд. Ҳангоми гурехтан оинаи яке аз тирезаҳои дуконро низ шикаста буд. 
Баъди фаҳмидани тафсилоти воқеа судя аз писарак мепурсад:
– Ҳақиқатан ҳам нону панир дуздидӣ, токчаи дуконро шикастӣ, барои чӣ? – пайи ҳам савол медод судя.
Писарак бо сари хам гунаҳкорона ҷавоб медод:
– Ҳа!
– Туро чӣ маҷбур кард?
– Муҳтоҷӣ.
– Харида хӯрӣ, намешавад?
– Пулам нест.
– Аз падару модарат чаро нагирифтӣ?
– Падарам нест, модарам бемор. Нону панирро барои ӯ дуздидам.
– Кор намекунӣ?
– Мошин мешустам. Барои кумак ба модарам ҳар гоҳ аз хӯҷаин ҷавоб мепурсидам, оқибат ӯ маро аз кор холӣ кард.    
Баъди саволу ҷавоб қозӣ ҳукмро эълон намуд: 
– Дуздӣ ҷиноят аст, аммо ба ин ҷиноят ҳамаи мо шарикем. Барои тарбияи фарзанд, ба роҳи рост ҳидоят намудани ӯ, таъминоташ, мо низ масъул ҳастем. Ҳоло ба ҳар яки шумо даҳ долларӣ ҷарима меандозам, – гуфт судя ва аввалин шуда худ аз ҷайб даҳ долларро бароварда бар рӯйи миз гузошта  боз илова намуд:
– Дукондоре, ки писараки гуруснамондаро ба полис супурдааст, ҳазор доллар ҷарима месупорад. Агар аз супурдани чунин миқдор саркашӣ намояд, дари дуконаш баста мешавад. Аз нондуздии кӯдакон ҷамъияти мо бояд шарм дорад.
То ҳол он қозии адолатпешаро чун рамзи адолат ва инсондӯст ба ёд меоранд.

Таҳияи Б. ФАРИШТА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: