АФКОРУ АНДЕШАҲОИ ҲАМОҲАНГ ДАР «ШОҲНОМА» ВА «ТЕМУРНОМА»

Президенти Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ҳангоми ташрифи давлатӣ ба Тоҷикистон аз минбари кохи «Борбад» ба аҳли олам гӯшзад карда буд, ки: « Ояндаи Тоҷикистон, ин – тақдири Ӯзбекистон! Тақдири Тоҷикистон, ин ояндаи Ӯзбекистон аст!»

Ин фармудаи сарвари кишварамон, ишора ба рӯзгорони қадим, ба макон ва замони рушди дарахти тамаддунест, ки дар марзу буми Мовароуннаҳр муғҷа баста гул карда буд. Ишора ба ҳамон «Ренессанси исломӣ»-ст, ки файласуфи немис Адам Метс таҳқиқ кардааст. Ва ин маҳсули фаъолияти муштараки тоҷикон ва ӯзбекҳост. Соҳиби дониши қомусӣ – Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш суханро аз «Гуфтор андар ситоиши хирад» сар карда, то офариниши олам, одам, офтоб, моҳ, ситоиши пайғамбар ва ёронаш,  таърихи зуҳуру суқути  чаҳор сулола ва 50 шоҳигарӣ, чанд муддат дар тахт будани ҳар кадоми онҳоро қаламдод кардааст. Ҳамчунин оид ба таърихи решаҳои хешутаборӣ ва пайванди қудою андагии турку тоҷик мулоҳиза рондааст, ки қобили қадр аст. 
Фирдавсӣ номатлуб будани тазоди Эрону Турон, турку тоҷикро дар он мебинад, ки ин ду қавм дар асл хешу таборанд. Аз ин ваҷҳ ошкоро гуфтааст, ки:
«Маро хешист, бо ӯ, ба хун».
Дар мавриди дигар, аз забони Исфандиёр, ки хеле пеш аз замони Фирдавсӣ гузаштааст, ба  қудою андагии турку тоҷик ишора мекунад.
Байт:  
Яке мардам, эй шоҳ, бозоргон,
Падар турку модар зи озодагон.
Чунонки пештар ишора шуд, чӣ  аҳди сомониёну чӣ аҳди кишваркушоиҳои Амир Темур ба тамоюли ваҳдату баҳамоии ин ду қавм нақши муҳим дорад. Арзи вуҷуди (гоҳе суқут) шоҳигарию хонигариҳои алоҳида низ ба ҳамин чиз вобаста буд. 
Осиёи Марказӣ, хусусан Мовароуннаҳр, ҳамеша диққати аҷнабиёнро ба худ ҷалб кардааст. Зеро ин минтақа дорои захираҳои гуногуни моддӣ ва пурарзиши маънавист. Дар ҳоле ки хешу табор  муттаҳид бошад, ба ҳама чиз қодир хоҳад шуд. 
Соли 1865 аз ҷониби лашкари генерал Черняев муҳосира шудани Тошканд, сипас тамоми хонигарии Қӯқанд, аморати Бухорою хоки Хоразм ва бо ҳамин роҳ ва услуб барҳам додани  ҳар  се давлатдорӣ бо қувваи лашкари сурх, нақшаи Пётри Кабир буд, ки то ҳанӯз ин ғоя дар топонимикаи Владикавказу Владивосток маҳфуз мондааст.
Бале, аҷнабиён кайҳо аз «Шоҳнома» хулоса карда буданд, ки ҳамоҳангии вожаҳои Эрону Турон гапи саҳл нест, инъикоси таърихи мушобеҳ, киноя аз хешутабории онҳост. Зеро Фирдавсӣ таъкид кардааст, ки зуҳури хусумат миёни Эрону Турон боиси харобии  минтақа хоҳад шуд. 
Байт: 
Аз Эрону Турон барояд хурӯш,
Ҷаҳоне зи хуни ман ояд ба ҷӯш.
«Шоҳномахонӣ» ва «Ҷангномахонӣ», аз достонҳои «Абӯмуслими Соҳибқирон» ва «Темурнома», ки то Инқилоби октябр давом кардааст, дар ташаккули худшиносию ваҳдат   байни туркизабону  форсигӯёни Мовароуннаҳр хеле таъсирнок буд. Дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша боҳам будаанд. Барои онҳо мансубияти забонӣ дуюмдараҷа будааст. Аҷиб он аст, ки ҳама худро мансуб ба миллати ислом донистаанд. Чунин ҳол то  аввалҳои инқилоб давом кардааст.
Соли 1972 дар Кобул, писари амири охирини Бухоро, шоир Олимӣ ва  ҳамшираи ӯ – сармуҳаррири маҷаллаи ҳамонвақтаи «Жувандун» худро «тоҷик» муаррифӣ карда буданд. Дар арафаи суқути аморати Бухоро ва солҳои аввали инқилоб аз тарафи Аҳмади Дониш фурӯзон шудани шамъчароғи  маорифпарварӣ (ислоҳот) низ самараи даст ба дасти ҳам додани ҳамин ду қавм аст. Зеро иштирокиёни ҳаракати «Ҷадидия» ва «Ҷавонбухориён», ҷадидони пештоз ҳама тоҷику ӯзбек буданд.   
Абдулло Ҳотифӣ, яке аз вузарои Бойқаро, ҷиян ва шогирди Абдураҳмони Ҷомӣ, аз наздиктарин дӯстони Навоӣ, бо истифода аз асноди муътамади таърихнавис Шарафуддин Алии Яздӣ, дар пайравӣ ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, бо навиштани роман-хроникаи «Темурнома» таърихи таъсиси сулолаи темуриёнро равшанӣ бахшидааст. Дар мадҳи сифоти Соҳибқирон ин тавр  овардааст: «Ҳазрати Султони ғозӣ, амири подшоҳнишон ва Хусрави Соҳибқирон, қутб ад-дунё вад-дин, Амир Темури Кӯрагон: Худованди Руму худованди Чин, Худованди Эрону Туронзамин».
Манбаъҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки  Соҳибқирон  шахси фозил буд, овози ғарро, қироати марғуб дошт, ҳофизи Қуръон ва қорӣ ҳам буд. Аз анвои варзиш ба шоҳмот, аз китобҳо ба «Шоҳнома» майли хосса дошт.  
Се фазилати Амир Темур дар се амали ҳаёти ӯ зуҳур кардааст. Дар шамшери ӯ ҳак шудани ибораи «Ростию растӣ», чун рамзи адлу инсоф аз шарофати Қуръони карим аст. Дар юришҳо соҳибзафар будани вай аз шоҳмот низ аст, ки дар ҳар ҷанг аз коркарду услуби (тактика) нав, чунонки дар бозии шоҳмот ба кор мебаранд, истифода кардааст. Шак овардан душвор, ки иродаи рустамона, афкори фирдавсиёнаи ваҳдати турку тоҷик ба Амир Темур аз «Шоҳнома»  гузаштааст.  
Як ҷиҳати безаволии «Шоҳнома» дар он аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ, рамзи давлатдории Оли Сомонро нек идрок ва таҷассум кардааст. Имрӯз метавон дарк намуд, ки дар «Шоҳнома» аҳдофи Оли Сомон,  чун гули орзу  муаттар аст ва дар «Темурнома» ҳамин орзу чун офтоб нурафшон шудааст.  
«Шоҳнома», зимни инъикоси мавзӯи ватанпарварӣ нисбати Эронзамину Туронзамин   чароғи худшиносӣ равшан намуда, ҳисси ифтихор ҷоннок сохт. Зеро аз як реша ва  як беша баромадани эшон, ҳамхун будани онҳо, минбаъд ба ҳам қудою анда гашта, бори таърих як ҷо ба дӯш бурдани эронию турониҳо аз забони Фирдавсии бузург ба исбот мерасад. Ин амал соҳиби маданияту маърифат ва фарҳанги муштарак буданашонро ба субут мерасонад.  
«Темурнома» дар пайравӣ ба «Шоҳнома» эҷод шудааст. Ҳамоҳангии муқаддима, ки бо наът сар шуда, муддати дар тахт будани шоҳони гузаштаро фаро мегирад ва ба бобҳои алоҳида ҷудо мешавад, ба ин далел аст.. Дар «Шоҳнома», масалан, ҳар боб (фасл)-ро ба номи «достон» ёд кардани Фирдавсию Ҳотифӣ як ҷиҳати ҳамоҳангӣ бошад, ҷиҳати дигари иртибот дар ғоя маҳфуз ва таҷассум мегардад, ки дар ин хусус қаблан ҳам иброз дошта будем. Масалан, «Достони ҳафт хон» ва «Ситоиши подшоҳ Маҳмуд»-ро (ин ҷо «хон» ба маънои дасторхон меояд) гирем, чунин услуб (ба тариқи достон номгузорӣ шудани фаслҳо) дар «Темурнома» ба пуррагӣ кӯчида, номи  «достон» дар болои сари ҳама лавҳа (боб)-ҳо дида мешавад. Ифодаи «Ҳафт хони Мозандарон» ҳам дар ҳар ду асар ҷой дорад. Дар «Темурнома» «Достони рафтани Мироншоҳ ба ҳафт хони Мозандарон» ба маънои ҳафт монеа ё воқеа корбаст мешавад.
Дигар унсури мушобеҳ он аст, ки ҳангоми баёни воқеъа, тасвири ҳаводис, ривоятҳои асотирӣ, образҳои ҷин, деву парӣ, афкори «илми ғайб» ва «илми ладунӣ» қаламдод шуда, бадеияти асарро рангин намудааст. Инчунин макони тасвири воқеаҳо, номи кишвару шаҳрҳо, ағлаби номи образҳои асотирӣ ва симоҳои маъруфи тасаввуф ва таърих, иддае аз топонимикаи ҳар ду асар,  мушобеҳанд.  
Аз сар то охири «Шоҳнома» рӯҳияи ваҳдат, қудратманд дидани Эрону Турон эҳсос мешавад. Чунонеки дар байти зерин омадааст: 
Ба Эрону Турон туро шаҳ кунам,
Зи ту дасти бадхоҳ кӯтаҳ кунам.
Масъалаҳои муносибати турку тоҷик дар фаъолияти  қаҳрамонҳои асар низ ба ҳамдигар наздик ва мушобеҳ тасвир ёфтааст.  

Маъруф ОТАХОНЗОДА, 
Журналисти шоистаи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: