Дар Бразилия чемпионати ҷаҳон оид ба шатранҷ дар байни наврасон ба поён расид, ки намояндаи кишвари мо, устоди варзиш Афрӯзабону Ҳамдамова дар байни духтаракони то 16-сола қаҳрамони ҷаҳон гардид.
Вай аз 10 бозӣ 9,5 хол ба даст оварда, ба шоҳсуфаи баланд баромад ва ба ифтихори ӯ парчами Ӯзбекистон алвонҷ зада, мадҳияи мо танинандоз гардид.
Чанд рӯз пеш ӯву падари бузургвораш, устоди нахустин, такягоҳу маслиҳатгараш Акбар Ҳакимов ба Ватан баргаштанд.
Мо Афрӯзабонуро аз номи мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» табрик гуфта, ба чанд пурсиши хеш ҷавоб гирифтем.
– Мо бо аҳли оила хеле сипосгузорем, ки соли гузашта низ баъди дар Италия қаҳрамони нахустин дар байни бонувон шуданам, маҳз ҳамин нашрия доир ба ғалабаи банда навишта буд ва имрӯз боз муборакбодӣ шунидан насибам гашт.
– Афрӯзабону, талош барои пирӯзӣ чӣ тавр гузашт?
– Дар пойтахти Бразилия аз 62 кишвари ҷаҳон 527 нафар даъвогарон ҷамъ омаданд. Рости гап, аз чемпион шудан, онро ҳимоя кардан душвортар будааст. Ба қавле «набардҳои шадид» рӯи тахтаи шоҳмот бо устодони соҳибтаҷриба чун Лайло Табермакова, Мритика Малика ва хосатан Монтано Гвалемуне ниҳоят душвор, ҷиддӣ ва пурзаҳмат гардид, ки бо ӯ вохӯрӣ бо дуранг анҷомид.
Дар лаҳзаҳои фароғат бо падарам, устодам аз Русия – гроссмейстери байналхалқӣ Алексей Древнёв шабзиндадорӣ карда, бозиҳои рақибонро таҳлил карда, роҳи пирӯзӣ ҷустуҷӯ намуда, ниҳоят ба муроди дил расидам.
– Ана баъд лаҳзаҳои ширину фараҳбахш ва таърихӣ фаро расид?
– Оре, вақте ки ба шоҳсуфаи баланд баромадам ва ба шарафи ғалаба парчами кишвар алвонҷ зад ва мадҳияи Ӯзбекистон танинандоз гардид, беихтиёр аз дидагони ман ва падарам ашки шодӣ рехт.
Бояд таъкид намуд, ки солҳои охир аз ҷониби Президенти мамлакат якчанд қарору фармон доир ба ривоҷу равнақи шоҳмот эълон шудааст, ки бешубҳа ба мухлисони бешумори шатранҷ рӯҳи тоза мебахшад.
– Нақшаҳои оянда?..
– Моҳи декабр дар пойтахти Амрико чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот дар байни калонсолон хоҳад шуд. Гарчанде ман дар байни духтаракони то 16-сола қаҳрамон шудаам, аммо дар байни калонсолон низ қувваозмоӣ мекунам. Аввало, мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ сайқали истеъдод аст, сонӣ аз номи Ӯзбекистон иштирок намудан шарафи бузург мебошад.
Ҳоло рейтинги ман 2 ҳазору 354 холро ташкил медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ хеле баланд аст.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.