Дар курси дувуми донишгоҳ фанни адабиётшиносӣ меомӯхтем.
Дар курси дувуми донишгоҳ фанни адабиётшиносӣ меомӯхтем. Боре устоди ин фан Абдулҳай Маҳмадаминов дар қатори бисёр асарҳо, китоби олими шинохта Юрий Бобоев “Муқаддимаи адабиётшиносӣ”-ро тавсия намуд ва таъкидан иброз кард, ки ҳангоми санҷишу имтиҳонҳо бештар аз ҳамин китоб пурсида хоҳад шуд. Мо аз пайи дарёфти ин китоб шудем. Воқеан, ин китоб дар он рӯзгор ягона асаре буд, ки донишҷуёни риштаи забон ва адабиёти тоҷик аз рӯйи ин асари олим сабақ гирифта, санҷишу имтиҳон месупориданд. Рӯзе ҳангоми дарс устоди мо дар бораи камбудиҳои китоби мазкур сухане чанд гуфт. Ин дам як нафар шарикдарсамон суол кард, ки пас чаро хондани як китоби пур аз хаторо ба донишҷӯён тавсия мекунанд. Устод бо як тамкинии ба худ хос иброз намуд, ки олимони ин соҳа рӯзҳои наздик дар бораи ин асар андешаҳои хешро иброз хоҳанд дошт. Аҷаб муҳити карахту гунге моро фаро гирифта буд он солҳо.
Баъзеҳо сояи худро дида як қад мепариданд. Ҳалолаш бод, оне, ки дар ҳамон даври «каҷдорумарез» умр ба сар бурдааст. Дар он солҳо оиди ин асар тақризи калонҳаҷме дар маҷаллаи “Садои Шарқ” бо имзои Ҳасани Муҳаммадӣ дарҷ гардид.
Онҳое, ки он замон ташнаи чунин рӯшодгӯиҳо буданд, бо шавқу завқ ин мақоларо мехонданду ба муаллифи он аҳсан мегуфтанд.
Ва онҳое, ки чанде пеш дасти муаллифро маҳкам дошта, ба рӯяш чоплусона бӯса мезаданд, ниқоб ба руй кашида, аз сафи танқидчиён ҷой мегирифтанд. Баъди чопи ин мақола китоби мазкурро бо қарори махсуси Вазорати таълими мактабҳои олии Тоҷикистон аз барномаи таълим хориҷ кардаанд.
Боре муаллифи мақола Ҳасани Муҳаммадиро дида, дар ин бора пурсон шудам.
– Рӯзгоре дар курсҳои аввал ва дувуми риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгорӣ машғулот мегузарондам, – нақл карда буд Ҳасани Муҳаммадӣ. – Боре аз дасти донишҷӯе ин китобро гирифта хондам. Китобро мехондаму ба худ суол мекардам, ки олимон чӣ хел онро ба чоп тавсия кардаанд. Наход аз нуқсонҳои китоб чашм пӯшида бошанд? Чӣ мегӯед, ки азоби виҷдон маро ором намегузошт. Агарчӣ банда дар ин донишгоҳ ҳамчун унвонҷӯ кору фаъолият доштам, бо Ю.Бобоев якҷоя кор мекардам. Зуд аз пайи навиштани ин мақола шуда, онро ба шуъбаи адабиётшиносӣ ва танқиди маҷаллаи “Садои Шарқ” супоридам. Навиштаро кормандони маҷалла хонда маъқул шумориданд.
– Дар муҳити адабӣ, – суханашро идома дода гуфт Ҳ.Муҳаммадӣ, – оиди мавзӯъ баҳсҳои пурҷӯшу хурӯш идома меёфт. Ҳама моро табрик мекарданд, вале пас аз чанд рӯз муҳокимаи кори илмии мо баргузор гашт.
Баъди ошноӣ бо кори илмӣ Ю.Бобоев ва ҳамфикронаш ба сари банда мағзоба рехтанд. Ҳарчанд ба саволҳои эшон ва дигарон ба далелҳои раднопазир ҷавоб медодам, вале онҳо ҷавобҳои моро ба як пули пучак намегирифтанд. Чӣ мегӯед, ки оқибат мо мисли олими шинохта – Набиҷон Сатторӣ “Рудакӣ, Фирдавсӣ номзади илм набуданд” гуён аз олимшавӣ даст кашидем. Пас аз чанде ба рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ба кор гузаштам.
Солҳои 70-уми асри гузашта шоир Ғоиб Сафарзода ҳамчун шоири боистеъдод шинохта шуда буд. Ӯ бо шеърҳои тозаи хеш дар арсаи адабиёти навини тоҷик қадамҳои умедбахш мегузошт. Хусусан, навҷӯиҳои вай ба хонандагони сершумор ва аҳли адаб хеле писанд афтода буд. Шоир дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба ҳайси рӯзноманигор кору эҷод мекард. Солҳои авҷи карахтӣ гом мезад. Вале ӯро ба ин вазъияти номутаносиби давр парвое набуд.
Гоҳ-гоҳ барои рӯзнома оиди мушкили доғи давр мақолаҳои танқидӣ менавишт. Хусусан, мақолаҳои ӯ дар бораи номгузориҳои кӯчаҳо, маҳалҳо, ки саросар ба номи соҳибмансабони бегона гузошта шуда буд, ҷолиб буданд.
Шоир Ғоиб Сафарзода ҳамзабонони хешро ба ҳушёрӣ, қадршиносӣ, посдории забону миллат тарғибу ташвиқ мекард. Шоир дар ин давр гӯё дар даст зангӯлаи бедорӣ дошт.
Дар як рӯзи тирамоҳӣ дар айни авҷи эҷод ногаҳон ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ғӯрамарг мешавад. Марги нобаҳангоми шоир мухлисонашро дар банди ғаму андӯҳ гузошт. Баъди чанд соли ин воқеа, бо ибтикори шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ маҷмӯаи шеърии ӯ рӯйи чопро дид. Мунаққиди нуктасанҷ Ҳасани Муҳаммадӣ дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” мақолаеро дар бораи ҳаёту фаъолияти ин шоири боистеъдод бо номи “Ба ҳукми сабзаи навдамида” эълон мекунад. Мақолаи номбурда аз ҷониби мухлисон ва аҳли адаб хеле хуш пазируфта мешавад. Мусанниф эҷодиёти шоирро хеле хуб омӯхта, пасон қалам ба даст гирифта буд. Ёд дорам, ин мақоларо тамоми донишҷӯёни факултаи мо хонда, дар бораи ашъори шоир ва навиштаҳои муаллифи мақола баҳсҳо мекарданд. Рӯзномаи “Адабиёт ва санъат”, ба гумони банда, он солҳо минбари озоди мунаққидон ба ҳисоб мерафт.
Дар саҳифаҳои он Ҳасани Муҳаммадӣ баҳсҳои илмиро бештар ҷой медод. Агар яке асари нависандаеро зери тозиёнаи танқид гирад, муаллифи дигар, баръакс, он асарро таърифу тасниф мекард. Ва худи мунаққид Ҳасани Муҳаммадӣ бошад, андешаҳои ин ҳарду мунаққидро ҷамъбаст карда, хулосаҳои дақиқи хешро баён менамуд. Дар навбати дигар мунаққид дар бораи муҳити адабӣ, фаъолияти эҷодии ин ё он шоир ё нависанда мақолаҳои ҷолибе менавишт, ки бемуболиға нигоштани ин гуна тақризҳо аз дасти на ҳама олимони унвондор меомад.
Нависанда ва мунаққид Ҳасани Муҳаммадӣ дунёи худ ва дар навиштани мақолаҳои илмӣ, ҳикояҳои хурду бузург услуби хоси худро дошт. Ёд дорам, соли 1989 дар ду саҳифаи рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ҳикояи ӯ бо номи “Афсонаи дил” рӯйи чопро дид. Ҳикоя бо забони шево нигошта шуда, он аз қисмати як тан марде, ки дур аз Ватан кору зиндагӣ дошт, қисса мекард.
Боре Ҳасан ба банда занг зада хоҳиш кард, ки ду ҳикояашро дар силсилаи “Хонишҳои адабӣ” ҷой диҳад. Банда, ки он замон мудири шуъбаи очерк ва публисистика радиои Тоҷикистонро ба дӯш доштам, нависандаро рӯзи дигар ба идораи радио даъват намудем. Ҳар ду ҳикояро ба нақшаи эҷодии шуъба ворид карда, нусхаи чопи онҳоро ба дасти нотиқи волосухан Хайрулло Иброҳим дода, хоҳиш кардем, ки бо диққат хонад. Бад-ин тариқ, ҳарду ҳикоя дар силсилаи “Хонишҳои адабӣ”-и радио сабт карда шуд.
Ҳасани Муҳаммадӣ муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои “Афсонаи дил”, “Дарёи ғазалхон”, “Қатраборон” ва мақолаҳои илмию адабии “Эъҷози сухан” мебошад. Эҷодкоре буд, ки зодгоҳи худ Дарбанди куҳан, дашту кӯҳсорҳои афсонавии онро дӯст медошт. Ӯ ҳар баҳор дар фасли арӯси сол, ба деҳа меомад. Шефтаи ёру диёру сабзаҳои навдамида буд. Зебоиҳои нотакрори табиату зиндагиро ба риштаи тасвир мекашид. Афсонаҳое менавишт, ки касро афсун мекарданд...
Сад афсӯс, ба ин эҷодкори афсунгар умр вафо накард, ӯро бо ҳазорсолагон сар ба сар кард.
Нуралӣ РАҶАБ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.