АФСОНАНАВИСИ РАҚАМИ ЯК

Ҳар халқ, ки соҳиби тамаддун ва арзишҳост, афсонаҳо дорад.

Ҳар халқ, ки соҳиби тамаддун ва арзишҳост, афсонаҳо дорад. Чи қадар ширин, гуворо, ҳаяҷонбахш будани афсонаҳои халқи тоҷик низ ба касе сир нест. Адибони афсонапардоз низ ҳастанд, ки қалби хонанда ё шунавандаро чун санъатвари баҳунар тасхир месозанд. 
Дар адабиёти ҷаҳонӣ Ханс Кристиан Андерсен жанри афсонаро ба дараҷаҳои баланд баровард. Бахт ва шаъну шуҳрате, ки ба ин афсонанавис даст дод, ба ҳар кас ҳам насиб намекунад.
Бале, ҳамчун адибе, ки дар тамоми дунё асарҳояш нашр мешаванд, вай хушбахт буд. Вале ҳаёти шахсиаш чи тавр гузашт? Инсоне буд бас кушодадил, хушсуҳбату самимӣ. Чун мусиқии маҳину дилкаш, мегӯянд, ҳар садои нармаш нозуктарин торҳои дилро ба ларзиш меовард. Гӯё сеҳр шуда бошанд, бачаҳову наврасон бо даҳони воз ба рӯяш нигариста, хаёлан дар олами мӯъҷизаомези романтика ва хаёлоти рангин сайр мекарданд.
Зимнан, баробари кӯдакон Андерсенро калонсолон низ дӯст дошта, ҳамсуҳбатиаш орзу менамуданд. 
Вохӯрӣ бо ӯ гӯё воқеаи муҳим ҳисоб меёфт дар ҳаёташон. Аз қитъаҳои гуногун дӯстдорони адабиёт хоҳиш мекарданд, Андерсен ба диёри онҳо ояд, вохӯриҳо гузаронад. «Мо ба дидори шумо муштоқ», – нома мефиристоданд онҳо.
Илтимосҳо рад намешуданд. То имкон ҳаст адиб ба ҷойҳои таклифшуда мерафт, мулоқотҳои эҷодӣ мегузаронд. Адиби ҷаҳонгашта дар давоми сафарҳояш бо Ҳенрих Ҳейне, Александр Дюма, Виктор Гюго барин бузургворони олами адаб вохӯрд, дӯст шуд. Шабҳои туманолуди Лондонро бо нависандаи номии англис Чарлз Диккенс сайр кард. Оҳангсозони барҷастаи Аврупо Вагнер, Шуман, Россини, Лист ва дигарон аз асарҳои худ барояш намунаҳо иҷро сохтанд.
Оноре-де-Балзак ӯро меҳмон намуд, раққосаи афсонавӣ Рашел низ ӯро самимона пазируфт. Ҳамин давр, Андерсен як қатор кишварҳои Европа, Осиё ва Африкаро давр зада баромад. Ташрифи ӯ миллионҳо дӯстдорони адабиётро таассуроти нек бахшид. 
Вале  он гуна, ки мегӯянд, азоби роҳ – азоби гӯр. Бо вуҷуди ҳамин ба ҳар гуна душвориҳои сафар дар шароити асри XIX тоқат намуд. Чун як даҳон сухани хуш шунид, тамоми ранҷ ва кӯфтагиҳо фаромӯш месохт. 
Аснои яке аз сафарҳо дар сарзамини Италиё воқеаи аҷиб рӯй дод. Шабҳангом ба аробае савор шуд, ки ба он як гурӯҳ камбағалдухтарон нишаста буданд. Аробакаш бо мақсади сарфаи пилтаву сӯзишворӣ фонусро хомӯш кард.
Аробанишастагон якдигарро намедиданд, роҳи дарозро бо ҳазлу шӯхӣ давом медоданд. Андерсен ба суҳбат ҳамроҳ гашт, камбағалдухтарони дар остонаи балоғат ва қадрасро шумо «хонумҳо», «фариштаҳо», «зебоҳо», гӯён ба осмони ҳафтум бардошт. Ҳаёти ояндаи ҳар кадоми онҳоро ба таври худ башорат намуд. Бахт дар пеш, ба ҳар яки шумо, гулдухтарон, ҳаёти саодатнишон насиб карда, бо шоҳзодаҳои худ ба манзили мурод мерасед, гуфт вай бо меҳру самимияти баланд. Духтарон аз суханони пурҳарорати Андерсен об шуданд, масту махмур гаштанд. 
Асное ба манзил расиданд, шавқ ва эҳсоси пурхурӯш пинҳон дошта натавониста, адибро як-як ба оғӯш кашиданд, аз рӯяш бӯсида, барояш миннатдориҳо изҳор сохта, аз ароба фуромаданд. Хайрухӯши самимонаи онҳо як умр дар хотираш нақш баст. Баъдан чун он воқеаи масарратбахшро ба ёд овард, ашк дар дидааш чарх мезад.
Бонувон ва Андерсен...
Бӯсидан он сӯ, то он вақт зан ё духтаре ба вай наздик нашуда буд.
Хайрият ҳам торик буд, ба «ҳусн»-и вай духтаре эътибор нанигаронд. Агар рӯи ӯро медид...
Ба аҳволи танг афтоданҳо дар ҳаёташ бисёр рӯй додааст. Аз ҷавонӣ «безебии» худ ҳис мекард ва ботинан азоб мекашид. Чун лайлак қаддароз ва лоғар, манаҳдароз ва биникаҷ... Ҳанӯз дар бачагиаш масхара мекарданд. Дар он гуна лаҳзаҳо вай худро ба саги дайду қиёс мекард, ки ҳама ҷонибаш санг ҳаво медиҳанд.
Ба иншои қиссаҳои ғамангез шурӯъ кард. Ҳаёт ба чашмаш чун афсонаи маҳзун ҷилва менамуд. Дар афсонабофӣ бошад нафаре ба вай баробар шуда наметавонист. Маликаи барфин буд яке аз персонажҳояш, ки қалбаш яхбаста, бисёр бешафқат аст. Ва боз Дюмовочкаи ҳамчун гул нозуку нафис, Парии обӣ, Гердаи мағрур, Кейи сиёҳбахт ва ғайраҳо. Мегӯянд, хеле ширин буданд меваҳои тар ва тозаи олами тасаввуроти Андерсен, айни замон тахайюлоти бадеиаш басо ғамангез.
Мурғобичаи назарногире низ қаҳрамони яке аз афсонаҳои ӯст. Мехоҳад дар осмонҳо чун уқоб парвоз кунад сокини як кӯлча. Орзуҳояш баланд ва олӣ, вале дастнорас. Чун дархостҳои дили Андерсен, ки афсонаҳояшро дӯст доранд ҳам, ба вай наздик шудан намехоҳанд.
Дар ҷавонӣ духтареро дӯст дошт, вале ӯ бойбачаеро маъқул шумурд. Баъд ба хонуме ошиқ шуд. Вале ин дафъа низ муҳаббаташ яктарафа. Дар миёнсолӣ ба Йенни ном овозхони машҳур, ки «булбули швед» мегуфтанд, дил баст. Табиист, ки Йенни ҳатто нимнигоҳ наафканд. Ба ғусса печид Андерсен.
Чун адиб вай бахтнок буд, гуфтем дар оғози сухан. Вале мешуд, ки аз бебарории баъзе асарҳояш хуни дил хӯрад. Масалан, «Роҳзанҳои Виссенберг», «Оҳангсози танҳо», «Хаёлпараст» барин романҳояш чандон шуҳрат наёфтанд. Аммо рӯҳафтода намешуд. Менавишт ва менавишт.
Мегуфт: «Мебинед, ман рӯзе нависандаи рақами яки Дания мешавам».
Воқеан ҳамин тавр гардид. Ҳатто афсонатирози рақами аввал дар адабиёти дунё эътироф гашт. Ҳанӯз асное, ки ҳаёт буд, ба қаҳрамони афсонаҳо, ба «афсонаи зинда» табдил ёфт. Баробари худаш ба якчанд қаҳрамонҳояш, аз қабили Парии обӣ, Маликаи барфин, Клаусҳои хурд ва калон ҳайкал гузоштанд.
Ба афсонаҳояш танҳо хурдсолон не, калонсолон низ таваҷҷӯҳ мекарданд ва мекунанд. Баъди яке аз тантанаҳои бузург дар доираи ҳукуматӣ, ки ба фаъолияти ин нависандаи бузург бахшида шуда буд, адабиёти Дания талафоти калон дид. Шаби 4 августи соли 1875 Андерсен аз ҷашни худ  сармаст ба хонааш баргашт. Ба болин сар ниҳоду хобаш бурд. Дигар барнахест.

М. МАҲМУДҶОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: