АФСУНИ ҲУНАРИ САРОЯНДА

Кайҳо боз Матлуба Дадабоева орзу дошт, ки бинобар даъвати дӯстони даври мактабиаш ба Варзик равад, вале ин орзуи нек иҷро намешуд, зеро ӯ бо баромадҳои саҳнавӣ, дарс дар Донишкадаи маданияти Тошканд, ташвишҳои рӯзгор ва ғайра банд буд.

Вақт намерасид. Ниҳоят он фурсати деринтизор  фаро расид. 
Толори қасри фарҳанги деҳаи Варзик ва роҳрави  байни қатори курсиҳо аз меҳмонону тамошобинон пур шуданд. Ростистодагон ҳам кам набуданд. Аён буд, ки на танҳо дӯстони овони ҷавониаш, балки тамоми варзикиён ҳамдиёри номии худ, мақомсарои беҳамторо ёд кардаанд. 
Барномаи консертии  Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Гран-прии «Таронаҳои Шарқ» Матлуба Дадабоеваро роҳбари Маркази санъати мақоми миллии ӯзбек, номзади  илми санъатшиносӣ, профессор Соҳибҷон Бегматов  боз намуда, дар бораи фаъолияти сарояндагии Матлуба ва ҷойгоҳи ӯ дар санъати миллӣ изҳори ақида намуд. Ҳофизи халқии Ӯзбекистон Исроилҷон Ваҳҳобов  оид ба хусусиятҳои хоси  маҳорати овозхонӣ ва хислатҳои неку инсонии ҳунарпеша ҳикоя кард. Ӯ гуфт, ки санъаткор на фақат дар Ӯзбекистон, инчунин дар Тоҷикистону Қирғизистони ҳамсоя низ машҳур аст.  
Зодаи Варзик, омӯзгори собиқадори забон ва адабиёти тоҷик, муаллимаи эҷодкор аз вилояти Сурхондарё Иноятҷон Ҷӯраева  нақл кард,  ки ӯ ба зодгоҳаш ба дидорбинӣ бо хешовандону дӯстон, ба муносибати Рӯзи хотира ва қадр,  зиёрати қабри гузаштагон, ҳамчунин модари нав вафоткардааш омада буд. Хушбахтона, болои консерти имрӯза баромад. Бо хоҳари  калонии Матлуба — Туҳфаҷон дугона  буда, бо воситаи ӯ бо овозхони  номӣ  низ чун  хоҳаронанд. 
Ҳамсинфони ҳунарпеша Қобилҷон Ҳусейнов, Орзугул Салоева ва Сайлибар  Мирзоева даври мактабиашонро ба ёд оварда, таъкид намуданд, ки ҳамаи тадбир, нишастҳои таълимгоҳ, дар  мошини болокушоде, ки бо он ба пахтачинӣ мерафтанд, дар бошишгоҳҳои саҳроӣ  ва монанди инҳоро Матлуба  бо овози хушу гуворояш рангину хотирнишин мекард. Онҳо бо чунин дӯсту ҳамсолашон ифтихор мекунанд.
Сароянда чанд суруди тоҷикию ӯзбекӣ ва дуэтҳоро бо ҳамовозии Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Аҳмадҷон Дадаев иҷро кард.
– Ҳар сафар ба деҳа оям, онро дигаргун мебинам, – мегӯяд апаи Матлуба. – Кӯчаҳои равону пургулу райҳон, дарахту арчаҳо... Мардум бо хотири ҷамъ аз пайи зиндагӣ ҳастанд. Албатта, ин ба шарофати осойиштагии диёр аст. Он чиз хурсандиовар аст, ки як гурӯҳ ҷавонони бошандаи Варзик дар мактаби санъат ва маданият таҳсил мекардаанд. 
Бо иштироки Дадабоева дар мактаби рақами 2-юм низ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. 

Шоҳида ДАМИНОВА, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

Шарофхон МИРЗОЕВ.
хабарнигори ҷамоатии  «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: