Афв гардиданд

Мувофиқи Фармони Президент аз 21 майи соли ҷорӣ 258 нафар шаҳрвандон афв гардиданд.

Мувофиқи Фармони Президент аз 21 майи соли ҷорӣ 258 нафар шаҳрвандон афв гардиданд. 
Мувофиқи Фармон дар колонияи 20-уми иҷрои ҷазои вилояти Бухоро ба муносибати афв як нафар шахс озод гардида, ба ҷойи зисташ фиристода шуда бошад, муддати ҷазои шахси дигар, кӯтоҳ карда шуд. 8 нафар бухороиёне, ки дар муассисаҳои адои ҷазои дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ муддати ҷазоро адо мекунанд, афв гардиданд. 3 нафари онҳо аз ҷазо озод шуда ба ҷойи зист баргаштанд. Муддати ҷазои 5 нафари дигар маҳдуд гардид. Се нафари озодшудагон аз ноҳияи Ғиҷдувон буда, як нафарашон бо дуздӣ ва ду нафарашон ба қонуншикании барои ҷамъият хатарнок даст зада, бо муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шудаанд. Чи хеле ки хидмати ахбори садорати корҳои дохилии вилоят хабар медиҳад, барои ба ҳаёти иҷтимоӣ мосшавӣ, бошуғлфарогирӣ ва соҳиби шиносномаи шаҳрвандӣ гардидани онҳо чораҳо андешида мешавад.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
 дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: