«АФЗАЛ-УТ-ТАЗКОР»-И АФЗАЛ МАХДУМИ ПИРМАСТӢ ВА БАЪЗЕ ХУСУСИЯТҲОИ ОН

Афзал махдуми Пирмастӣ аз ҷумлаи тазкиранависони маъруфи охири асри XIX ва ибтидои асри XX ба шумор меравад, ки бо таълифи «Афзал-ут-тазкор»-и хеш дар таърихи адабиёти тоҷик сабти ном кардааст.

 Ӯ дар дарбори амири Бухоро Абдулаҳад хидмат карда, бо фармони вай тазкирае тартиб медиҳад ва онро  «Афзал-ут-тазкор фи зикр-уш-шуаро вал ашъор» ном мегузорад. Чуноне ки дар муқаддимаи тазкира қайд мекунад: «ва бо ҳама нолоиқӣ дар ин сунбул ҷасорат намуда, онро «Афзал-ут-тазкор фи зикр-уш-шуаро вал ашъор» фармудам». Тазкираи мазкур фарогири маълумоти муҳим дар бораи шуарои ҳавзаи адабии Бухоро буда, тавре ки зикр гардид, бо хоҳиши амири замон таълиф шудааст. 
Мавсуф тазкираро бо тавсифи амир ҳусни оғоз бахшида, дар он асосан он шоиронеро дохил кардааст, ки ба дарбор иртибот доштаанд. Тазкираи Пирмастӣ аз ҷониби аҳли дарбор хеле хуш пазируфта ва ба унвонҳои «Фазоилнишон» ва «Тазкираи олӣ» маъруфият пайдо кардааст. Ин нуктаро Шарифҷон махдуми Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» чунин баён мекунад: 
Ба амри шаҳаншоҳи гардунсарир,
Китобе мураттаб намуд беназир.
Писандид шоҳу зи инъоми хеш,
Варо баҳравар кард з-андоза беш.
Расидаш зи лутфи шаҳи нуктадон,
Варо пояи қадр бар фурқадон.
Аҷаб ин ки шоҳаншаҳи адлкеш,
Ба таърихи итмом аз табъи хеш.
Ба фикри баланду ба табъи равон,
Дур(р)е суфт зебо фазоилнишон .
Афзал махдуми Пирмастӣ тазкираи худро соли 1322 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба соли 1904 милодӣ ҳусни анҷом бахшидааст. Алъон ҳашт нусхаи қаламии он мавҷуд аст, ки шаш нусхааш дар феҳрасти ганҷинаи нусхаҳои хаттии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Абӯрайҳони Берунии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон ва ду нусхааш дар Институти халқҳои Осиёи АУ Русия нигаҳдорӣ мешаванд. Ин тазкира бори нахуст соли 1332/1918 бо эҳтимоми Мирзо Cалимбеки Салимӣ дар Тошканд аз ҷониби котиб Абдулманнон ибни Абдулваҳҳоб чопи литографӣ шудааст.
Нусхаи мазкур дар захираи дастнависҳои АУ Тоҷикистон маҳфуз аст. Дар ин китоб «Боғи Ирам», «Афзал-ут-тазкор вал ашъор» ва «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишер Навоӣ низ ҷой доранд, тазкираи Пирмастӣ дар ҳошияи он навишта шудааст. Он фарогири рӯзгор ва осори 130 тан шоиру нависанда мебошад. 
Нусхае, ки мавриди қиёсу муқобалаи мо бо «Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ қарор гирифт, ҳамон нусхаи чопи литографиест, ки зикраш дар боло рафт. Ҳадафи мо аз тадқиқ қиёсу муқобала ва иртиботу ҳаммонандии «Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бо тазкираҳои дигари замони ӯ «Афзал-ут-тазкор»-и Афзал махдуми Пирмастӣ ва «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам аст. Аз ин хотир зарур аст, ки доир ба махсусият ва равишҳои тазкиранигории авохири қарни XIX ва оғози қарни XX ҳавзаи адабии Бухоро таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Таҳқиқи амиқи таърихи тазкиранигории ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр масъалаест, ки ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст.
Дар хусуси ҳаёту фаъолият ва тазкираи ӯ Расул Ҳодизода маълумоти мухтасар додааст. Аксар тазкираҳои нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои асри XX, аз ҷумла, «Тазкират-уш-шуаро»-и Мирсиддиқхони Ҳашмат бо «Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, «Тазкират-уш-шуаро»-и Абдуллохоҷаи Абдӣ, «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё дар тадқиқоти муҳаққиқи ҷавон И.Эшонқулов ва «Маҷмӯат-уш-шуаро»-и Фазлии Намангонӣ бо «Туҳфат-ул-аҳбоб»- и Возеҳ ва «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё  дар рисолаи илмии Э.Раҷабов мавриди қиёсу муқобала  қарор гирифтаанд.
 «Афзал-ут-тазкор» аз муқаддима, маълумоти тарҷумаиҳолӣ, ашъори шоирон ва хотима иборат аст. Афзал махдуми Пирмастӣ дар муқаддимаи тазкира менависад: «ба табвиб онро ба тартиби ҳуруфи таҳаҷҷӣ муқаррар доштам». Аммо дар тартибу танзими бобҳо дар баъзе маврид номуназзамӣ дида мешавад. Чунончи дар боби ҳарфҳои «по», «ҷим», «то», «ғайн» перомуни шоире маълумот дода нашудааст. Ин аз камбудӣ ва навоқиси сохтории тазкираи Афзал махдуми Пирмастӣ аст. 
Дигар ин ки Афзал махдуми Пирмастӣ ҳангоми таснифи тазкира шоиронеро аз қабили Амин, Омӣ, Махдум, Хиромӣ, Фано ва ғайра интихоб кардааст, ки ба дарбор пайвастагӣ доштанд, вале аз шоирони касбӣ набуданд. 
Зимни пешниҳоди намунаҳо аз осори чеҳраҳои намоёни ин давр, ба монанди Аҳмади Дониш, Шоҳин, Шаръӣ, Садри Зиё, Роҷӣ, Зариф ва дигарон қасидаву ашъори мадҳиявии онҳоро овардааст. 
Вижагии дигари тазкираи Афзал дар интихоби каломи шоирон ба назар мерасад. Чунонки дар бахшҳои дигари рисола зикр мешавад, «Туҳфат-ул-аҳ-боб»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар таълифи тазкираҳои баъдӣ ба сифати манбаи дасти аввал хидмат кардааст. Афзал низ баъзе аснод ва мадорики тазкираашро аз китоби Возеҳ гирифта, ҷо-ҷо идомаи суханро ба тазкираи мавсуф вогузоштааст. Ин ҳолатро метавон аз муаррифии адибон: Сарир, Зарир, Анбар, Маҷнун ва ғайра ба мушоҳида гирифт. Масалан, дар мавриди Зарир ном шоир мегӯяд: «Аҳволи ин номвари вологуҳар дар тазкираи Возеҳ мастур ва муҳаррар аст». Ё дар мавриди Анбар «баёни аҳвол ва наъти камолаш дар тазкираи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ лоеҳ аст». Инчунин ҳангоми мутолиа маълум гардид, ки дар ин ду тазкира баъзе шоирон бо ҳамон тахаллус, вале бо исмҳои гуногун оварда шудаанд. 
Дар тазкираи Афзал бошад, Роқим – Қорӣ Мирзомуқим, Мунир – Мулло Исмоил, Ҳиҷрӣ – Мулло Исмоил, Назмӣ – Мирзосаидҷон зикр гардидааст. Дар маҷмӯъ, доир ба аҳвол ва ашъори 14 нафар шоире, ки исмашон дар боло зикр шуд, ҳам дар тазкираи Возеҳ ва ҳам дар тазкираи Афзал маълумот дода шудааст.
Ҳамин тариқ, аз мутолиаву таҳқиқи тазкираи мавриди таваҷҷӯҳ ва омӯзиши матолиби он равшан мегардад, ки тазкираи Афзал баъди тазкираи Возеҳ дувумин тазкираест, ки пас аз чандин соли суқути тазкиранависӣ дар Мовароуннаҳр рӯйи кор омадааст. Арзишу аҳамияти ин тазкираҳо, пеш аз ҳама, бо маълумоти муфассал доир ба суханварони ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр, вазъи адабӣ, шоирони соҳибдевон, корбурди анвои адабӣ ва назирагӯйӣ ба назар мерасад. Зеро бештари ахбори онҳо ҳосили мусоҳиба ва муоширати ҷудогона бо шоирони замон мебошад, ки хусусияти сарчашмавии онҳоро зиёд мекунад.

Махфират 
ҚУРБОНАЛИЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: