Афзалиятҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ муайян шуданд

  • Афзалиятҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ муайян шуданд
  • Афзалиятҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ муайян шуданд
  • Афзалиятҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ муайян шуданд
  • Афзалиятҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ муайян шуданд
  • Афзалиятҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ муайян шуданд
  • Афзалиятҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ муайян шуданд
  • Афзалиятҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ муайян шуданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон музокиротро дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайати расмии ду кишвар идома доданд.

Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту логистика, сайёҳӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

– Халқҳои дар Роҳи Бузурги Абрешими қадимӣ ҷойгиршудаи Ўзбекистон ва Покистонро аз қадимулайём таърихи муштарак, монандии забон ва мероси бузурги маънавӣ ба ҳам мепайвандад. Имрӯз мо ин анъанаҳоро дубора эҳё карда истодаем. Мо аз он хушҳолем, ки муносибатҳои байнидавлатии мо ба дараҷаи шарикии стратегӣ бардошта шуданд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Бо вуҷуди пандемия динамикаи устувори рушди ҳамкориҳо қайд карда шуд. Аз ҷумла, дар соли 2021 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба 50 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин назар ба солҳои қаблӣ бештар аст, вале то ҳол ба зарфиятҳои мавҷудаи ду кишвар мувофиқат намекунад.

Сарвари давлат қайд кард, ки мо имкон дорем, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми савдои мутақобиларо то ба 500 миллион доллар ва дар оянда то ба 1 миллиард доллар расонем.

 Пеш аз ҳама, зарурати якҷоя тартиб додани барномаи кооперасияи саноатӣ, инчунин «харитаи роҳ»-и ҳаматарафаи васеъ намудани сохтори муомилоти мол таъкид шуд.

Дуввумин самти муҳим ин таҳкими ҳамкории кишварҳои мо дар соҳаи ҳамлу нақли мултимодалӣ, ҳамлу нақли боркашонӣ ва ҳавоӣ мебошад. Чанде пеш Созишномаи транзит ва савдо эътибор пайдо кард, ки ба муомилоти мунтазами бор асос гузошт.

Президент бори дигар аҳамияти татбиқи лоиҳаҳоро оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика қайд кард.

– Роҳи оҳани «Термиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар» ояндаи умумии мост. Вақте ки сохтмони ин роҳ анҷом мешавад, мо наздиктарин, арзонтарин ва амнтарин долонеро эҷод хоҳем кард, ки Покистонро ба Осиёи Марказӣ ва Ӯзбекистонро ба бандарҳои Карочӣ, Гвадар ва Қосим мепайвандад. Ин роҳи оҳан симои минтақаҳои моро ба куллӣ тағйир медиҳад, – гуфт Президенти Ӯзбекистон.

Дар рафти гуфтушунид оид ба пешбурди минбаъдаи ин лоиҳа созиш ҳосил шуд.

Пешомадҳои аз нав барқарор намудани парвозҳои доимӣ муҳокима шуданд.

Муносибатҳои байни минтақаҳои ду кишвар низ инкишоф меёбанд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои зиёде аз ҷониби ҷомеаи соҳибкорони вилояти Намангон ва вилояти Панҷоб якҷоя амалӣ карда мешаванд. Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки байни вилояти Сурхандарё ва вилояти Хайбер-Пахтунхва ва дигар минтақаҳо ҳамкориҳои мушобеҳ роҳандозӣ шаванд.

Соҳаи дигари муҳим туризми зиёратӣ мебошад. Президент бо мақсади ташкили мунтазами зиёратҳо пешниҳод кард, ки дар ду кишвар гурӯҳи муштарак таъсис дода, намояндагиҳои вазоратҳои сайёҳӣ кушода шаванд.

Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, экология, таҳсилоти олӣ, санъат, кино ва варзиш баррасӣ шуданд.

Ҳамраисҳои Комиссияи байниҳукуматӣ, вазирон дар бораи тавофуқҳои ҳосилшуда ва нақшаҳои оянда маълумот доданд. Шавкат Мирзиёев ва Имрон Хон пешниҳодҳои онҳоро дастгирӣ намуда, супоришҳои дахлдор доданд.

– Фикр мекунам, ки муколамаи кушоду пурсамари имрӯза, санадҳои имзошуда барои шарикии стратегии мо дурнамои нав мекушоянд. Аз ҳама муҳимаш, мо – ду бародар – ҳамдигарфаҳмии комил дорем. Барои ноил шудан ба максадҳои бузурги имрӯза ҳукуматҳои мо бояд алоқаи доимӣ дошта бошанд, – гуфт Президент.

Музокироти барпошуда бори дигар азму ирода ва майлу хоҳиши қавии халқҳои моро барои ба зинаи нав баровардани ҳамкорӣ тасдиқ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: