Имрӯз дар замони муносибатҳои бозаргонӣ молу мулк, мероси волидайн аз масъалаҳои доғи рӯзи муносибатҳои байни хешу таборон, додару хоҳарон маҳсуб меёбад.
Дидаву шунида истодаем, ки бисёр додарону хоҳарон барои мероси аз падар монда гирифтори моҷароҳо ва кашокашиҳо шуда истодаанд. Ин яке аз доғҳои ҷамъияти имрӯза мебошад.
Аз ин бармеояд, ки мо – падару модарон дар тарбияи фарзандон ҳоло ҳам ба камбудиҳо роҳ дода истодаем ва онро худамон ҳис намекунем, аммо ҷабрашро фарзандон мебинанд.
Тарбияи фарзанд ин санъат, санъати маънавӣ ва нозук мебошад. Ба тарбияи фарзандон бояд дар ҳар нафас, дар ҳар қадам эътибор диҳем, дар ин роҳ аз панду ҳикматҳо, ривояту ҳадисҳо самаранок истифода барем. Чунки ҳеҷ як боигарӣ ба фарзанд чун тарбияи падару модар, одобу ахлоқи онҳо афзалтарин мерос шуда наметавонад.
Аз ин рӯ, агар ба фарзанд тарбияи хуб диҳем, хулқу одоби некро омӯзонем, хушмуомилагӣ, сабру қаноатро ба онҳо диҳем, онҳо ба охирати мо раҳмат меоваранд. Дар ин ҷода Имом Мотурудӣ гуфтааст: «Панду насиҳат фақат ба соҳиби дорои фаҳму фаросат таъсир мекунад».
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чуст.
Вилояти НАМАНГОН.