АФЗОИШИ БЕМОРИҲОИ ЭНДОКРИНӢ БОЯД ТАШВИШИ ҲАМА БОШАД

Пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст.

Пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст. Ин ҳақиқат ба мо дер боз маълум бошад ҳам, баъзан ба он риоя карданро фаромӯш мекунем. Мо танҳо дар ҳолати авҷ гирифтани беморӣ ба духтур муроҷиат мекунем. Аз ҷумла, ҳар яки моро бояд он чиз ба ташвиш оварад, ки тӯли панҷ соли охир дар кишварамон бемориҳои эндокрин, яъне норасоии йод 20 фоиз зиёд шудааст.
Дуруст аст, ки мо табиатан дар минтақаи норасоии йод зиндагӣ мекунем. Вале ин маънои онро надорад, ки бемориҳои эндокриниро пешгирӣ кардан мумкин нест.
Аз ин рӯ, эндокринология муҳимтарин соҳаи таъмини сифати ҳаёти инсон мебошад. Бинобар ин ба соҳаи мазкур эътибори зиёд дода мешавад. 
Ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 10 декабр таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев доир ба масъалаҳои такомули фаъолияти хидмати эндокринология ва вусъат бахшидани фарогирии беморон бо хидмати мазкур баргузор гардида буд, мисоли равшани ин ғамхорӣ аст.
Сарвари давлат дар ҷаласа мустаҳкам гардидани заминаи моддию техникии 14 филиали Маркази ҷумҳуриявии махсуси илмӣ-амалии тиббии эндокринологияро қайд намуда, ҳамчунин таъкид кард, ки аз ҳисоби ба вуҷуд овардани шуъбаҳои махсус дар ин филиалҳо шумораи муроҷиатҳо ба маркази ҷумҳурӣ ду баробар кам шуда, ҳар сол 80 ҳазор беморон бо инсулин бепул таъмин мегарданд, дар панҷ соли охир бемориҳои эндокринӣ 20 фоиз афзудааст.
Пас, дар ҳоле ки бемориҳои эндокринӣ рӯ ба афзоиш аст, ба муқобили онҳо чӣ гуна чораҳо андешидан лозим?
Сарвари давлат дар видеоселектор таъкид кард, ки бояд дар соҳа низоми нав ҷорӣ карда шавад. Вай қабули барномаи алоҳида дар бобати бармаҳал маълум намудан, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои эндокринро қайд намуд. Ҳамзамон, дар навбати аввал байни табибони оилавӣ ва шифокорони эндокринӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад роли бригадаҳои тиббии маҳаллӣ, кабинетҳои муолиҷаи ҳамшира ва мактабҳои саломатӣ баланд бардошта мешавад.
Инчунин, бо мақсади барвақт ошкор намудани бемориҳои эндокринӣ аз соли оянда аҳолии аз синни 40 боло соле камаш як маротиба аз муоинаи скринингӣ гузаронида мешавад.
Номгӯйи ягонаи электронии беморони эндокринӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳар як бригадаи тиббӣ бо глюкометр барои экспресс-тест таъмин мегардад. Аз 1-уми июли соли оянда ба занони ҳомила ва дорои кӯдаки ширмак, кӯдакони синни аз 3 то 15-сола бепул йод расонда мешавад. Доруҳои метформин барои диабети қанд ба беш аз 200 ҳазор нафар ниёзманд тақсим карда мешаванд. Беморони маҳаллӣ ва одамони гирифтори диабети қанд оид ба идоракунии беморӣ омӯзонида мешавад.
Маҳз ба пешгирии бемориҳои эндокринӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намудани сарвари давлатамон сабабҳои ба худ хос дорад.
Ин аст, ки бемории вобаста ба норасоии йод метавонад боиси пайдоиши бисёр бемориҳои  дигар гардад ва агар сари вақт пешгирӣ накунад, табобаташ мушкил мешавад.
Аз ин рӯ, барои пешгирии саривақтии бемориҳои эндокринӣ на танҳо табибон, балки ҳар яки мо, сарфи назар аз он, ки дар кадом соҳа кор мекунем, масъулем бояд аз таҳти дил кор пеш барем. Зеро, тандурустии мардум сарвати мамлакат аст.         

Мавлуда ИБРАГИМОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: