АФЗОИШИ САЛОҲИЯТИ САЙЁҲИИ ӮЗБЕКИСТОН ҚОБИЛИ ЭЪТИРОФ ГАРДИД

Сол аз сол теъдоди сайёҳони хориҷие, ки ба кишвари мо барои саёҳат меоянд, рӯ ба афзоиш овардааст. Бе чуну чаро ин аз беҳтар шудани дараҷаи хидматрасонии ин соҳа шаҳодат медиҳад.

Сайёҳон дар аснои сафару саёҳат бо фарҳанг, таърих, таомҳои миллӣ, табиати афсункору дилрабо ва расму ойинҳои мардуми мамлакати мо ошно мешаванд. Ба манзури он ки ин сайёҳон ҷои будубош ва истироҳату фароғат дошта бошанд, инфрасохторҳои зиёд, мисли меҳмонхонаҳо, хостелҳо ва тарабхонаҳои наву замонавӣ сохта мешаванд, ки барои қабули онҳо комилан мусоидат менамоянд. Ин бор низ Тошканд ба шаҳри меҳмоннавози намояндагони ширкатҳои хусусии чандин кишвари олам қарор гирифт, ки барои ширкат дар намоишгоҳ-ярмаркаи сайёҳӣ ташриф овардаанд. Он таҳти унвони «Tashkent Travel Mart-2024» ба вуқӯъ пайваст, ки дар шакли B2B сурат гирифт ва ду рӯз давом кард. Дар ҳошияи ин намоишгоҳ конфронси «Travelhub Uzbe-kistan» низ роҳандозӣ гардид, ки масъалаҳои гуногуни соҳаи сайёҳиро дар меҳвари баррасиҳо қарор дод. Муассисии ин намоишгоҳро Иттиҳодияи сайёҳии хусусии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, Кумитаи сайёҳӣ ва ширкати ҳавонавардии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» бар дӯш дошт. Гуфта мешавад, ки лоиҳаҳои USAID оид ба рушд ва беҳбуди муҳити соҳибкорӣ, инчунин пуштибонӣ аз он низ аз ҷузъи ин намоишгоҳро ташкил намуд. – Ин дафъа дар чорабинӣ ду масъалаи муҳим баррасӣ мешавад. Аввалан, ҳадафи асосие, ки Президенти муҳтарамамон дар назди соҳа гузоштааст, зиёд намудани шумораи ҷойҳои беназири сайёҳӣ мебошад. Дуюм – соҳаи сайёҳӣ ва рақамикунонии саноати меҳмоннавозиро ба сатҳи нав бардоштан аст,–гуфт раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон. Вай афзуд, ки намоишгоҳи «Tashkent Travel Mart-2024» беш аз 60 ширкати сайёҳии Осиёи Марказӣ, Миср, АМА, Малайзия, Русия, Гурҷистон, Туркия ва кишварҳои дигарро гирди ҳам овард. Беш аз 600 вакилон ва коршиносони соҳаи сайёҳӣ дар бораи мавзӯъҳое табодули назар намуданд, ки тамоюлҳо ва имкониятҳои ҳамкории байналмилалӣ, рақамикунонӣ, эҷоди маҳсулоти беназири сайёҳӣ ва дигар мавзӯъҳои дахлдорро дар атрофи гуфтушуниду баррасиҳо фаро хонданд. Ногуфта намонад, ки ба ҳайси иштирокчиёни асосии ин чорабинӣ туроператорҳои байналмилалӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, иттиҳодияҳои сайёҳӣ, ширкатҳои суғуртавӣ, меҳмонхонаҳои оилавӣ, намояндагони платформаҳои IT муаррифӣ гардиданд. Баъди баррасии мавзӯъҳои «Эҷоди беназир–маҳсулоти сайёҳӣ», «Маҳсулоти сайёҳии нодир чист?», «Чӣ тавр ба гурӯҳҳои сайёҳӣ бо истифода аз стратегияи White Label хизмат кардан мумкин аст?», «Нақши гидҳо ва роҳбарони турҳо дар гирифтани фикру мулоҳизаҳои мусбат», «Тамоюли сайёҳӣ» ва амсоли он дар атрофи он баҳсҳои доманадор сурат гирифт. Дар ҷаласаҳои панелӣ ҳар як вакили ширкати хусусии сайёҳӣ аз таҷрибаи худ нақл намуд. Дар он инчунин як қатор пешниҳодҳои мушаххас сурат гирифтанд, ки имкон медиҳанд бахши сайёҳӣ инкишоф ёбад ва ба ҷаҳони тағйирёбанда ворид шавад. Аз ҷумла, директори ширкати Гурҷистон Travel Beam Тимур Матерашвили гуфт, ки намояндагиҳои ширкати худро дар Русия ва Арманистон ифтитоҳ намудааст. – Бори аввал ба Ӯзбекистон меоям ва дар чунин намоишгоҳ-ярмарка ширкат мекунам. Аз сабаби он ки Тифлис бо Тошканд робитаи ҳавоӣ барқарор кардааст, мо дар самти сайёҳӣ низ ба имкониятҳои зиёд моликем ва аз ин бояд фаровон истифода бурд. Зеро Гурҷистону Ӯзбекистон аз нигоҳи иқлим ва табиат шабеҳи ҳамдигаранд. Гузашта аз ин, меҳмонхонаҳои шаҳр низ барои қабули ҳар гуна меҳмонҳо мусоидат менамоянд, – изҳор намуд Тимур Матерашвили. Ба гуфтаи ӯ соли сеюм аст, ки бо ҳамкорони ӯзбекистонии худ робита барқарор кардааст. Умедвор аст, ки ин робита беш аз пеш тавсеа хоҳад ёфт. – Ҳадафи мо ҳарчи бештар муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии кишварамон ва ҷалби сайёҳон ба он, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои бештару доманфарох бо ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ва мамолики иштирокчии ин намоишгоҳ мебошад, – гуфт директори ширкати хусусии сайёҳии «Zarafshon Tour»-и Тоҷикистон Мансур Саидов. Таъкид гардид, ки аз тариқи созмони хусусии сайёҳии «Zarafshon Tour» сайёҳони зиёд аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва баръакс сафар мекунанд ва он ба нафъи ширкатҳои ҳарду кишвар манфиат меоварад. Дар рӯзи дуюми намоишгоҳ–ярмарка вохӯриҳои корӣ дар шакли B2B баргузор шуданд, ки дар ҷараёни он намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ тавонистанд бо шарикони нави худ робита барқарор кунанд, лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намоянд ва созишномаҳо ба имзо расонанд. Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: