АФЗУН ГАРДОНДАНИ МАҲСУЛОТ БО УСУЛҲОИ НАВИ ХОҶАГИДОРӢ

Ба наздикӣ дар Маркази матбуоти пойтахт доир ба масъалаҳои рушди хоҷагиҳои чарогоҳӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

 Дар он мутахассисони соҳа ва намояндагони созмону идораҳои дахлдор ширкат ҷустанд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки тибқи фармони Президент ба Кумитаи рушди саноати пиллакорӣ ва пашми ҷумҳурӣ 17412 ҳазор гектар майдони чарогоҳӣ ҷудо карда шудааст. Тӯли давраи гузашта дар ин майдонҳо 53 кластери қарокӯлипарварӣ созмон дода шуд.
Тарзи нави хоҷагидорӣ — хоҷагии кластерӣ, агар тибқи шароити маҳаллӣ ва талаби замон ба роҳ монда шавад, натиҷаи матлуб мебахшад. Ин аст, ки тавассути ба роҳ мондани хоҷагии кластерӣ дар хоҷагиҳои мазкур 15,8 ҳазор тонна гӯшт, 15,2 тонна пашм, 6,1 тонна калоба, 3,2 ҳазор метри мураббаъ намад, 301 ҳазор метри мураббаъ гилеми дастибофт, 608 ҳазор дона пӯст ва 169,9 тонна ашёи хоми каврак истеҳсол карда шуд.
Дар соли сипаригардида аз ҳисоби вусъат додани ҳаҷми истеҳсолот аз хоҷагиҳои созмондодашуда маҳсулоте, ки 18,7 миллион доллар арзиш дошт (маҳсулоти қарокӯлӣ ва каврак), содир карда шуд.
Тавре ки дар чорабинӣ таъкид гардид, дар баробари пешравӣ, дар соҳа камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Солҳои охир бар асари бе назорат мондан ва беҳадаф истифода шудани растании каврак ва ашёи хоми он майдонҳои кавраки табиӣ хеле коҳиш ёфтанд. Бино ба натиҷагириҳо, агар майдонҳои кавраки тоҷикӣ соли 2019 33 ҳазор гектарро ташкил карда бошанд, дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 17 гектар коҳиш ёфтааст.
Дар соли 2022 бар асари рушд бахшидан ба соҳаи қарокӯлипарварӣ ва вусъат додани  ҳаҷми истеҳсолот истеҳсоли гӯшт ба 16 ҳазор тонна, пашм ба 16,5 ҳазор тонна, калоба ба 6,6 ҳазор тонна, намад ба 3,4 ҳазор метри мураббаъ, гилемҳои дастибофт ба 329 ҳазор метри мураббаъ, пӯст ба 666 ҳазор дона ва ашёи хоми каврак ба 227 тонна расонда шуд. Ҳамчунин, аз ҳисоби татбиқи 154 лоиҳаи нав, модернизатсияи корхонаҳо ва созмон додани плантатсияҳои каврак ба миқдори 318 миллион доллари ИМА маблағи инвеститсионӣ аз худ карда шуд. Ҳоло дар соҳа 92916 нафар бо шуғли доимӣ ва мавсимӣ фаро гирифта шудаанд.
Роҳбари давлат ба мақсади афзун гардондани маҳсулот 27 апрели соли равон ба фармони нав «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба рушди парвариши каврак ва рағбатноксозии саноатикунонӣ» имзо гузошта буд.
Тибқи фармон пешбинӣ шудааст, ки то 1 июни соли 2022 дар вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё, Навоӣ, Самарқанд ва Сурхондарё хонакории парвариши каврак ва кластерҳо ташкил дода мешаванд. Ҳоло дар вилоятҳо гурӯҳҳои ташаббускор кор мебаранд.  То соли 2026 дар 30 ҳазор гектар майдон парвариши каврак ба роҳ монда хоҳад шуд, ин имкон медиҳад, ки барилова 14 ҳазору 210 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда шавад.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.     

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: