Якуми июли соли равон деҳаи зебоманзари Хуфар намуди идона дошт.
Якуми июли соли равон деҳаи зебоманзари Хуфар намуди идона дошт. Аз чеҳраҳои шукуфон ва дилҳои шоду масрури ҳар як сокини деҳа аён буд, ки имрӯз дар деҳа ид аст. Иди амалӣ шудани ормону орзуҳо ва ниятҳои деринтизор.
Аз дамидани субҳи содиқ бо роҳбарии раиси деҳ Шавкатулло Ғафуров мардум барои пешвози меҳмонон омодагӣ медиданд. Таббоҳон хӯрок мепухтанду пешхизматон дастурхон меоростанд.
Сабабгори ин омодагӣ, пешвозгириву хурсандиҳо маъракаи кушодашавии роҳи нав буд. Дар урфият мегӯянд, ки роҳ дастурхони Худованд аст.
Роҳи автомобилгарди деҳаи Хуфарро, ки аз деҳаи Навобод тавассути сойи Паттаҳо, Туғи Мулло Ҳалим, мавзеи Мастағӯл ва баландии Маҳтобзор то деҳа 18 километр тӯл мекашад, охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта канда, регу санг рехта ба истифода дода буданд. Ин роҳ вобаста ба ҳар як фасли сол носоз буд ва мардуми деҳа мумфарш шудани онро дер боз орзу менамуданд.
Аввалҳои моҳи марти соли 2020 дар як боздиди расмӣ аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуғанӣ Сангинов ба деҳа ташриф оварда, ормонҳои бисёрсолаи сокинони деҳаро шунида, барои амалӣ шудани ин орзу қавли устувор дод.
Хушбахтона, 22-юми апрели соли 2020 мумфарш шудани роҳи автомобилгарди мазкур оғоз гардид. Азбаски роҳи байни деҳа мушкилиҳои ба худ хос дошт, муҳандисону роҳсозон ба қароре омаданд, ки бояд 2 километри ин роҳ бетонӣ бошад. Аз охирҳои моҳи май то аввалҳои моҳи июни соли ҷорӣ ин иқдом низ амалӣ гардид.
Дар асфалтпӯш шудани ин роҳ саҳми роҳбари сохтмони ҶММ обанбори Тӯпаланг Нуралӣ Фаттоев, сармуҳандис – Нуриддин Салимов, муовини сармуҳандис – Қурбонбой Ниёзов, роҳбари шуъбаи сохтмон – Шавкат Нарзуллоев ва роҳбари коргоҳи регу шағалбарории сохтмони обанбори Тӯпаланг – Алоуддин Сангинов хеле калон аст. Инчунин, заҳмати роҳсозон ва диловарони ин майдони корзор, ба монанди Шавкатулло Ғафуров, Доим Шукуров, Саъдулло Ғоибов, Қосим Азимов, Баҳриддин Ҳоҷиев, Комрон Ниёзов ва дигарон бисёр арзанда аст.
Агар аз дил ба дил ту роҳ ҷӯӣ,
Гузар аз ағбаҳои роҳи инсон.
Ба раҳсозон ҳазор аҳсан
бигӯӣ,
Ки раҳсозӣ набошад кори
осон.
Ҳамин тавр якуми июл, расо соати 9-и саҳарӣ меҳмонони олимартаба: аъзои Сенати Олий Маҷлис раиси раёсати Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзгидроэнерго» Абдуғанӣ Сангинов, ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва ҳокими ноҳияи Сариосиё Абдусалом Хӯҷақулов бо қудуми мубораки худ ба ин маърака ташриф оварда, шукӯҳ ва шаҳомати ҷамъомадро афзуданд.
Ҳокими вилоят Тӯра Боболов ба минбар баромада дар бораи таассуроти худ аз ин сафари расмӣ ва эҳтироми сокинони ин деҳаи бостонӣ арзи сипос намуд. Абдуғанӣ Сангинов ҳангоми суханронӣ қайд намуд: «Бобою бобокалонҳои ман зодаи ин деҳаанд ва ман шодам, ки имрӯз ба ин мардуми сарбаланд хизмати бошарафона дорам. Бигзор ин роҳ дар рӯзҳои нек ба мардуми деҳа хизмат намояд». Аз тарафи ҳокимияти ноҳия якчанд сертификат ва ашёҳои рӯзгор ба оилаҳои камбизоат туҳфа карда шуд. Инчунин, чорто аробачаи маъюбӣ ба беморон супурданд.
Ин ташаббус, ки дар он бевосита саҳми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев басо назаррас аст, дар арафаи ҷашни 30- солагии истиқлолияти ватанамон ба сокинони ин деҳаи бостонӣ туҳфаи арзанда ва хотирмон гардид. Ҳар як ватандор ва сокини ин деҳа аз ин иқдом рӯҳу илҳоми тоза гирифта дар паи ободӣ, сарсабзӣ ва шукуфонии ватани ҷоноҷонамон ҷидду ҷаҳд хоҳад кард. Шоир фармудааст:
Ба ин Ватан нигоҳи ошиқона
мекунам,
Сару дилам фидои ин
замона мекунам.
Муҳаббати самимии
бародаронаро,
Ба ҳар нафас, ба ҳар қадам
тарона мекунам.
Илҳом ХИДИРОВ,
омӯзгори мактаби рақами 8-уми ноҳияи Сариосиё.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.