«АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР...»

Дар хонаи устод

Бо нияти дидорбинӣ боз раҳсипорам ҷониби ҳамсоядеҳ – Янгибой, назди устоди устодон Қурбонмуроди Азиз. Онеро, ки имрӯзҳо баҳори 86-умини умри хешро истиқбол хоҳад гирифт. Онеро, ки 50 соли умри файзбораш сарфи таълиму тарбияи фарзандони халқ гардида. Садҳост фарзандони ӯ. Соҳибдавлат аст ӯ. Агар қадру манзалат намедошт, агар фазлу маърифат тӯшароҳаш намебуд, магар кошонааш ҳама рӯз аз қудуми хешу ақрабо, ёрӯ дӯстон ва шогирдони бовафояш нурафшон мешуд?..
Лаҳзае, ки вориди хона гардидам, мавсуфро саргарми мутолиа дидам. Пири равшанзамир девони Ҳофизро як сӯ гузошта, каминаро бо табассум ва нигоҳи гарм пешвоз гирифт. Ҳолпурсӣ кардем. Сипас, шӯхикунон гуфтам:
– Устод, маъзарат мехоҳам. Охир, шайх Саъдӣ дуруст фармудаанд, ки «аз чаро омадӣ, чаро наёмадӣ?» гуфтан беҳтар аст.
Алҳол дар ёдам нест, намедонам, чӣ хостам, ки устод аз завҷаашон дархост карданд, то расмҳоро биёварад. Рӯймолчаи сарпечи сафедро кушода, як даста расмро пеши банда гузоштанд. Аксҳоро як-як ва бодиққат аз назар мегузарондам. Гӯё ҳар кадом саҳфае аз рӯзгори бобаракати муаллими куҳансол, ҳиссае аз пайраҳаҳои сангину пурифтихори педагогии Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қурбонмуроди Азиз қисса мекарданд.
Дар як акс манзараи аҷибе таваҷҷӯҳи маро бештар ба худ ҷалб намуд. Муаллими ҷавон дар ҳалқаи шогирдон. Аммо бархе аз онҳо наврас ва баъзеашон калонсол бо сару либосҳои хоси солҳои 50-60-уми асри гузашта. Устод нигоҳи ҳайратомези маро пай бурда, ба тариқи зайл шарҳ доданд:
– Он солҳо аҳвол чунин буд, ки синни толибилмони як синф аз ҳамдигар тафовут дошт. Аз ин рӯ, гурӯҳе нисбати ман калонсолтар, ҳатто қисме соҳиби хонаву дар низ буданд. Ин костагиҳо мерос ва оқибати ҷанги хонумонсӯз маҳсуб меёфтанд.
Дарвоқеъ, расм соли 1953 аккосӣ шуда будааст. Дар ҳоле ки ҳанӯз мактабҳо кам буданду кадрҳо намерасиданд, навҷавони тақрибан 18-19-сола аз бероҳагӣ киштзорҳо, қамишпояҳо ва ҷӯйҳоро ҳар рӯз пиёда убур мекард. Тобистон гармо ва чангу хок, дар фаслҳои боқимонда бошад, барфу борон ва сардиву лой. То филиали мактаби рақами 22-юм, ки дертар дар маҳаллаи Янги ҳаёти ноҳияи Сариосиё ба таълимгоҳи мустақил, яъне мактаби рақами 9 табдил ёфт, масофаи равуо 24 километр. Маош ҳам ночиз. Оё хоҳиш, ирода, шавқ, садоқату қаноати педагоги ҷавон барои муаллимони навкори имрӯза сабақ шуда наметавонад?
Ҳақ бар ҷониби соҳибдиле, ки фармудааст:
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро набувад мурод ҳосил.
Ҷонпарвар аст суҳбати омӯзгор. Баъди чанд муддат ба аёдати устод пасу пеш, аввал соҳибкор Зиёдуллои Ортиқ, сонӣ омӯзгор Худойбердии Раҷаб ҳозир шуданд. Чеҳраи эшон гӯё монанди гул шукуфт. Янгаи Хадича, ки бонуест кушодадилу меҳрубон, баробари шавҳар меҳмонҳоро бо хушҳолӣ сари дастархон даъват намуд ва сипосомез гуфт:
– Шукр, сад шукр. Аз рӯзе, ки пойи мардакамон осеб бардошт, илтифот ва хайрхоҳии ошнову бегонаро зиёдтар ҳис мекунем.
– Янга, устод ҳамчун мураббии маслиҳатгар ва шахси табаррук барои ҳар кадоми мо ғаниматанд, – бо самимият изҳори ақида кард собиқ шогирди муаллим Зиёдулло. – Ҳоло ҳам мӯҳтоҷи сабақҳои устодем.
Суҳбати мо маҳфили адабиеро ба ёд меовард. Сараввал, аз боби одаму одамгарӣ сухан рафт. Сипас, атрофи китоб ва манфиати он андешаҳои ҷолиб ба миён омаданд. Устоди фарҳангдӯст дар ин маврид ёддоштеро ба самъи мо расонданд:
– Солҳои 1956-1961, айёми таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ҳамроҳи дӯстам – шодравон Субҳонқул баҳри пайдо кардани асари «Таърихи халқи тоҷик»-и академик Бобоҷон Ғафуров дари чанд дукони китобфурӯшии Душанбешаҳрро кӯфта будем. Дар ин солҳои наздик бошад, кадоме аз ҳамсуҳбатон мужда дод, ки нашри навбатии китоби «Тоҷикон»-и олими барҷаста оғоз ёфта, ҳамзамон бо амри раисҷумҳури кишвари ҳамсоя ин шоҳасарро ройгон ба ҳар як оила дастрас карда истода будаанд.
Бояд бигӯем, ки Б. Ғафуров аз шогирдони содиқи устод С. Айнӣ ба шумор мерафт. Маҳз бо пешниҳоди ин ходими намоёни давлатӣ ва шарқшиноси забардаст соли 1951 асосгузори адабиёти навини тоҷик – Айнӣ ба ҳайси нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардида буд.
Сари як пиёла чой паҳлӯҳои гуногуни заҳматҳои шоёни устод Айнӣ, аз ҷумла, нақши бесобиқаи ӯ дар  таҳкими робитаҳои адабию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек бо некӣ ёд карда шуд.
– Месазад, ки ҳамеша назди ин симои худогоҳ ва фарзанди фарзонаи халқамон сари таъзим фуруд орем, чунки танҳо ба туфайли хидматҳои таърихии устод бақо ва бедории миллати мо насибамон гашт, – гуфт Қурбонмуроди Азиз.

Симои педагоги асил

Ба роҳи тӯлонии фаъолияти омӯзгории устоди варзида назар афканда кас ба хулосае меояд, ки ӯ инсони комёб аст. Ӯ дар чанде аз ин маърифатгоҳҳо: аз ҷумла, мактабҳои рақами 22,3-юми ноҳияи Сариосиё, таълимгоҳҳои 5 (ҳоло 18), 30 (13-и имрӯза) ва 14, 15, 12 (дар маҷмӯъ собиқ рақами 33-юми овозадор)-и ноҳияамон софдилона меҳнат кардааст. Дар ин ё он дабистон муддати 25 сол ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои таълимро бар ӯҳда дошт.
– Дар мактаби рақами 15-уми зодгоҳам, бо вуҷуди он ки хонаи падар чандон дур набуд, баъзан аз серкорӣ шабҳо дар ҷойи кор мемондам, – яке аз саҳифаҳои меҳнатии ҳаёти худро ба хотир оварда мегӯяд собиқ роҳбари фидоӣ.
Устод аз он меболид, ки аксарияти шогирдонаш  инсонҳои некноманду байни мардум обрӯ ва шуҳрат доранд. Метавон мисли омӯзгор И. Ҳусимов, рӯзноманигор Ӯ. Ҷӯрабоева, муҳандис О. Ҳоҷиев, шифокорон А. Бобоев, С. Турсунов, шодравон Н. Холниёзов ва боз номи даҳҳо нафари дигарро бо эҳтиром ба забон овард.
– Азбаски муаллим дониши мукаммал ва таҷрибаи бойи касбӣ дошт, машғулотҳо шавқовар ва сермазмун мегузаштанд, – доир ба маҳорати педагогии устоди худ ба мо нақл мекард собиқ шогирди фаъоли омӯзгор Ӯ. Ҷӯрабоева. – Ғарқи хаёлҳои ширин гоҳо чунин мепиндоштем,ки  гӯё мову устод дар саҳнаи театр кадом як нақшҳоро бозида истода бошем. Муаллим серталабу сахтгир ҳам буданд.
Дар ин маврид беихтиёр байти зерини Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ёдам расид:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор!
Ҳамчунин муаллими ботаҷрибаи таълимгоҳи рақами 12-ум, ки аз зумраи собиқ шогирдони пешсаф ва ҳамкори педагоги куҳансол ба шумор мерафт, роҷеъ ба фазилатҳои қаҳрамони лавҳа андешаҳои хешро ин тавр баён кард:
– Муаллим табъи нозук доранд. Сабру таҳаммул ва тамкин ҷузъе аз хислатҳои деринаи он кас мебошад. Риояи одоби муоширатро бояд аз эшон омӯхт. Ростӣ, дар масъалаи маърифати либоспӯшӣ аксарияти шогирдон ба Қурбонмурод Азизов ва шодравон Субҳонқул Хидиров тақлид мекардем.
Воқеан, устод Қурбонмуроди Азизро муштариёни рӯзнома тавассути мақолаҳои дилчаспу хонданибобаш ҳам хуб мешиносанд.
Устод гарчи табиатан орому ҷиддист, дорои қалби ҳассосу пуртуғёне буда, қадршинос аст. Борҳо аз забони эшон шунидем, ки дар бораи дӯстон, ҳамсолу ҳампешаҳои худ, мисли шодравонҳо Ё. Сангинов, М. Қарабоев, С. Хидиров, Б. Саломов, М. Содиқов, А. Ниёзов, Г. Ниёзов, М. Муҳаммадиев, Н. Раҷабов ва дигарон суханҳои нек гуфтаасту мегӯянд.
– Чӣ лаҳзаҳои пурнишот, алалхусус, солҳои баъди ба нафақа баромадан бо яке аз донишмандони маъруфи диёрамон ва машъалони маориф – раҳматӣ Шамсиддин Рашидов ҳамнишину ҳамсуҳбат будем, – гиря гулӯгираш карда бо таассуф ҳарф мезаданд ҳангоми мулоқоти навбатиамон муаллим. – Бисёре аз мо, дуруст, дар пояи устодӣ қарор дорем. Вале ба сифати хазинаи бебаҳои илм ва кони маънӣ ҷойи устоди ҳамаи мо имрӯз холист...

Фурӯзон бод чароғи маърифат

Имрӯзҳо яке аз бузургсолони сулола – устоди арҷманд Қурбонмуроди Азиз даври пирӣ меронад. Фарзандони падар – апаи Сафармоҳ, Зубайда, Ҳамида, Қаландари шифокор, Музаффар, янгаи Хадича, келинашон Ойсора, набераҳои бобо Мақсуду Фирӯз гирди гули сари сабади хонадон парвонавор давр мезананду ғамхорӣ мекунанд.
Мутаассифона, гоҳо мо дар банди ғафлатем. Ба қавли шоир:
Дар рӯйи ҷаҳонему 
надонем ҷаҳон чист,
Фарзанди замонему 
надонем замон чист...
Ношукрии мо бар намаки умр зиёд аст,
То ҷон набарорем, надонем, ки ҷон чист.
Яъне дарк намекунем, ки мисоли Қарбонмуроди Азиз солхӯрдаҳои соҳибмаърифат, адабпарвар ва пурдон ангуштнамо, васлгари дирӯзу имрӯзу фардоянд. Мо бояд аз онҳо дарси ҳаёт биомӯзем. Охир, фардо таърихи маҳал, саҳифаҳои арзишманди он, зиндагиномаи шахсиятҳои машҳур ва сарбаландро аз кадом манбаъҳо дармеёбем?
– Аз хонаи устод дур мешудаму ин суханонро зери лаб такрор мекардам: Бале, бе гузашта имрӯз, бе имрӯз фардо нест. Роҳи тайкардаи Қурбонмуроди Азиз барин инсонҳои шариф барои насли ҷавон дарси ибрат аст.

Ниёзмурод МУРОДОВ,
ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: