АГАР ГУНОҲАШРО ЭЪТИРОФ КАРДАНИ ШАХС БАР ЗИДДИ Ӯ ДАЛЕЛИ ЯГОНА БОШАД, ВАЙ ГУНАҲКОР ДОНИСТА НАМЕШАВАД

Дар кишвари мо инсон, ҳаёт, озодӣ, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои дахлнопазир арзиши олӣ мебошанд.

 Ин аст, ки дар Конститутсияи навтаъсиси мо шаъну шарафи инсон ва дахлнопазирии ҳуқуқи ӯ дар ҳама ҷабҳаҳо ба таври қатъӣ муайян шудааст.
Масалан, аз замони қабули Қомуси асосӣ дар соли 1992 тағйироту иловаҳо ба он асосан ба идоракунии давлатӣ ва қонунгузории интихобот дахл дошта бошанд, навсозии асосии тағйироти индафъаина бо он аҳамиятнок аст, ки ба пурзӯр гардондани  кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва ҳимояи иҷтимоии инсон нигаронида шудааст. 
Махсусан, дар Конститутсияи нави мо манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷамъият ба назар гирифта шудаанд. Қоидаҳо оид ба ҳуқуқу озодии инсон чандин баробар зиёд шуда, дар навбати худ ӯҳдадории давлат дар назди халқ чандин баробар меафзояд. Зеро, дар таҳияи лоиҳаи Конститутсия меъёри «манфиати инсон аз ҳама воло» асос шудааст.
Ҳамчунин, боз як тағйироти муҳими дигар ин аст, ки доғи судии  шахс ва оқибатҳои ҳуқуқӣ, ки ба он оварда мерасонад, барои маҳдуд кардани ҳуқуқи наздикони ӯ асос намебошад.
Ин қоида, ки ба Қомуси асосии мо дохил карда шудааст, ба раҳоӣ ёфтан аз боқимондаҳои аз сохти собиқ меросмандаи ба монанди гунаҳкор донистани одами бегуноҳ, ки солҳои тӯлонӣ ташвиши мардуми мо буд, нигаронда шудааст.
Сабаб дар он аст, ки бисёр шаҳрвандони мо дар тӯли солҳои зиёд аз сабаби ҷинояти дидаю надониста содиркардаи  ким-кадом хешаш аз бисёр ҳуқуқҳо маҳрум карда мешуданд. Ба шарофати ислоҳоти шаш соли охир чунин меъёри ғаразнок дар қонунгузорӣ аз байн рафт.
Ҳоло ин меъёр дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам карда мешавад. Ин имконият фароҳам меорад, ки кадрҳои зиёди соҳибихтисос дар соҳаи худ кор карда, дар пешрафти мамлакатамон саҳм гузоранд.
Оид ба таъмини ҳуқуқҳои инсон тавассути Конститутсияи навшудаистода тағйироти зиёде ворид карда мешаванд. Бо ин дигаргуниҳо ба шаҳрвандон имконият дода мешавад, ки дар тамоми марҳилаҳои идоракунии давлат ва ҷамъият фаъолона иштирок кунанд, дар иҷрои ҳар як ҳуҷҷати муҳим овози худро дошта бошанд.
Хусусан, ба шаҳрвандон, агар шумораи онҳо аз сад ҳазор нафар кам набошад, ҳуқуқи ба тартиби ташаббуси қонунгузорӣ ворид намудани пешниҳоди қонунгузорӣ ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дода шудааст. Ба Қонуни асосии мо дохил карда шудани чунин меъёр иштироки шаҳрвандонро дар идоракунии корҳои давлатӣ васеъ мекунад.
Меъёри дигари муҳими Қонуни асосии мо — агар гуноҳашро эътироф кардани шахс бар зидди ӯ далели ягона бошад, кафолат дода мешавад, ки вай гунаҳкор нест ва ба ҷазо кашида намешавад. Ин ҳолат барои муайян кардани ҳақиқат оиди ҷиноят, инчунин пешгирии ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани одамони бегуноҳ ва дар айни замон ошкор намудани гунаҳкори воқеӣ ё шахсони содиркарда хизмат мекунад.
Тамоюли «барои шаъну шарафи инсон» дар Конститутсия, қонунҳои мо ва фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд меъёри асосӣ бошад. Бинобар ин дар лоиҳаи Конститутсия қайд карда шудааст, ки шаъну шарафи инсон дахлнопазир аст ва ҳеҷ чиз барои поймолкунии онҳо асос шуда наметавонад.
Умуман, кабули Конститутсияи мо, ки бо дигаргуниҳои Ӯзбекистони Нав ҳамоҳанганд, гарави фардои мост.
 
Махфират 
ХУШВАҚТОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: