АГАР ХОҲӢ, НАКӮТАРИНИ МАРДУМОН БОШӢ...

Фарҳодро имшаб то дер хобаш набурд.

Дар хусуси маъракае, ки ба наздикӣ бахшида ба зодрӯзаш ва суннатии набераҳои ширинаш бояд барпо мегардид, фикр мекард. Оё дили ҳар меҳмонро ба даст оварда метавонад, дар хидматрасонӣ ба дӯстону қарибон камию костӣ рӯй намедода бошад. Баъзе тӯйҳо хеле табъи дил мегузаранд, ҳама дар ҷойи хидмати худ, касе рафтори беҷо намекунад, ҷавонон даст ба дасти якдигар дода, ба қавле, аз най миён баста хидмат мекунанд. Худо хоҳад ҳамааш хуб мегузарад...  
Эҳе, дар ин ҳавливу чорбоғи падар, ки аз ҳар як сангу чӯб, дарахту ниҳол, гӯшаву канори хонаҳо суроби падару модари зиндаёдаш ба назар мерасид, чандин тӯю тантана, маъракаю шабнишиниҳои оилавиро гузарондаанд.  
Падари омӯзгораш Боймурод Йӯлдошев ба ҳамаи чорабиниҳои оилавӣ сару бар буд, роҳу равиш нишон медод. Модари дилёбу меҳрубон, меҳмоннавозу инсондӯсташ холаи Муаззама меҳмононро пазироӣ мекард. Духтарону арӯсонро “ба по мехезонд”. Мегуфт: “Иззати ҳар як меҳмонро, ки моро ҳурмат карда омадаанд, ба ҷо биёред”. 
Холаи Муаззама бо муаллим даҳ нафар фарзандро дар шароити душвори деҳа, бо нони ҳалол ба воя расонданд. Садоқат ва эҳтироми якдигар зиндагиашонро ширин карда буд. Панҷ панҷаи холаи Муаззама ҳунар. Барои ҷиҳози арӯсии духтарони деҳа сӯзанӣ, кашидадӯзӣ, кӯрпаю болишт ва қолиҳои хушбофтро омода мекард. Дар пухтани нони башир, қатламаву чалпакҳои равғанин маҳорати баланд дошт. Ин ҳунарҳои миллиро ба духтарони ҷавон низ меомӯзонд. Гӯяндаи сурудҳои халқӣ буд. 
Марги духтари 25-солааш Мукаррама ва набераи ғӯрамаргаш қомати ин зани дарёдилро андак хам карда бошад ҳам, шукри зиндаҳо кард, ҳамаро хости Худо донист, ба тақдир тан дод...
Фарҳодҷон дар ёд дорад. Чашми рӯз накафида модараш падарашро аз хоб бедор карда гуфта буд:
– Додош, саҳархезӣ хосияти хуб дорад. Аслимуроду Мавлударо то мошини акаи Абдусаттор бояд расонем, охир таътил ба охир расиду онҳо бояд роҳи Душанберо пеш гиранд. (Бародару хоҳари калонии Фарҳод – Аслимуроду Мавлуда дар муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон таҳсил мегирифтанд. Дар он рӯзгор аз деҳаи кӯҳии Эҷи ноҳияи Нурато танҳо як ё ду мошини боркаш ба маркази ноҳия мерафту халос).
Муаллим саросема аз ҷойгаҳ хесту ба берун баромад. Оташи танӯр ҳавлиро рӯшноӣ медод. Холаи Муаззама аллакай ба нонпазӣ шурӯъ карда буд. Мехост ба халтаи фарзандонаш нони гарм андозад, “нон ҳамсафари хуб аст”, мегуфт ӯ. Дарвоқеъ, имрӯз муаллим дар мактаб навбатдор аст. Он солҳо дар деҳа чойхонаву ошхона набуд. Муаллимон банавбат нони гарм бурда, бо чой тановул мекарданд.  
Ҳамин тариқ, ин оилаи тифоқу аҳл фарзандонро хононданд, соҳиби касбу кори дилхоҳ намуданд.
Фарзанди хурдии онҳо – Фарҳод Йӯлдошев аз пайи падару модари маърифатпарвару бофарҳанг рафт. Ҳоло соҳиби фарзанд, бобои набераҳои дӯстрӯяк мебошад. 
Фарҳод Йӯлдошев маълумоти миёнаро дар мактаби рақами 43-юми деҳааш гирифта, солҳои 1981—1986 таҳсилро дар факултети иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома дод. Падараш, ки муаллими математика буд, ба иқтисоддон шудани Фарҳод пойдевор гузоштааст. Донишгоҳро бомуваффақият хатм намуд, фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи савдою иқтисодиёти ҶС савдои Нуратои вилояти Навоӣ оғоз намуд. 
Маълум аст, ки баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ мардум як муддат аз маҳсулоти хӯрокворӣ танқисӣ кашид. Фарҳод Йӯлдошев яке аз фаъолон буд, ки ҳаракат мекард ба аҳолии гирду атроф маҳсулоти хӯроквории заруриро (орд, равған, биринҷ, шакар...) саривақт расонад. Ба оилаҳои камтаъмин, маъюбон, серфарзанд ва бепарастормондагон аз наздик кӯмак мерасонд. Ҳоло ӯ роҳбари фирмаи хусусии “Гули боғ” мебошад. 
Фарҳод бо духтари омӯзгори варзида Низом Тилабов (рӯҳашон шод бод!) Манзурахон издивоҷ кард, ду духтару ду писарро ба воя расонданд. Писарбузурги онҳо – Файёз Йӯлдошев дар ҶС “Ӯзэнергоинжиниринг” фаъолият дорад. Фаридун Йӯлдошев (Фаридуни Фарҳодзод) рӯзноманигор, котиби масъули рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” аст. 
Роҳи тайкардаи онҳо байти зерини Муҳаммад Иқболро ба ёдам овард, ки фармудааст:
Ту, ки аз нури худӣ тобандаӣ,
Гар худӣ маҳкам кунӣ, пояндаӣ.
Мисли ин аст, ки Фарҳод ин суханони Унсуралмаолии Кайковусро ҳамеша дар мадди назар дорад: “Агар хоҳӣ, ки қадри ту бар ҷой бошад, қадри мардумони некӯ бишинос. 
Агар хоҳӣ, ки некӯтарин ва писандидатарини мардумон бошӣ, он чӣ ба худ написандӣ, ба кас маписанд”.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.      
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: