Имрӯзҳо ҳамаи мову шумо дар остонаи санҷишу имтиҳонҳои зиёде истодаем.
Имрӯзҳо ҳамаи мову шумо дар остонаи санҷишу имтиҳонҳои зиёде истодаем. Ин ҳам худдорӣ аз бемории коронавирус мебошад, ки дар тамоми қитъаҳои дунё доман густурдааст. Баҳри рафъи ин беморӣ алҳол ҳукумат як қатор чорабиниҳои муфидро андешидааст, ки ҳамаи ин баҳри некуаҳволии мардуми мо нигаронида шудааст.
Чи тавре ки огаҳӣ дорем, айни замон баҳри қимат нагардидани нархи наво дар бозорҳо аз ҷониби масъулони соҳа назорати ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки мардуми мо ҳеч гоҳ аз набудани маҳсулоти мавриди истеъмол тангӣ нахоҳад кашид. Вале баъзан шоҳиди он мегардем, ки фурӯшандагоне баҳри қимат намудани маҳсулоти хӯрокворӣ аз қабили картошкаву пиёз ва ғайра ҳаракат доранд.
Бинобар маълумотҳо қариб ҳар рӯз ходимони назорати давлатии андоз дар бозорҳо бо фурӯшандагон мулоқот намуда, қоидаҳои нав, ҳамчунин беасос боло бардоштани нархи маҳсулотро фаҳмонидаанд. Рӯзе, ки аз рӯйи зарурат мо ҳам дар бозори Деҳнав будем, шоҳиди он гардидем, ки ходимони соҳаи андоз бо як муомилаи хуб фурӯшандагонро огоҳӣ медоданд, ки нархи маҳсулотро баланд набардоранд. Вақте ходимони соҳа он ҷо буданд, нархи картошкаро пурсон шудем. Фурӯшанда гуфт, ки 3500 сӯм аст. Аммо муддати зиёде нагузашта, вақте назоратгарон чанд қадам дур шуданд, хостем картошка харид кунем, аммо, ба қавле, моҳиамонро об бурд. Фурӯшанда бо овози баланд нархи картошкаро 4500 сӯм гуфт. Сабаби дигаргун шудани нархро пурсидем:
– Бародар, шумо ҳам моро фаҳмед. Рӯзи дароз дар бозор мешинем. Ҳазор сӯм куҷоро обод мекунад? – гуфт дар ҷавоб фурӯшанда.
Ростӣ, ин ҷавоби фурӯшанда андаке моро дилсард кард. Ҳарчанд ба ӯ вазъияти имрӯзаро фаҳмондем, фоидае надошт.
Мақоле ҳаст, ки мегӯянд: «Туро газад, маро чӣ ғам?»
Агар ҳамаи мо чун ангуштҳои як мушт муттаҳид гардида, баҳри рафъи ин бало ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ амал намоем ва ба сари инсоф омада, худро чун шаҳрванди баору номус дар чунин лаҳзаҳои душвор фақат манфиати худро не, балки манфиати кулли мардумро андеша кунем, албатта, бо сарбаландӣ аз ин варта берун хоҳем омад.
Бо боварии калон гуфта метавонем, ки мардуми кишварамон ин душвориҳоро дар рӯзҳои наздик паси сар хоҳанд намуд. Барои ин босабр будану ба воҳима наафтодан тавсия карда мешавад.
Солеҳи МУҲАММАДҶОН,
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.