АГАР МОДАР КИТОБХОН БОШАД...

Кас ҳайрон мешавад, ки чаро шавқи илмомӯзӣ дар ҷавонон гум шудааст. Аксар падару модарон дар фикри ба кӣ шавҳар додан ё киро арӯс кардан, интихоби қудои сарватманд ҳастанд. Дар чунин оилаҳо мавзӯи суҳбат ҳам дар ҳамин хусус аст. Писаре, ки касбу ҳунар надорад, оилаи худро чӣ тавр таъмин мекунад? Духтаре, ки дониши кофӣ надорад, ба рӯзгордорӣ тайёр нест, пухтани таом, шустушӯй, рӯбучинро аз куҷо донад?

Дирӯз келини ҳамсоя назди ҳамсарам омад.

– Эъ, ин бачаҳои ҳозира дарс тайёр кардан намехоҳанд, – гӯён аз салом пештар лаб ба шикоят кушод вай.

– Аз китоб хон, вазифаи хонагиатро иҷро кун, беҳуда надав, – гуфтан хаста шудам. Калониаш – масъала душвор ҳал карда наметавонам, мегӯяд, дуюмаш хӯрокхӯриро баҳона кард. Хурдӣ об нӯшиву ҳоҷатравиаш гирифт. Эъ, нест шавед, хонед барои худатон, ба ман чӣ, гуфтаму баромада пеши шумо омадам.

– Набераҳои ман ҳам ғарқи бозӣ. То бобошон маҷбур накунанд, дарстайёркунӣ ба хотирашон намеояд, – ҷавоб гуфт бибӣ.

– Албатта! – сил мешавед-дия, келинмулло, – гуфтам ман аз дуртар. Вақте бача берун аз синф ба забони модарӣ ҳарф мезанаду ҳангоми дарс ба дигар забон таълим мегирад, қабулу омӯзиши фан душвор мешавад-дия.

То кӯдакро аз хоб хезонда ба мактаб нафиристед, бо ихтиёри худ намеравад. Барои ба дарсхонӣ рафтанашон онҳоро аз ҷогаҳ маҷбур хезондан даркор. Аз бисёр писару духтарон мепурсам, ки дар оянда кӣ шудан мехоҳанду дар кадом соҳа хонданро давом медиҳанд? Аз шарм лоларанг мегарданд ё маҳмадоноӣ карда, – «хондан чӣ даркор?» – гуфта ҷавоб мегардонанд. Кас ҳайрон мешавад, ки чаро шавқи илмомӯзӣ дар ҷавонон гум шудааст. Аксар падару модарон дар фикри ба кӣ шавҳар додан ё киро арӯс кардан, интихоби қудои сарватманд ҳастанд. Дар чунин оилаҳо мавзӯи суҳбат ҳам дар ҳамин хусус аст. Писаре, ки касбу ҳунар надорад, оилаи худро чӣ тавр таъмин мекунад? Духтаре, ки дониши кофӣ надорад, ба рӯзгордорӣ тайёр нест, пухтани таом, шустушӯй, рӯбучинро аз  куҷо донад?

– Зудтар бо номи нек ба соҳибаш супорем, – гӯён ӯро ба шавҳар медиҳанд. Арӯс дар муҳити нав, дар оилаи бегона ҷисмонан, рӯҳан азоб мекашад. Дере нагузашта мебинед, ки ду-се кӯдакдор шудааст. Дар замоне, ки тарбияи кӯдак торафт мураккаб мегардад, модари камсавод ба фарзандаш чӣ хел дониш дода метавонад? Агар модар саводнок, хушахлоқу аз маърифат бохабар бошад, фарзандонро таълиму тарбияи хуб медиҳад.

Агар як тарафи ин масъала ба телевизор, компутер ва телефон руҷӯъ кардани кӯдакон бошад, тарафи дигари он ба муҳити оила вобаста аст. Калонсолони хонавода хушмуомила, баодоб, китобхон бошанд, кӯдак ҳам аз онҳо ибрат мегирад. Агар акси он бошад-чӣ?

Ҳамаи мо мехоҳем, ки фарзандонамон соҳибилм бошанд. Аммо баъзан ҷавонмодаронро мебинем, ки бепарвоянд, ё бо сиёсат, дӯғу пӯписаву дашном дарс омӯзониданӣ мешаванд.

– Хез, сумкаатро биёр, дарсатро тайёр кун! – гуфта худ саргарми суҳбат, ё ғарқи тамошои телефон бошем, кӯдак ҳам номаълум аз паҳлӯямон ҷой мегирад. Хеле мехостам, ки сарварони оила дар китобхонӣ намуна бошанд. Кам бошад ҳам, вақт ҷудо карда пеши чашми аҳли оила китоб мутолиа кунанд. Инчунин шавқу ҳаваси зану фарзандонро иҷборан ё бо ягон роҳи рағбатноккунӣ нисбат ба китоб бедор намоянд. Бонувон бояд китобхону адабиётдӯст ва худогоҳ бошанд, зеро модар боғбону фарзанд ниҳол аст:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

– гуфтаанд бузургон.

Бисёр вақт рафтори кӯдаконро мушоҳида менамоям. Яке корро хурсанд, бо табъи дил, дигаре бо дили нохоҳам иҷро мекунад, сеюмӣ ба модараш шарт мегузорад, ки барои дарскунӣ туҳфае диҳад. Кӯдак аз хурдсолӣ тарзи суханрониву ҳаракати калонсолонро назорат карда, ба онҳо пайравӣ мекунад, тақлид менамояд. Аз ин рӯ, падару модарон бояд ба фарзандонашон бештар эътибор диҳанд.

Китоб аз ҷумлаи ихтироъҳои бузург дар таърихи инсоният аст, ки зиндагии ӯро ба куллӣ тағйир дод. Китоб дӯстест, ки камбудӣ ва норасоии касро беминнат ва беғараз ислоҳ мекунад. Шахсе, ки ҳар рӯз мутолиа мекунад, аз он панд мегирад, ҷаҳонбиниаш васеъ мешавад, нутқаш равон гардида, ба дунё ва гирду атрофаш бо назари нек менигарад. Дӯстро аз душман фарқ карда метавонад, муҳимаш, худшинос мешавад. Ва боз чуноне, ки дар ҳадис омадааст: «Илм авлотар аз ибодат аст».

Комилҷон Ҷӯразода.

Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: