19 январи соли равон дар корҳои ғояи миллӣ ва маънавию маърифатӣ гардиши куллие ба вуҷуд омад.
19 январи соли равон дар корҳои ғояи миллӣ ва маънавию маърифатӣ гардиши куллие ба вуҷуд омад.
Дар ин сана дар ҳузури Президент чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани низоми ғояи миллӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ, пурзӯр намудани ҳамкории давлат ва созмонҳои ҷамоатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд, мақсаду вазифаҳо муайян гардиданд.
Шавкат Мирзиёев дар гирдиҳамоӣ изҳор дошт: «Агар ҷисми ҷамъият иқтисодиёт бошад, рӯҳу ҷони он маънавият аст. Мақсад агар бунёди Ӯзбекистони нав бошад, мо бояд ба ду сутуни қавӣ такя кунем. Якум — иқтисодиёти нирӯманде, ки асосашро тамоюлҳои бозорӣ ташкил медиҳад, дуюм — маънавияти нерӯманде, ки асосашро мероси маънавии аҷдод ва арзишҳои миллӣ ташкил медиҳад».
Табиист, ки инсон мураккаб аз ягонагии тану рӯҳ аст. Ба хотири яке наметавон дигареро қурбон кард. Аммо ба ҳамоҳангии он ноил гардидан кори осон нест. Инро хоҳ дар мисоли як шахс, хоҳ ҷамъият бинем, аён мегардад, ки кори басе масъулиятталаб мебошад. Бо вуҷуди ин, инсон ба камол расидан мехоҳад.
Дар соҳаи иқтисодиёти мамлакат ислоҳоти зиёде ба амал татбиқ мегарданд. Мо ба дунболи иқтисодиёти нирӯманде меравем, ки асоси онро тамоюлҳои бозорӣ ташкил медиҳад. Чорабиниҳои пайгирона доир ба коҳиш додани муфлисӣ андешида мешаванд. Ҳатто дар Барномаи давлатии «Дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ», ки дар байни халқ мавриди муҳокима қарор гирифтааст, дар ин хусус чорабиниҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд. Мусаллам аст, ки дар баробари рушди иқтисодиёт, муфсилӣ низ коҳиш меёбад. Вале муфлисии маънавиро чӣ хел метавон бартараф кард?
Президенти Ӯзбекистон ин масъаларо ба миён кундаланг гузошт. Як нуктаи нозукро набояд фаромӯш кард. Дар байни қашшоқии моддӣ ва маънавӣ иртиботи ногусастание вуҷуд дорад. Табиист, ки дар баробари барҳам хӯрдани камбағалӣ решаи муфлисии маънавӣ низ аз байн меравад. Зеро ба гӯши одами шикамсер садои маънавият хушоянд аст. Дар ин хусус дар урфият гӯянд: «Пеши одами гушна танбӯрнавозӣ суд надорад»?! Веле дар мисоли давлатҳои рушдкарда дида истодаем, ки серӣ сабаби зиёдаравиҳост. Вазифаи тарғиботи маънавияту маърифат бошад, иборат аз пайдо кардани ҳалқаи тилоии васатист.
Таъкид гардид, ки имрӯз кор карда баромадани консепсияи рушди ғояи миллӣ, куллан такмил додани низоми тарғиби маънавияту маърифат дар мамлакат, дар ин самт боз ҳам пурзӯр кардани ҳамкориҳои давлату созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҷумлаи вазифаҳои басе муҳимест, ки дар назди халқу ҷамъият истодаанд.
Соҳаи ғояи миллию мафкура ва маънавияту маърифат ҳар рӯзу ҳар соат дар назди ҷамъият вазифаҳои нав ба навро гузошта, ҳаллу фасли онҳоро тақозо менамояд. Дар баробари дигар шудани авзои дунё фикру нуқтаи назари одамон ва муносибати онҳо ба ҳаёт тағйир меёбад. Бояд ошкор гуфт, ки дар майдони мафкура бо такя ба усулу воситаҳои 4-5 сол пеш наметавон мубориза бурд. Зеро майдони ахбор беш аз андоза вусъат пайдо кардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоии таркиби расонаҳои ахбори оммавӣ самтҳои гуногун рӯйи кор омадаанд. Муборизаи мафкуравӣ беш аз пеш пурзӯр гардид ва печидагиҳо пайдо кард. Ҳар рӯз ахбори гуногун пешниҳод мегардад. Онҳоро кӣ аз ғалбер гузаронда, хубашро аз нохуб ҷудо карда медиҳад. Имрӯз кӯдаки забонаш ҳанӯз набаромада низ телефони дастӣ дорад. Вай дар он чиро мебинад? Касе оё инро таҳти назорат мегирад? Ахбори воридшуда ба шуури бача чӣ асорате дорад? Он ахбор ба некӣ хидмат мекунад ё бадӣ? Имрӯз сафи блогерон низ зиёд шуд. Демократия, тибқи қонун баромади онҳоро ҳеч кас манъ карда наметавонад. Бигирем, як гапи хато гуфта шуд, блогере хабари марги як шахси машҳурро расонд. Агар каси дигар «шӯхӣ»-и ӯро инкор накунад, он одам ба қатори мурдагон медарояд.
Дар уфият мегӯянд: «Қошуқи холӣ даҳонро даронад». Дар чорабиниҳои тарғиботи маънавию мафкуравӣ бояд ғояҳои ба миён гузошташуда асосе дошта бошанд. Ба таври дигар гӯем, корҳое, ки дар ин самт анҷом дода мешаванд, бояд моҳияти сиёсати халқпарваронаи давлатро кушода диҳанд.
Солҳои охир боварии шаҳрвандон ба давлат зиёд шуд. Зеро идораҳои давлатӣ ба халқ хидмат мекунанд. Президент аз роҳбарон талаб мекунад, ки бо ғаму дарди халқ ба сар баранд. Инро дар маҳалҳо халқ дуруст қабул мекунад. Дар видеоселектор такрор таъкид гардид, ки қабл аз ҳама бояд худи роҳбар соҳиби маънавияти воло бошад. Ғояҳои олӣ ҳамон вақт ба амал татбиқ мешаванд, ки халқ онҳоро бипазирад.
Дар видеоселектор вазифаи мунтазам баргузор намудани «Соатҳои маънавият», ба ин кор ҷалб намудани зиёиён, аз ҷумла, омӯзгорон ва профессорони муассисаҳои таълими олӣ гузошта шуд. Бояд гуфт, ки дар ин бобат таҷрибаи муайян ҷамъ шудааст. Вале имрӯз аз дирӯз фарқ дорад. Дар назди халқ бояд бо сухани имрӯз баромад кард. Ба минбар бе омодагӣ баромадан нашояд.
Хурӯҷҳои хориҷӣ авҷ мегиранд. Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ амвоҷи фикру ғояҳои гуногун ба зеҳнҳо латма мезанад. Дар паси ин афкор нирӯҳое ниҳонанд.
Ҳамаамон ҳис мекунем, ки халқро бояд ба огоҳӣ даъват намуд, хусусан, дар ҷавонон бояд салоҳияти таҳлилӣ — ҷудо карда тавонистани ахбори зарарнок ва безарарро ташаккул дод. Тавре кард, ки онҳо бо зиракиву ҳушёрӣ ба амвоҷи афкори воридшудаистода қаробат ҷӯянд.
Дар байни зиёиён зиёданд нафароне, ки аз ахбори тезкор истифода бурдан, аз телеграма маводеро ба дигаре интиқол додан ё ҳуҷҷатеро ба сурат гирифтан наметавонанд. Ин гунаҳо дар ҷараёни дарс додан ба талабаҳо аз ахбори рӯз бехабар мемонанд. Ин аст, ки ба онҳо тамғаи аз замон қафомонда зада мешавад. Дар ин ҳолат ба ҷавонон аз ғояву мавқеъ ҳарф задани онҳо натиҷа намебахшад.
Дар видеоселектор оиди аз назари танқидӣ дида баромадани кору фаъолияти Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ ва куллан такмил додани он сухан рафт. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки дар пойгоҳи таълимии «Тарғибгари маънавият»-и Марказ Пажӯҳишгоҳи иҷтимоиву маънавӣ созмон дода шавад.
Як сухани Сарвазири Бритониёи Кабир — Черчилл, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон гуфтааст: «Оне, ки ахбор зиёд дар даст дорад, дунёро идора карда метавонад» хеле машҳур шуд. Ҳол он ки панҷ аср қабл шоир ва мутафаккир Алишер Навоӣ дар боби ба шоҳзода Шоҳғариби Баҳодур бахшида аз достони «Фарҳод ва Ширин» фармуда буд:
Ту шаҳ бошӣ — агар огоҳ бошӣ,
Агар огоҳ бошӣ — шоҳ бошӣ.
Агар мо огоҳу ҳушёрем — дорои ахборем. Агар огоҳ бошӣ, шоҳ хоҳӣ шуд, яъне ҷамъиятро идора хоҳӣ кард, — мегӯяд шоир дар сатри аввал. Дар сатри дуюм шарт гузошта мешавад: «Ба шарте, ки ту огоҳ бошӣ, шоҳ хоҳӣ шуд».
Дар даъвати бобокалони бузурги мо ва даъвати дар видеоселектор ба миён овардаи Шавкат Мирзиёев ҳамоҳангие эҳсос мешавад.
Султонмурод ОЛИМ,
номзади илмҳои филологӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Нақшбандия».