АГАР СЕСАД ЗАБОН ДОНӢ ФУЗУН НЕСТ...

Мо дар бораи забон борҳо сухан рондаем, дар шеър, мақола ва сурудҳо забони модариамонро боло мебардорему аммо дар асл-чӣ?

Ду сол пеш аз ин дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон меҳмон шудам. Яке аз рӯзҳо ба мағозаи хӯрокворӣ даромадам. Аз фурӯшанда оиди маҳсулот пурсон шудам. Ӯ ба ман, дар ҳар ҷавоби худ ботааҷҷуб нигоҳ мекард. Охир ҳайрати худро пинҳон дошта натавониста, «Шумо аз Душанбе?» – пурсид ӯ. Ман бошам, духтари тоҷики Ӯзбекистон, хатмкардаи мактаби рақами 50-уми ноҳияи Попи вилояти Намангон буданамро гуфта, табассум кардам.
Дукондор маҳсулоте, ки дар даст доштам, ҳамаашро ройгон дод. Ин ҳурмат ба ман набуд, ин нишонаи ҳурмат ба забони модарӣ буд!
Азбаски донишҷӯ ҳастам, ҳоло дар пойтахт зиндагӣ мекунам. 
Забон донистан, забон омӯхтан кори хуб. Дар ин хусус Лоиқ Шералӣ низ фармудааст:
Агар сесад забон донӣ фузун 
нест,
Ҳама рӯзе ба кор оянд забун нест.
Надонӣ гар забони давлати худ,
Пушаймонӣ надорад, оқибат суд.
Ман фикр мекунам, чаро мо забони худро неву забонҳои дигарро омӯхтанамон шарт мебошад? Барои чӣ мо – тоҷикон кӯшиш наменамоем, ки забони модариамонро, монанди русӣ оммавӣ гардонем? Ҳатто ба ин, худи сарвари ватанамон ҳам роҳ кушода додаанд. 
Маълум аст, ки дар кишварамон 245 мактаби умумитаълимӣ дар забони тоҷикӣ фаъолият мебарад. Дар донишгоҳҳои давлатии Бухоро, Самарқанд, Фарғона, Тирмиз ва Донишгоҳи омӯзгории Чирчиқ бахшҳои тоҷикӣ мавҷуд аст. Ғайр аз инҳо, рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар», маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» низ бо забони тоҷикӣ мебошанд.
Оре, барои мо ҳамон қадар имкониятҳои бисёр дода шудааст. Аммо барои чӣ забони худро ташвиқот наменамоем?!
Дар ҳамин ҷо, як сухани сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ёдам меояд: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд!».
Биёед, эй рафиқон, пойдор бошем бо забони худ. Бисёртар китоб хонему нависем. Аз газетаву маҷаллаҳои худ истифода кунем, талаботи маънавии худро қонеъ созем, шумораи онҳоро аз чор ба даҳ расонем. Барномаҳои телевизионӣ, гуфторҳои радио ва нашрияҳои тоҷикиро беш аз пеш вусъат диҳем.
Охир гуфтаанд: «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад».

Саёҳат 
ХУДОЙБЕРГАНОВА, 
донишҷӯйи факултаи
 менеҷменти Донишкадаи молияи Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: