АГАР ШАҲРВАНД САРИ ВАҚТ БАРОИ ГИРИФТАН Ё ИВАЗ КАРДАНИ КОРТИ ID МУРОҶИАТ НАКУНАД ...

Қаблан, шаҳрвандони аз ҳудуди дигари ҷумҳурӣ омада дар шаҳри Тошканд ҳангоми бақайдгирии доимӣ, хусусан фаъолият нишон додан дар ягон ташкилот ё муассиса бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешуданд.

Қаблан, шаҳрвандони аз ҳудуди дигари ҷумҳурӣ омада дар шаҳри Тошканд ҳангоми бақайдгирии доимӣ, хусусан фаъолият нишон додан дар ягон ташкилот ё муассиса бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешуданд. Ин мушкилот боиси эътирози асосноки аксари шаҳрвандон ва ҷомеаи мо мегардиданд.
Дар байни онҳо шаҳрвандони мо зиёд буданд, ки солҳои тӯлонӣ дар пойтахти азим кор мекарданд, аммо иҷозатномаи зисти доимӣ ва манзили истиқоматӣ надоштанд. Ин яке аз мушкилоти дардноки аҳолӣ буд. 
Ба туфайли ҳолатҳои бюрократии низоми «прописка», бисёре аз шаҳрвандони мо бо пули худ хона харида, онро ба номи шиносони соҳиби прописка расмӣ мекарданд. Дар натиҷаи ислоҳоти пайдарпайи солҳои охир маҳдудиятҳои мавҷудаи бидуни барӯйхатгирӣ ба кор қабул кардани шаҳрвандон аз байн бардошта шуданд. Маҳз паси ҳамдигар ҳаллу фасл шудани ин мушкилот ба маънои том зиндагии мардуми моро фаровон кард.
Аммо, калимаи «прописка» бо маънан кӯҳна шуданаш, дар тафаккури шаҳрвандон мафҳумҳои «монеъшаванда», «ба як ҷо вобаста», «маҳдудкунадаи озодӣ»-ро  ба миён меовард. Зеро, имрӯз ҳамаи кишварҳои пешрафта, инчунин Федератсияи Русия ва Қазоқистон аз мафҳумҳои барӯйхатгирӣ, дар давлати Латвия бошад, декларатсиякунӣ истифода мебаранд.
Аз ин нуқтаи назар, дар лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон” бо мафҳумҳои «барӯйхатгирӣ бинобар ҷойи доимии зист» ва «барӯйхатгирӣ бинобар ҷойи муваққатии будубош»  иваз кардани мафҳумҳои “ба қайди доимӣ гузоштан” ва “баҳисобгирӣ оид ба ҷойи истиқомат”, ки дар баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ мавҷуданд, ба назар гирифта шудааст. 
Дар ҷамъомади навбатии ба қарибӣ баргузоргардидаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дар лоиҳаи қонун, ки дар қироати якум баррасӣ гардид, дар сархатти шашуми моддаи 44-уми қонун «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» барои расмигардонии маълумотнома дар бораи тааллуқ набудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ситондани боҷи давлатӣ қайд шудааст, аз ин рӯ барои расмигардонии маълумотнома ба ставкаи боҷи давлатӣ боҷи давлатӣ муайян карда мешавад.
Дар Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ҷавобгарии маъмурӣ дар сурати сари вақт бинобар гирифтан ё ки иваз кардани корти ID муроҷиат накардани шаҳрванд, дар  ҳолати ба корношоямӣ овардан ё гум кардани он ибораи кашида нашудан ба ҷавобгарии маъмурӣ хориҷ карда мешавад. Илова бар ин, дар як қатор қонунҳо аз сабаби дар оянда якҷо бо корти ID-и идентификатсия корбурд шудани мафҳумҳои ба шиносномаҳои биометрӣ истифодашуда мафҳуми корти ID-и идентификатсия ворид карда мешавад. 
Боиси хушнудист, ки шахси то ҳаждаҳсола барои  он ки ба муносибати ба синни ҳаждаҳ даромадан саривақт шиноснома нагирифтааст, ҳамчунин, шаҳрванди хориҷии то ҳаждаҳсола ва шахси бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон будубош дораду ба муносибати ба синни ҳаждаҳ даромадан саривақт шаҳодатномаи зист нагирифтааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад.
Боиси хушнудист, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахси то ҳаждаҳсола ба муносибати ба шонздаҳсолагӣ пур шудан барои саривақт нагирифтани шиноснома инчунин шаҳрванди хориҷии то ҳаждаҳсола, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доимӣ зиндагӣ мекунад ва шахси бешаҳрвандӣ ба муносибати ба синни шонздаҳсолагӣ пур шудан барои сари вақт нагирифтани шаҳодатномаи зист хориҷ карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун таҷрибаи хориҷӣ дар соҳаи «прописка» ва «корти ID», аз ҷумла қонунҳои Австрия, ИМА, Белгия, Олмон, Куриёи Ҷанубӣ, Латвия, Малайзия, Украина, Сингапур, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон омӯхта шуда,  меъёрҳои ба қонунгузориамон мувофиқ қисман ба назар гирифта шуданд. 
Хулоса, инсон бояд бо сабабҳои ҳаётан муҳим барои ба ҷойи нави истиқомат кӯчидан ва ба қайди доимӣ гирифтан дар он ҷо ба идораҳои муҳоҷират ва шаҳрвандӣ меравад. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур дар амалиёти истифодаи ҳуқуқ ба як хел будани меъёрҳои «бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомати доимӣ ва бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомати муваққатӣ»,  яксон ба кор бурдани ин меъёрҳо оварда мерасонад ва  бо ин ҳуҷҷат орзуи бузурги халқи мо ҷомаи амал мепӯшад.

Абдулло РӮЗМЕТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: