АГАР ШИНОСНОМАИ ШАҲРВАНДӢ ГИРАМ, АЗ ДУНЁ БЕАРМОН МЕРАВАМ,

— мегӯяд Бегалӣ Болтаеви ҳаштоду нӯҳсола

Як гурӯҳи ҳафтнафарӣ дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона баъди интизориҳои дуру дароз шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба даст оварданд. Нарзиддин Бобоев, Шариф Бобоев, Очаойимбибӣ Зиёдова, Додохон  Мирзоев, Лола Тӯхтамишова, Хайринисо Мирзокалонова ва Хосиятхон Норматова аз ин бахту нишот сарфароз гардиданд.  
Тибқи хабари бахши Муҳоҷират ва расмикунонии шаҳрвандии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сӯх боз ҳашт нафар соҳиби шиносномаҳои шаҳрвандӣ хоҳанд шуд. Теъдоди ашхоси бе шиносномаи шаҳрвандӣ дар ноҳия ҳанӯз наздик ба  200 нафарро ташкил медиҳад. 
– Ман зодаи вилояти Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ҳастам, вале давраи наврасӣ ва ҷавониам дар ноҳияи Сӯх гузаштааст. Зану фарзандонам низ дар ҳамин ҷо таваллуд шудаанд. Ҳоло хеле хушбахт ҳастам, ки ба шарафи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ноил шудам, – мегӯяд Нарзиддин Бобоеви 68 сола.
– Ман охири солҳои ҳафтодум аз Тоҷикистон ба деҳа баргаштам ва дар мактаби миёнаи рақами 14 ба омӯзгорӣ машғул шудам. Вақте ки ба синни нафақа расидам, зарурат пеш омад, ки ҳуҷҷатҳоямро гирифта ба Тоҷикистон равам ва дар он ҷо ба нафақа бароям. Он вақт ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ барпо буд. Чунин иттифоқ афтод, ки дар иваз кардани шиноснома ҳавсала накунам. Бисту панҷ сол мешавад, ки дар ноҳияи Сӯх зиндагӣ мекунам. Синнам ба навад дакка мехӯрад, аммо намедонам, ки чаро ба ман шиносномаи шаҳрвандӣ намедиҳанд, – мегӯяд  Аълочии маорифи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ Бегалӣ Болтаев.
Вай изофа намуд, ки борҳо ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳия муроҷиат кард, ба идораҳои болоӣ мактуб ирсол намуд, аммо ба вай на ҷавоб доданду на шиносномаи шаҳрвандӣ.
– Бовар кунед, баъди марзбандиҳо тайи ду даҳсола мешавад, ки мисли бандӣ зиндагӣ мекунам. Дар ин муддат ягон бор аз қаламрави ноҳия берун баромада натавонистам. Агар бароям ҳамин шиносномаи шаҳрвандиро муносиб бинанд, аз ин дунё беармон мерафтам, – изҳор мекунад Бегалӣ Болтаев.
Маълум шуд, ки писари ӯ – Рустам Болтаев низ шиносномаи шаҳрвандӣ надорад. Вай Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар риштаи иқтисод хатм кардааст. Солҳои зиёд дар хоҷагии ҷамоавии ноҳия ба сифати иқтисодчӣ вазифа анҷом додааст.
– Ман шиносномаи шаҳрвандӣ доштам, вале онро бозпас гирифтанд. Баъди чанд рӯз шуъбаи корҳои дохилӣ маро даъват кард ва ба дастам гувоҳномаи иқоматро супурд. Ин ҳоли маро танҳо шахсе дарку фаҳмида метавонад, ки чунин сарнавишт ба сараш омадааст, – мегӯяд Рустам Болтаев.
– Чаро бо ман чунин ҳол рух дод, бароям ҳанӯз маълум нест. Маро дар шаҳраки Ҳайдаркони Қирғизистон ба ҳайси нозири минтақавӣ ба кор таъин карданд. Баъд ба нафақа баромадам ва ба Сӯх баргаштам. Бештар аз бист сол боз дар ҳавлии худам зиндагӣ мекунам. То ҳанӯз шиносномаи шаҳрвандӣ надорам, – гуфт собиқ капитани мустафъӣ Раҳмиддин Ғиёсиддинов.
– Ман солҳои зиёд аз ноҳияи Сӯх рафта дар шаҳраки Ҳайдаркони вилояти Боткент кор  кардаам. Барои зиндагии муваққат корхонаамон бароям як хона ҷудо кард ва дар ҳамон хона худро ба қайд мондам. Баъд ба нафақа баромадам. Хабардор шудам, ки вақти муқарраршудаи иваз кардани шиносномаҳо гузаштааст, барои ҳамин солҳои дароз сарсону саргардон ҳастам, – мегӯяд Йигиталӣ Устоаҳмадов ном сокини маҳаллаи Қақири ноҳияи Сӯх.
Ба ҳуҷҷатҳои расмӣ рӯй меорем. Дар «Тартиби расмӣ кардани ҳуҷҷатҳо барои қабул ба шаҳрвандии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» омадааст, ки новобаста аз ҷои таваллуд, мансубияти қавмӣ ва миллӣ, ҷинс, маълумот, забон, муносибат ба дин, ақидаи сиёсӣ ва ғайра баъди сипарӣ гардидани панҷ сол ба ҳаққи бо ариза барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиат кардан соҳиб мешаванд.
Мувофиқи ин ҳуҷҷат агар муроҷиаткунанда дар қаламрави ҳамон маҳал таваллуд шуда бошад ва собит карда тавонад, ки яке аз волидайн, бобо ё модаркалонаш дар он ҷо ба дунё омадааст ва шаҳрванди кишвари дигар нест, метавонад барои гирифтани шиноснома ба шуъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат кунад. 
Пас, ҳуҷҷатҳои расмӣ имкон медиҳанд, ки одамон аз тариқи муроҷиат ба шуъбаи корҳои дохилии маҳали истиқомат шиносномаи шаҳрвандии Ӯзбекистонро ба даст оваранд. 
Вале сабаб чист, ки одамони зиёд аз ин ҳуқуқ муддати дароз бенасиб мондаанд ва чаро ба шаҳрвандӣ пазируфтани онҳо ба солҳои тӯлонӣ кашол ёфтааст? 
Барои пайдо кардани посух ба ин суол ба сардори Саридораи бақайдгирӣ ва шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ муроҷиат кардам. Вай маро ба мудири яке аз шуъбаҳои ин идора подполковник Фахриддин Турсунов муаррифӣ кард. Ба Ф. Турсунов матлабамро фаҳмонидам. 
Фахриддин Турсунов  маро бо афсари дигар – ходими шуъба Нодир Зиёев рӯ ба рӯ кард ва дастур дод, ки ин масъаларо бо ман матраҳ кунад, ба саволҳоям ҷавоб диҳад.  Нодир Зиёев баъди сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, ки ҳатман ин масъаларо таҳқиқ мекунад ва дар сӯҳбати баъдӣ ҷавобашро мегӯяд. 
Мувофиқи ваъда ба Нодир Зиёев занг задам ва пурсидам, ки чаро дар бобати ҷавоби саволҳо таъхир мекунад ва  илова кардам, ки гузоришамро таҳия карда ба чоп бояд супорам. Вай маро ба сабр кардан даъват кард ва илова намуд, ки  ҳанӯз ба таҳқиқи мавзӯъ машғул аст. 
Муаммоҳои гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ барои шахсони зиёде, ки солҳои тӯлонӣ мунтазиранд, чӣ сабаб дошта бошад?  Вақти сӯҳбат ходими Саридораи бақайдгирӣ ва шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилӣ Нодир Зиёев иброз дошт, ки дар ноҳияи Сӯх низ 16 нафар аллакай соҳиби шиносномаҳои шаҳрвандӣ шуданд. Ҳол он ки дар муддати беш аз 20 сол    танҳо 7 нафар дар ин ноҳия ба мақоми  шаҳрвандӣ пазируфта шудаанду халос. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори махсуси 
«Овози тоҷик».

ФАРҒОНА – ТОШКАНД – ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: