– Ассалому алайкум, муаллим. Мумкин?
– Дароед, – дар лабони омӯзгор табассум шукуфт ва бо чеҳраи болида ӯро истиқбол гирифт.
Донишҷӯдухтар, ки соле пеш ба шавҳар баромада буд, гуфт:
– Домулло, ман дар якчанд машғулот иштирок карда натавонистам. Ҳоло барои азхудкунии дарсҳо омадам.
– Чаро иштирок накардед? – чашм аз ӯ наканда гуфт муаллим.
– Рӯзгордориро медонед-ку… – камтар шарм дошта, хиҷолатзада гуфт вай.
– Чӣ, домодтӯра ёрӣ намерасонанд?
– Бошанд-ку...
– Магар нестанд? – кунҷковона пурсид муаллим.
– Не, дар хориҷа.
– Дар куҷо?
– Дар Русия.
– Не-е. Ин хел арӯси нозанинро ба кӣ партофта рафтанд? – луқма партофт муаллим.
Баъд аз чанд моҳ овоза паҳн гардид, ки духтараки донишҷӯ бо устоди донишгоҳ «ишқ» варзидааст.
Мутаассифона, вақтҳои охир чунин овозаҳо, ки ба муносибати байни муаллим ва донишҷӯён вобастаанд, бештар ба гӯш мерасанд. Кас бо шунидани ин гуна овозаҳо ангушти ҳайрат мегазад. Меандешад, ки наход омӯзгори боргоҳи таълими олӣ, ки бояд бо рафтор, гуфтор, маданият ва хиради воло намунаи шогирдон бошад, ба чунин амали номатлубу ношоям даст занад. Аммо шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад.
– Аз маҳаллаамон арӯсе дар донишкада бар асоси шартнома мехонд, – мегӯяд сокини шаҳри Самарқанд Саодатхола. – Баъд аз хонадоршавӣ корҳояш бисёр шуда, аз дарсҳо мемонад. Вақти имтиҳон омӯзгоре барои баҳо гузоштан пул пурсидааст. Арӯсак аҳволро ба шавҳараш гӯяд, ӯ «пули контрактатро медиҳем, ин кам буд, ки акнун барои баҳоят ҳам пул диҳем» гуфтааст. Азбаски падару модараш ҳам аранг рӯзгор мегузаронданд, барои аз онҳо пул пурсидан рӯяш нашудааст. Пулро надиҳад, аз хондан хориҷ мешуд ва меҳнати сесолааш барбод мерафт. Ба муаллим шароиташро фаҳмондааст. Муаллим ба ӯ шарт гузоштааст, ки агар бо вай ба «чойнӯшӣ» равад, баҳо мегузорад. Донишҷӯ ноилоҷ розӣ шудааст. Омӯзгори нобакор мулоқоти худро бо келинчак сабт карда, баъди нишасти аввал ба ӯ таҳдид кардааст, ки агар боз ҳамроҳӣ накунад, сабтро ба шавҳараш мефиристонад. Арӯс барои нигоҳдории шаън ва оилаи худ ночор розӣ шудааст. Чанде нагузашта шавҳар аз воқеа хабар ёфту арӯси нозанинро аз хона пеш кард. Бо айби омӯзгори сабукрафтору бадкирдор як оилаи осоишта вайрон шуд. Духтари бечора бадбахт гардид.
Ин ҳолро чӣ гуна метавон эзоҳ дод?! Ин ҳама натиҷаи чист?
– Яке аз сабабҳои асосии ин рафтори духтарон ва дар ҳаёт роҳгум задани онҳо муаммо ва мушкилиҳои оилавӣ мебошанд, – мегӯяд устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Кибриё Ҳасанова. – Аксари модарон ба духтарони худ меҳрубонӣ намекунанд, бо онҳо ҳамдаму ҳамроз намешаванд, дарди дилашонро намешунаванд, маслиҳатҳои муфид намедиҳанд. Намефаҳмонанд, ки бошарму ҳаё, ботамкин, оромтабиат ва хушгуфтор будан ҳусни духтар аст. Дар натиҷа духтарон аз нодонӣ хато мекунанд, ки боиси пушаймонии якумрӣ мегардад. Ғайр аз ин, вазъи иқтисодии донишҷӯдухтарон низ ба чунин воқеаҳои нохуш сабаб мешавад. Онҳо бо мақсади беҳсозии шароити зист, дар давраи ҷавонӣ айшу нӯш кардан, бо ҷавонписарон ва ҳатто омӯзгорони худ муносибати ошиқона мекунанд. Инчунин, духтароне ҳам ҳастанд, ки на бо фикри илм омӯхтаву мутахассиси ботаҷриба шудан, балки барои аз ҷойи хуб хостгор пайдо кардан, агар дағалтар карда гӯем, барои шавҳарёбӣ ба муассисаҳои таълими олӣ меоянду дохил мешаванд.
Бояд гуфт, ки бехирадиву бевиҷдонии баъзе омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон, низ аз омилҳои асосии чунин нохушиҳост.
Рӯшан аст, ки ҳоло як гурӯҳи омӯзгорони ҷавон бо кӯмаки пушту паноҳ ва ё ҳамёни пури волидон ба муассисаҳои таълими олӣ роҳ меёбанд.
– Аксари омӯзгорон, бахусус, муаллимони ҷавон аз донишҷӯдухтарон бештар ва сахттар дарс мепурсанд, – гуфт Амин ном донишҷӯ. – Онҳоро назди тахтаи синф бароварда, саволи зиёд медиҳанд. Гоҳо саволҳои аз доираи мавзӯъ берун. Мо хурдсол нестем, ки ин ҳолро пайхас накунем. Баъзе омӯзгороне ҳам ҳастанд, ки ба донишҷӯдухтарони шавҳардор беибо гап мепартоянд. Аз оиладорӣ ва муносибаташон бо шавҳар маънидорона пурсон мешаванд.
Медонем, ки муаллим тарбиядиҳанда аст. Агар худи омӯзгор ба таълиму тарбия муҳтоҷ бошад, чӣ гуна метавонад ба насли оянда тарбияи хуб диҳад, илм омӯзад. Аз чунин омӯзгорони сабукфикр ва сабукандеш чӣ гуна шогирдон ба камол мерасанд?
– Дар ин масъала танҳо омӯзгоронро айбдор кардан нашояд, – мегӯяд сокини ноҳияи Ҷомбой Ш. Ашурбеков. – Баъзе духтарон масофаро бо омӯзгор нигоҳ намедоранд. Агар муаллиму шогирд байни худ масофаро нигоҳ доранд, чунин ҳолатҳо рӯй намедиҳанд. Ҳоло дар аксари донишкадаву донишгоҳҳо муаллимону донишҷӯён чунин муомилаю муносибат мекунанд, ки онҳоро фарқ карда намешавад.
Боиси эътироф аст, ки дар кишварамон ба такмил додани сохтори таълими олӣ эътибори алоҳида дода мешавад ва аз тарафи ҳукумат бо мақсади пурзӯр кардани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаҳои илм ва таълими олӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи онҳо, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, зиёд намудани музди меҳнат ва рағбатноксозии моддиашон, ба фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ ҷалб намудани кадрҳои соҳибихтисос як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ қабул гардиданд. Умед аст, ки иҷрои онҳо на танҳо дар коғаз, балки дар амал ҳам таъмин гардида, ба муассисаҳои таълимӣ кадрҳои соҳибтаҷриба ва соҳибхирад, худшиносу худогоҳ ва, аз ҳама муҳимаш, ашхосе, ки ҷилавгири нафси худ ҳастанд, ба кор қабул мешаванд. Танҳо ба ҳамин роҳ метавон чунин амалҳои ношоям ва сарусадоҳои зиёдро пешгирӣ кард, насли бофарҳангро тарбия намуд. Агар устоду шогирд «ишқ» варзанду мо садди ин амали зишт нашавем, вай реша давонда, оқибатҳои сангину нанговарро ба миён хоҳад овард, магар ҳамин тавр нест?
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.
САМАРҚАНД.