Агентӣ фаъолиятҳои худро оҳиста тавсеа мебахшад

Ба ташкилшавии Агентии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди Вазорати инвеститсия ва савдои берунаи ҷумҳурӣ бештар аз як сол сипарӣ гардид.

Он бо қарори Президенти мамлакат 6 ноябри соли 2020 ташкил шуд. Дар ин муддат агентӣ вазифаҳои асосии худро муайян намуд ва  ба иҷрои он камар баст.

 -- Яке аз вазифаҳои мо баҳогузории муқаддамотӣ ба лоиҳаҳои ташаббускорони ба мо пешниҳодшуда мебошад. Ба баҳогузории муқаддамотӣ таҳияи супоришҳои техникӣ ва асосноккунии (ТЭО) техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани системаи идоракунии арзиши лоиҳаҳо, ташаккули матритсаи ҳадафҳои лоиҳа, системаи мониторинг ва арзёбӣ, инчунин таҳлили матритсаи натиҷаҳои пешбинишуда, муайян ва бартараф намудани мушкилот шомиланд, -- мегӯяд ба “Овози тоҷик” роҳбари ин агентӣ Ҷамшед Абдусаломов.

 Вай афзуд, ки ғайр аз инҳо, ташкили тендерҳои шаффоф ва холисона барои лоиҳаҳо, ҷалби мутахассисон, ҷалби васеи истеҳсолкунандагон ва пудратчиёни маҳаллӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар идоракунии лоиҳа ва таҳлили матритсаи натиҷаҳои пешбинишудаи татбиқи лоиҳаҳо низ аз вазифаҳое маҳсуб меёбанд, ки ба зимаи агентии мо гузошта шудаанд.

 -- Лозим ба ёдоварист, ки дар муддати сипаришуда аз вақти таъсиси Агентии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд мо бо вазорату идораҳои гуногун ҳамкориҳоро ба роҳ мондем ва ба натиҷаҳои босамар даст ёфтем. Консепсияҳои лоиҳаҳои вазорату идораҳо бо иштироки ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ (НБМ) ва созмони байналмилалии ҳукуматии молиявӣ (СБҲМ) оид ба самарабахшӣ, ҳалли техникӣ ва технологӣ пешниҳод гардиданд. Дар натиҷаи татбиқи системаи идоракунии хароҷоти 5 лоиҳа бо қимати 156,7 миллион доллари амрикоӣ оптимизатсия карда шуд, -- изҳор кард Ҷамшед Абдусаломов.

 Маълум шуд, ки Бонки осиёии рушд бо як мушовири хориҷӣ барои ҷорӣ намудани системаи замонавии идоракунии лоиҳаҳо бо агентӣ аз наздик ҳамкорӣ мекунад. Ҳамзамон ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо, кормандони вазорату идораҳо ба барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд низ дар пешрафту пешбурди кори агентӣ хеле мусоидат намудааст.

 -- Зиёда 20 миссияи коршиносони Бонки  ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё ва ниҳодҳои дигари молиявии байналмилалӣ натиҷаҳои лоиҳаҳоро таҳлил намуданд ва онро дар доираи васеъ арзёбӣ карданд. Зимнан ба самаранокии гурӯҳҳои мавҷудаи татбиқи лоиҳаҳо баҳои ҳаққонӣ дода шуд ва гурӯҳҳои ақибмондаи он аз ёриҳои назариявӣ ва амалӣ бархурдор гардиданд, -- тазаккур дод роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди назди Вазорати инвеститсияҳо ва савдои берунаи ҷумҳурӣ.

 Қайд гардид, ки аз лоиҳаҳое, ки имсол имзо хоҳанд шуд, то кунун 21 лоиҳа зери даст қарор дорад, ки татбиқ мегардад. Гуфта мешавад, 9 декабр бо мақсади беҳтар намудани тендерҳои шаффоф ва беғаразонаи лоиҳаҳо, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ бо ҷалби коршиносон соли равон байни Агентӣ ва Дафтари хадамоти лоиҳавии СММ ё UNOPS ёддошти ҳамкорӣ ё меморандум ба имзо расид.

 Ба сифати маълумот UNOPS як воҳиди амалиётии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои ҳифзи сулҳ, башардӯстона ва рушдро аз ҷониби шарикон дар саросари ҷаҳон дастгирӣ мекунад.

 Бар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти № 43 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани назорат аз болои иҷрои барномаҳои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва дар доираи лоиҳаҳо Агентӣ, ки он аз ҷониби СБҲМ маблағгузорӣ мешавад, мутобиқи созишномаҳои байналмилалӣ пеш аз татбиқи лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ экспертиза ташкил мекунад.

 -- Ҳамин тавр, қарор аст дар соли 2022 беш аз 50 лоиҳа ва беш аз 100 ҳуҷҷати тендерӣ оид ба лоиҳаҳое, ки бо иштироки маблағҳои ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ мешаванд, мавриди санҷиш қарор гирифта, ҷиҳати татбиқи самаранок ва саривақтии ҳар кадоми он як қатор иқдомоти ҷиддӣ гузошта хоҳанд шуд, -- мегӯяд Ҷамшед Абдусаломов.

 

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири “Овози тоҷик”.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: