АГРЕГАТИ ДУЮМИ НБО РОҒУН БА КОР ДАРОМАД

Дар Тоҷикистон 9 сентябр маросими ба баҳрабардорӣ супурдани агрегати дуюми НБО Роғун баргузор гардид.

Дар маросим аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, коршиносон, мутахассисон, хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ, ҷамоаи васеъ иштирок доштанд.
Дар маросими кушоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нутқ эрод намуда, таъкид кард, ки ин иншооти бузурги обӣ дар мустаҳкамсозии некуаҳволии халқи Тоҷикистон ва инкишофи соҳаи энергетикии мамлакат лоиҳаи муҳим ба шумор меравад.
НБО Роғун дар дарёи Вахш гидроиншооти бузургтарин ба ҳисоб меравад. Вай аз шаш агрегат иборат буда, иқтидори умумии онҳо 3 ҳазору 600 мегаваттро ташкил менамояд. Пас аз бо иқтидори пурра ба кор андохтани НБО имконоти соле истеҳсол намудани 17 миллиард киловатт /соат электроэнергия ба вуҷуд меояд.
Агрегати якуми НБО 16 ноябри соли 2018 ба кор даромада буд. Дар натиҷа тамоми ҳудуди Тоҷикистон бо электроэнергия таъмин гардид. Тавре ки мутахассисон собит менамоянд, ҳоли ҳозир электроэнергия ба баъзе ҳудудҳои Ӯзбекистон низ гузошта мешавад. 
Баландии сарбанди НБО Роғун 335 метр, ғунҷоишаш 73,6 миллион метри мукааб буда, лоиҳаи сарбандро «Poyry Switzerland LTD» ва институти «Гидропроект»-и Русия таҳия намудаанд. Сохтмонро ташкилоти пудратии «Туннел садди Ориёно» ба амал татбиқ менамояд. Дар қатори кормандони маҳаллӣ мутахассисон аз Эрон, Италия, Ӯзбекистон меҳнат мекунанд. 
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни кори агрегат шинос гардида, сарбанди нерӯгоҳи барқи обиро аз назар гузаронд. Сарбанд дар баландии 1 ҳазору 190 метр аз сатҳи баҳр  ҷойгир шудааст.
Намояндагони воситаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ ва хориҷӣ низ агрегатҳои якум ва дуюми иншоотро аз назар гузаронданд. 
Маросими ба баҳрабардорӣ супурдани агрегати дуюми НБО Роғун бо барномаи консертӣ дар иҷрои устодони санъати Тоҷикистон ба анҷом расид. 

Нурулло НАСРИЕВ, хабарнигори махсуси ӮзА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: