Ахбори фарҳангӣ

ЭҶОДИ ҶАВОНОН – ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТ

Дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ҳамоиши адабӣ бахшида ба эҷоди бадеии ҷавонон таҳти мавзӯи «Ҷавонӣ – баҳори умрам» баргузор гардид. 
Дар он баробари аҳли қалам, ҷавонони эҷодкор, аъзои маҳфили «Модарҷонам шеърият», ки дар ҳузури ташкилоти адибон фаъолият мебарад, ноширон, ҳайати таҳрири рӯзномаю маҷаллаҳое, ки барои ҷавонон муқаррар шудаанд, ширкат намуданд. Сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ-бадеии ҷавонон «Ёшлик» Фахриддин Ҳайит гуфт, эътибор ба ҷавонони эҷодкори рӯз – эътибор ба фардои адабиёт аст. Вазифаи асосии мо дастгирӣ намудани ҷавононе низ мебошад, ки дар вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ зиндагию эҷод мекунанд.
Дар доираи тадбир беҳтарин асарҳо, ки соли 2018 чоп шудаанд, аниқ ва ба муаллифон Бобо Равшан, Олим Суяров, Бибиробия Саидова, Ҳусан Мақсудов ва дигарон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.

НАХУСТИН МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ
Дар Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи А.Навоӣ маросими муаррифии шумораи аввали маҷаллаи илмии маскани маърифати номбурда «Олтин битиклар» рӯи кор омад. 
Назар ба таъкиди яке аз донишмандони соҳаи филологӣ Нусратулло Ҷумъахӯҷа, баробари филологҳои худӣ як қатор мутахассисони пешбари забон ва адабиёт аз кишварҳои хориҷӣ ба ҳайати таҳрир ворид шудаанд. Мақолаҳои илмии Ш.Сироҷиддинов, Д.Юсупова, И.Йӯлдошев, Ҳ.Саидов ва дигарон, ки дар шумораи аввал ба табъ расидаанд, ҷолиби диққат мебошанд. Маҷалла дар се моҳ як маротиба бо се забон: ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп мебарояд.

БОЗ ЯК КИТОБ ДАР МАВЗӮИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
Дар маросими тақдимотии китоби «Фарзанднома»-и адиб ва публисист Обиддин Маҳмудов, ки дар толори Агентии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон ба амал омад, баробари аҳли илм ва эҷод санъаткорон, фаъолони як қатор маҳаллаҳо иштирок намуданд. 
Китоб аз 7 фасл иборат буда, фарогири муҳимтарин масъалаҳои тарбия ва ахлоқ дар оила аст. Иштирокдор Гулбаҳор Сафарова таъкид сохт, дар давраи мураккаби ҷаҳонишавии имрӯза ва хурӯҷи ахбори зарарнок аз дуру наздик чоп шудани асарҳои дидактикӣ аҳамияти алоҳида дорад. Дар рӯи нашр дидани ин гуна асарҳо, хусусан, нашриёти «Ӯқитувчи» фаъолияти хуб нишон медиҳад.
Ба «Фарзанднома»-и О.Маҳмудов дискҳои аудио-видео илова карда шудаанд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: