АХБОРУ МАЪЛУМОТ ВА ДОНИШУ МАЪРИФАТ

Мо дар қарни ахбору иттилоот ба сар мебарем.

Шабу рӯз аз осмони расонаҳои ахбори оммавӣ ба замини зеҳни мо борони ахбор мерезад. Чунин ба назар мерасад, ки ахбору маълумот доираи донишҳои инсонро танг месозанд. Ба мушоҳида гирифтаем, ки баъзеҳо ахборро, ки маълумоте беш нест, ба сифати донишу маърифат қабул мекунанд. Агар бигӯем, ки ахбору маълумот ҷойи донишу маърифатро гирифта наметавонад,  аксарияти файласуфон ва донишмандон ин гуфтаро дуруст қабул мекунанд. 
Имрӯз ахбор ба низоми таълим низ ворид шудааст. Дар як навишта изҳор дошта будем, ки усули таълими адабиёт ба талаб ҷавоб намедиҳад, онро бояд ислоҳ кард. Он изҳорот ба хусусияти ахбории баъзе мавзӯъҳои адабиёт тааллуқ  дошт. Агар бо китобҳои дарсии адабиёт ошно шавем, мебинем, ки дар зиндагиномаи адибони қадиму ҷадид тафсилот беш аз меъёр аст. Фикр мекунам, вақти ихтисор кардани мавзӯъҳои ахборӣ фаро расидааст. Қобили эътироф аст, ки аксарияти адибон зиндагии ибратпазир доштаанд. Вале донистани ҷузъиёти шарҳи ҳоли онҳо ба донишу маърифати хонанда намеафзояд. Дар қисмати шарҳи ҳоли адибон, аз нигоҳи мо, бояд бо маълумот доир ба санаи таваллуду вафот, зодгоҳ, рӯйихати осори таълифнамудаи адибон қаноат кард. Вақти бисёрро бояд ба кушода додани моҳияти осори адибон, таҳлили бадеии онҳо сарф намуд, ки суди бештар дорад. 
Бигирем, шарҳи ҳоли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро дар китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои хонандагони синфи IX. Дар ин боб тафсилот беш аз андоза аст. Соли таваллуди Ҷомӣ, дар синни 11-солагӣ аз Ҷом ба Ҳирот омадани оилаи онҳо,  нахуст дар назди падар савод баровардан, дар мадрасаи Низомия таҳсил гирифтан, қобилият ва истеъдоди бузург доштани  Ҷомиро бо нақлҳо собит намудан, дар 23-солагӣ ба Самарқанд омадан ва аз Қозизодаи Румӣ илми ҳисоб, риёзиёт ва нуҷумро омӯхтан, дар базмҳои муллобачагони Самарқанд иштирок накардани ӯ, дар тӯли умр ҳафт бор ба сафар баромадан ва дар соли 1492 вафот кардани шоир, ки хабару маълумоте беш нестанд, ба дониши хонанда намеафзоянд. Дар боби “Мероси адабӣ”-и Ҷомӣ низ, ки идомаи шарҳи ҳол аст, пораҳои ахборӣ кам нестанд. Хонанда ба шарҳи ҳол ва миқдору номгӯйи осори адибон ниёз дорад, вале фикр мекунам, на ба ин андоза. Ба ҷойи шарҳи ҳоли тӯлонӣ таҳлили як ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ, шурӯъ аз вазн, маънӣ то санъатҳои бадеӣ, нофеътар аст. Абдураҳмони Ҷомӣ муршиди тариқати нақшбандия буд ва ин тариқат дар осори ӯ нақше дорад. Кушода додани маъниҳои ирфонии осори ӯ ба донишу маърифати динии хонанда меафзоянд. Абдураҳмони Ҷомӣ шайх, мусалмони комил буд. Оне, ки маърифати исломӣ надорад, наметавонад осори ирфонии ӯро дарк намояд. Достонҳои шоир бо наъти Худову паёмбарон оғоз меёбанд. Дар аҳди шӯравӣ аз қисмати наъти онҳо сарфи назар карда шуд...
Дар матбуоти даврӣ гоҳо мақолаҳои илмии баъзе «олимони адабиётшинос» рӯйи чопро мебинанд, ки ба умқашон фурӯ равед, мебинед, ки ахбори адабие беш нестанд. Мундариҷаи таълифоташон иборат аст аз ин ки ин ё он шоир чанд байт шеър гуфтааст, устодаш кӣ буд, дар тӯли умр бо киҳо иртибот дошт, чанд бор ба сафар баромадааст, ба ғазали кадом шоирон мухаммас бастааст, шоири дарборӣ буд ё мардумӣ, асарҳояш дар осорхонаи кадом мамлакатҳо нигоҳдорӣ мешаванд ва ҳоказо.
Ҳатто, баъзе мутахассисони соҳа низ, ки дараҷаҳои гуногуни илмӣ доранд, ба ҷойи кашф кардани бузургии ин ё он адиб, бо навиштани хабарҳои адабӣ саргарм мешаванд...
Телевизиону радио ба инсон бобати додани донишу маърифате, ки зиндагиашро осон мегардонад, имкониятҳои васеъ доранд. Вале чунин ба назар мерасад, ки барномаҳои маърифатии телевизиону радио хеле каманд, дар тору пуди ин расонаҳо низ ахбору реклама мисли зарпечак печидааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ низ пури ахборанд. Инҷониб бисёр мехостам, ки телевизиону радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ бобати ба донишу маърифати мардум афзудан саҳм гузоранд. Мисолан, дар барномаҳои маърифатии телевизион метавонанд ду-се олими адабиётшинос парда аз рӯйи маъниҳои ирфонии абёти Ҳофиз ё Бедил ё Навоӣ бардоранд, доир ба вазн ва санъатҳои бадеиашон изҳори ақида кунанд. Ин кор мушкили омӯзгоронро осон мегардонад, ба дониши хонандагон меафзояд, диди зебоипарастии мардумро мекушояд...
Ҳамчунин, дар барномаҳои маърифатии телевизиону радио метавон ба донишҳои физикӣ, таърихӣ, ҷуғрофии... насли ҷавон афзуд, забонҳои гуногуни дунёро мавриди омӯзиш қарор дод, ҳунари хонасозӣ, кафшергарӣ, боғдорӣ, парвариши полизиҳоро ба мардум омӯхт... Хулоса, мутахассисони соҳа бояд тавре кунанд, ки донишу маърифат ҷойи ахбору маълумотро танг созад...
Инсон ба ахбор зарурат дорад, вале зиёдатиаш бар зарари ӯст. Перомуни зарари ахбору маълумоти беш аз андоза академик, файласуфи тоҷик Акбар Турсон чунин изҳори ақида кардааст: “... Хусусияти ташвишовари қарни мо иборат аз он аст, ки нуфузи ахбору маълумот хеле афзуд. Ин падидаи фавқулодаро бархе публитсистон “таркиши информатсионӣ” ном додаанд. Аммо ба як ҷиҳати масъала зеҳн монед: оё ҳамаи он хабару маълумоте, ки  ВАО шабу рӯз пайваста нақл мекунанд, барои рӯзгори рӯзмарраи одамӣ, баҳри такомули маънавии инсон ё таҳзиби ахлоқи ӯ магар заруранд? Охир, чӣ суд аз ахборе, ки ба қавли Камолиддини Биноӣ “барҳамдиҳандаи заҳри зиндагӣ ва нурбахши наҷот”набошад? Чӣ суд аз маълумоте, ки на фақат баҳри дафъи ҳаводис касро ба кор наояд, балки дар андарёфти мояи ҳаёт пойбанди ӯ бувад?!...”
Камолиддини Биноӣ ва нобиғагони илму адаби то ӯ бо мағз сарукор доштаанд, на бо пӯст. Ба ин маънӣ Ҷалолуддини Балхии Румӣ фармудааст:
Мо дарунро бингарему 
ҳолро,
На бурунро бингарему 
қолро.
Пас, мо бояд ба берун  (қол) – ахбору маълумот чандон эътибор надиҳем, ба дарун (ҳол) – моҳият (донишу маърифат) рӯйи эътибор гардонем. Барои ба ин мақсад расидан, фикр мекунам, бояд рӯйи барномаҳои таълимӣ ва телевизиону радиоро ба дарун (ҳол) – донишу маърифат гардонд.

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: