АХСИКЕНТ — МОДАРИ ШАҲРҲОИ ФАРҒОНА

Дар чаҳорчӯби фестивали байналмилалии гулҳои Намангон барои журналистон боздид аз ҷойҳои таърихии ин вилоят низ барномарезӣ шуда буд.

Дар чаҳорчӯби фестивали байналмилалии гулҳои Намангон барои журналистон боздид аз ҷойҳои таърихии ин вилоят низ барномарезӣ шуда буд. Баъди анҷоми маросимҳои идона журналистон аз боғи маданият ва истироҳати ноҳияи Чуст ба номи Мавлоно Лутфуллоҳ боздид карданд. Ин боғ ба яке аз ҷойҳои фароғати сокинони шаҳри Чуст ва меҳмонони он табдил ёфтааст.
Сафари журналистон аз ноҳияи Чуст ба самти ноҳияи Тӯрақӯрғон идома кард. Меҳмонҳоро ҳокими ноҳия Зулайхо Маҳкамова истиқбол гирифт. Вай гуфт, ки маҷмӯаи Исҳоқхон Ибрат бо ташаббуси сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев арзи вуҷуд намудааст. Ин маҷмӯа дар масоҳати 2,2 гектар доман паҳн намудааст.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки Ибрат ҳафт забонро медонист. Барои ҳамин дар маҷмӯаи ӯ мактаби хоси омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил карданд ва ҳоло устодон ба шогирдон ҳафт забони дунёро ёд медиҳанд. 
– Аз 20 нафар хатмкунандагони мактаби омӯзиши забонҳо ҳама ба донишгоҳҳои мухталифи мамлакатамон дохил шуданд. Дар ин ҷо омӯзгорони ботаҷриба ба кор ҷалб шудаанд. Мо дар бораи ноҳияи худ аз осори Исҳоқхон Ибрат як қатор маълумотҳои заруриро дарёфт намудем. Бино ба он Тӯрақӯрғон аз тарафи хони Дашти қипчоқ Аҳмадхон бунёд гардида, ба номи Қалъаи хон ёд шудааст, – мегӯяд Зулайхо Маҳкамова.
Ба таъкиди ҳокими ноҳия бозёфтҳо аз Ахсикент шаҳодат медиҳанд, ки дар ин ҷо ду ҳазор сол муқаддам одамон зиндагӣ кардаанд ва соҳиби фарҳангу маърифат будаанд. Маълум шуд, ки бархе аз ин бозёфтҳо дар осорхонаҳои Тошканду Маскав ва шаҳрҳои дигар маҳфузанд ва ба хазинаи тиллоии ин осорхонаҳо табдил ёфтаанд.
Сафари мо ба ҷониби Ахсикент идома кард. Аз дур баландие ба чашм намуд. Тавре ки Асириддин Ахсикатӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур, Мулло Шамси Шавқӣ, Ҳайрат Тӯрақӯрғонӣ, Исҳоқхон Ибрат ва дигарон дар осори худ қаламдод кардаанд, шаҳри Ахсикент ин номро дар асри IX-и мелодӣ касб намудааст. Он дар замонҳои қадим пойтахти Фарғона маҳсуб меёфтааст ва дар дунёи Шарқ ба сифати яке аз шаҳрҳои фарҳангӣ маъруф будааст.
Сайёҳони зиёд аз тариқи зинаҳо ба болои теппа мебаромаданд. Аз болои теппа атрофу акноф мисли рӯи даст намудор буд. 
Соли 983 дар китоби “Ҳудуд-ул-олам”, ки муаллифаш маълум нест, дар бораи Ахсикат ё Ахсикент маълумотҳо оварда шудааст. Ин китоб рисолаи ҷуғрофӣ буда, дар баробари он матлабҳои таърихиву мардумшиносиро низ дар худ ҷой додааст. Дар китоб ишора шудааст, ки “Ахсикат пойтахти Фарғона ва қароргоҳи амир мебошад. Он шаҳри калон аст ва дар соҳили дарёи Сир маскан гузидааст”.
Олими дигари балхӣ Маҳмуд ибн Валӣ дар асараш “Дарёи асрор” Ахсикатро “Модари шаҳрҳои Фарғона” ном бурдааст. Ба навиштаи ин олим ҳама дар он замон талош мекардаанд, ки як бор ба ин шаҳр ташриф оваранду онро бубинанд.
Дар як гӯшаи теппа бинои калону фарох сохта буданд. Маълум шуд, ки дар ин бино бозёфтҳои бостоншиносӣ гузошта шудаанд. Ҳамчунин зери боми ин бино хонаҳои бо хишти хому пухта сохташуда, деворҳо ва роҳравҳои хурдро дидан мумкин буд. Маҳз ба манзури аз боду борон газанд наёфтани бозёфтҳое, ки асрҳо тӯлонӣ зери хок хобидаанд, болои онро пӯшидаанд.
Арки аъло, яъне ӯрдаи хон, шаҳристони хурд ва работ аз шумори ин бозёфтҳо маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин дар ин шаҳр сарой, девонхона, масҷиди ҷомеъ, бозор, корхонаҳои ҳунармандӣ, биноҳои маишӣ, ҳавлиҳои арбобон ва боғу роғҳо низ сохта будаанд, ки бо мурури замон ва ғоратгариҳои истилогарон хароб шудаанд ва ё ба коми нестӣ рафтаанд. Ба ин шаҳр аз тариқи чаҳор дарвоза – Мардикуш, Косон, Масҷиди ҷомеъ ва Регхона даробаро мекардаанд. Деворҳои атрофи он барои ҳифзу ҳимояи одамони дохили он хеле паҳн сохта шудаанд.
Дастовардҳои бостоншиносии қисмати шарқии шаҳри Ахсикент шаҳодат медиҳанд, ки зану мард дар асрҳои X-XII ҳаммомҳои алоҳида доштаанд. Дар он хонаҳои обгармкунӣ, либоскашӣ, шустушӯй мавҷуд буда, оби партов аз тариқи лӯлаҳои махсуси сафолин ба хандақ ҷорӣ мешудааст.
Бино ба маълумоти маъхазҳои таърихӣ дар давраи салтанати Сомониён (асрҳои IХ-Х) шаҳри Ахсикент дар водии Фарғона аз нигоҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ-фарҳангӣ мавқеи калон доштааст ва хеле ободу зебо будааст. Танҳо бозори он масоҳати беш аз ду гектарро ишғол мекардааст ва ба он аз манотиқ ва кишварҳои гуногуни дуру наздик тоҷирон ташриф меовардаанд.
Дар айни ҳол ин теппаи ба хароба табдилёфта хеле серодам буд. Барои дидани Ахсикент сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ аз теппаи ҳамвор ва бозёфтҳои бостоншиносии он боздид мекарданд. Як гурӯҳ сайёҳон аз Япония омадаанд. Онҳо баъди тамошои бозёфтҳои дохили бино сафолпораҳо ва хиштҳоеро, ки зери по мехобиданд, рӯи даст гирифта, байни худ ким-чиҳо мегуфтанд.
Тарҷумон шарҳ дод, ки онҳо дар бораи таърихи дуру дароз доштани хишту сафолпораҳо баҳс мекунанд, зеро тайи дуҳазору садсолаҳои дигар ин маҳсулот ранги худро тағйир надодаанд.
– Ман ба ин ҷо бори дуввум ташриф овардам. Се сол муқаддам дар Донишгоҳи давлатии Намангон роҷеъ ба таърихи шаҳри Ахсикент бароям маълумоти мухтасар ироа карданд. Бо кумаки яке аз олимони маҳаллӣ ба ин теппашаҳр омадем. Дар ҳайрат афтодам, ки як замон дар чунин баландӣ шаҳри зебое сохтаанд, аммо он бо дасти ғоратгарони муғул хароб карда шудааст, – мегӯяд сайёҳи японӣ Акира Тагава. – Ба ин ҷо бостоншиносони ботаҷриба бояд барои кор ҷалб карда шаванд, вагарна маълумоти зиёди таҳқиқношуда дар бораи шаҳри Аксикенти зери хоктӯдаҳо ноаён хоҳанд монд.
– Ин шаҳристони қадимӣ ҳудуди 120 гектарро фаро гирифтааст, аммо фақат дар як қисми он кофтуковҳои бостоншиносӣ роҳандозӣ шудааст. Ба ин кор бояд бештар таваҷҷӯҳ намуд ва маълум кард, ки зери ин теппаи беканор боз чи чизҳо нуҳуфтаанду дар бораи чиҳо баҳс мекунанд, – мегӯяд хабарнигори “Фарснюс” дар Тошканд Шерали Авезметов.
Тавре ки вай иброз намуд, дар миёни ашёи Ахсикент печҳои махсус, оташдон ва маҳсулоти оҳангарӣ, зарфҳои гуногуни кулолӣ ва хиштрезаҳо ёфт шудаанд, ки муштариёни якчанд осорхонаҳо, аз ҷумла осорхонаи давлатии Луври Порисро дар ҳайрат гузоштаанд. Ба гуфтаи Шералӣ Авезметов дар ба даст овардани ин бозёфтҳо академик Яҳё Ғуломов, шогирдони ӯ Инқилоб Аҳроров ва Абдулҳамид Анорбоев саҳми хеле бузург гузоштаанд.
Ба гуфтаи таърихнигорон асрҳои IХ-ХII давраи гул-гулшукуфии водии Фарғона маҳсуб меёбад. Ҳамон замон дар водӣ ҳудуди 25-30 ҳазор аҳолӣ бар сар мебурдаанд. Баъди юриши Чингизхон Ахсикент куллан ба коми оташ фурӯ рафта, як қисми аҳолии он бо дасти истилогарон кушта шудаанд.
Ҳамин тавр, ин минтақа, ки Афросиёби Намангон унвон гирифтааст, ба феҳрасти ЮНЕСКО шомил гардидааст. Зеро он дар Шоҳроҳи бузурги абрешим воқеъ гашта, беш аз пеш мавриди омӯзишу таҳқиқи мутахассисон қарор гирифтааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.
ТОШКАНД – НАМАНГОН – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: