Академик Ботирхон Валихоҷаев мисли аксари донишмандони муосири хеш фаъолияти серсоҳа дошта, бо таҳқиқи назму наср, драматургия, таърих ва назарияи адабиёти гузаштаву имрӯза, осори даҳонӣ, забон, луғат, истилоҳшиносӣ, нақди адабӣ ва таълифи китобҳои дарсиву васоити таълимии забон ва адабиёти халқҳои тоҷику ӯзбек машғул шуда, дар ин равиш корҳои хубу арзишмандеро ба сомон расонидааст.
Бо ин ҳама, дар баробари дигар соҳаҳо, дастовардҳои илмию адабии ӯ дар бахши айнишиносӣ низ назаррас буда, моро водор мекунад, ки дар ин боб ба таври алоҳида сухан гӯем.
Дар бораи фаъолияти адабӣ ва илмии устод Садриддин Айнӣ асару мақолоти зиёде ба дасти чоп расидаанд.
Донишманди фақид Б. Валихоҷаев аз солҳои шасти садаи гузашта ба омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти устод Айнӣ машғул шуда, дар ин замина як силсила мақолаву осори таҳқиқиро ба чоп расонидааст. Дар ин замина яке аз таҳқиқоти ҷиддӣ ва пурмояи академик Б. Валихоҷаев “Муҳаққиқи бузурги ду адабиёт” (бо ҳамқаламии Р. Воҳидов) мебошад, ки дар он муаллиф асарҳои тоҷикию ӯзбекии Садриддин Айниро муфассал таҳлил карда, моҳияти илмию бадеӣ ва таърихии ин осор ва хусусиятҳои сабки эҷодии ӯро муайян ва мушаххас намудааст.
Пеш аз нашри рисолаи ёдшуда ин донишманд дар ин мавзӯъ мақолаҳои ҷудогонае, аз қабили “Устод Айнӣ ҳамчун муҳаққиқи забардасти адабиёт” ва “Айнӣ – адабиётшинос”-ро низ таълиф намуда буд, ки дар онҳо оид ба тазкираи устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” баъзе андешаҳояшро баён кардааст. Дар рисолаи “Муҳаққиқи бузурги ду адабиёт” ин мавзӯъро такмил бахшида, хидмати Айниро дар фароҳам овардани ҳаёт ва эҷодиёти намояндагони як давраи муҳими адабиёти тоҷик холисона арзёбӣ намудааст.
Донишманд дар баробари мушаххас сохтани навҷӯйиҳои устод Айнӣ дар эҷоди тазкира, аҳамияти таърихии онро низ муайян сохта, дар ин замина хидмати Айниро дар роҳи эҳё ва зинда кардани адабу фарҳанги тоҷикон бо ироаи далелҳо собит кардааст. Аз нигоҳи ӯ ин китоб, ки таълифи онро аввалин сарвазири Тоҷикистон Абдулқодир Муҳиддинов бар ӯҳдаи устод Айнӣ гузошта буд, ҳуҷҷате гардид, ки тоҷикҳо ба воситаи он “по ба майдони таърихи нави худ” гузоштанд. Оғози ин таърихро устод Айнӣ аз аҳди Оли Сомон, аз устод Рӯдакӣ шурӯъ карда, бе фосила то садаи бист, то соли 1925, яъне то рӯзҳои таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик” идома додааст, ки дар таъйиди ҳастии таърихии соҳибони ин адабиёт аст. Ба мушоҳидаи муҳаққиқ, муқоисаҳои Айнӣ дар “Намуна...” асоси таърихӣ дошта, равшангари умри тӯлонӣ ва моҳияти маънавии ин адабиёт аст.
Донишманд аз таҳқиқи “Намунаи адабиёти тоҷик” ба хулоса меояд, ки ин китоб “чӣ фаъолияти илмии устод Айнӣ ва чи умуман адабиётшиносии советии тоҷикро ба ҳаракат овард. Пас аз ба майдон омадани вай ҳам устод Айнӣ ва ҳам дигар адабиётшиносон ба омӯхтани таърихи адабиёти тоҷик бо қувваи нав шурӯъ намуда, муваффақиятҳои нав ба нав ба даст медароварданд. Агар ба ҳолати имрӯзаи адабиётшиносии тоҷик назар кунем, аён мегардад, вазифаҳое, ки устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” дар назди олимон гузошта буд, бомуваффақият иҷро гардид” (“Муҳаққиқи бузурги ду адабиёт”, с. 9-10).
Олим баъди “Намунаи адабиёти тоҷик” таълифоти дигари устод Айнӣ, аз ҷумла мақолаҳову рисолаҳои ӯро доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Фирдавсӣ, Саъдӣ, Восифӣ ва Бедил муҳим шинохта арзёбӣ мекунад ва назари устодро доир ба моҳияти иҷтимоиву ахлоқии осори шоирони гузашта ба таври мушаххас муайян менамояд, ки дар айнишиносии он рӯзгор сухани тоза буд. Б. Валихоҷаев аз таҳқиқоти зикршудаи Айнӣ ба хулоса меояд, ки устод ба василаи корбурди усули муқоисавии таърихӣ, бо ёрии санадҳои илмӣ ва далелҳои мантиқӣ масъалаҳои адабиётро бо мушкилоти ҳаёти иҷтимоӣ пайваста таҳқиқ кардааст, ки баёнгари диди илмии ӯ оид ба масоили адабию иҷтимоӣ мебошад.
Аз таҳқиқоти Б. Валихоҷаев бармеояд, ки устод Айнӣ дар асоси осори адиб омӯхтани аҳвол ва эҷодиёти ӯро муҳим дониста, дар таҳқиқоташ аз ин усул фаровон истифода кардааст.
Таҳқиқоти дар ин равиш анҷомдодаи устод Айнӣ минбаъд барои муҳаққиқони соҳа ҳамчун сарчашмаи раҳнамо хидмат кардаанд. Аз ҷумла, муҳаққиқ рисолаи “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ”-ро дар фаъолияти адабиётшиносии Айнӣ “саҳифаи тоза” таъбир карда, заминасози таҳқиқоти минбаъда дар роҳи омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Саъдии Шерозӣ медонад ва онро муфассал таҳлил мекунад.
Муҳаққиқ дар ин мақола кашфиёти устод Айниро дар шинохти Саъдӣ як-як ном мебарад. Аз ҷумла, ӯ менависад, ки Айнӣ аввалин бор “шарафи эҷоди ғазалҳое”-ро, ки “аз байтҳои гуногунмазмун таркиб ёфта бошанд, ба Саъдӣ махсус” медонад. “Шакли муламмаъ”-ро низ, ба мушоҳидаи ӯ Айнӣ аз кашфиёти Саъдӣ ба шумор меоварад. Б. Валихоҷаев андешаи Айнӣ дар бораи аз тарафи Саъдӣ бо таълифи “Гулистон” ба авҷи аъло расонидани насри бадеии форсӣ-тоҷикиро низ диди тоза дар шинохти осори Саъдӣ маънидод мекунад. Дар ин замина Б. Валихоҷаев ба хулоса меояд, ки Айнӣ “ба масъалаи методи эҷодӣ ва услуби нависанда дахолат карда, ба хулосаи муҳим меояд, ки он ҳоло ҳам қимати худро гум накардааст.
Паҳлуи дигари андешаҳои ин адабиётшиноси нуктасаҷро назари воқеъбинонаи ӯ ба рисолаи Айнӣ “Мирзо Абдулқодири Бедил муайян мекунад, ки шарҳи фаъолияти бедилшиносии Айнӣ дар замони нашри ин рисола қадами ҷиддӣ буд. Муҳаққиқ хидмати Айниро дар таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти Айнӣ, аз ҷумла мазмуну мундариҷаи осор, сабки Бедил, таъсири ӯ ба шоирони Мовароуннаҳр ва пайравии онҳо аз Бедил муфассал таҳлил карда, нақши Айниро дар бедилшиносии Осиёи Марказӣ бо далелҳо мушаххас намудааст.
Андешаҳои Б. Валихоҷаев дар бораи “Ёддоштҳо”-и Айнӣ, тасвири муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии он рӯзгор аз ҷониби ӯ ва вазъи ҳаёти адабии давра, бахусус нақши Аҳмади Дониш, Ҳайрат, Сиддиқии Гулшанӣ ва дигарон дар инкишофи адабиёти ин аҳд ва ҳамоиши адабию фарҳангии шоирони тоҷику ӯзбек бузург таъбир карда, ба ин натиҷа мерасад, ки “Ёддоштҳо” “барои таъини умумияти байни рӯшанфикрони тоҷик ва шоирони пешқадами ӯзбек дар ин давра материали бойе медиҳад”. Ба андешаи ӯ адабиёти тоҷик ва ӯзбекро баробар омӯхта, “барои инкишофи адабиётшиносии ӯзбек низ ҳиссаи босазо гузошт». Ин кор аз “Намунаи адабиёти тоҷик” бо зикри мавқеияти Навоӣ, Акмал, Нодира, Машраб оғоз шуда, дар “Ёддоштҳо” ва баъзе мақолаҳои дигари устод идома ёфтааст.
Дар таҳқиқоти Б. Валихоҷаев ҷустуҷӯҳои Айнӣ дар заминаи рисолаи “Алишер Навоӣ” муфассал баррасӣ шуда, нахуст хидмати ӯ дар таҳия ва нашри “Хамса”-и Навоӣ барасӣ шудааст. Муҳаққиқ хидмати Айниро дар таҳия ва шарҳу тафсири ин асар, тартиб додани луғат, маънидоди санъатҳои шеърӣ, тафсири маъноии байтҳо қайд карда, дар ин замина ғалатҳои дар нашри осори Навоӣ роҳ ёфтаро ки устод ислоҳ кардааст, нишон медиҳад. Масалан, ба мушоҳидаи ӯ номи Маҳинбонуи достони “Фарҳод ва Ширин” дар баъзе чопҳо ба тарзи ғалат Миниҳбону ва гоҳе Маҳинбону навишта шуда будааст, ки Айнӣ барои ислоҳи ин ғалат маънии номро шарҳ дода, навиштааст: “Маҳинбону ба маънии Бонуи Бузург омада, номи холаи Ширин аст. Аммо, Маҳан Бону навиштан ва хондан, ки машҳур шудааст, хатост, чунки “Маҳин” авввалан, ба маънии “суст” ва “заъиф” ва дуюм, гуфтан ва навиштан ба маънии номуносиб буда, ба номи қаҳрамони мусбат дуруст намеояд”. Муҳаққиқ шарҳу тафсири баъзе байтҳои барои хонанда номафҳумро дар он рӯзгор хидмати бузурги Айнӣ дар шиносондани осори Навоӣ ва барқарор кардани мероси адабии тоҷикию форсии ӯ таъбир карда, дар ин замина корҳои матншиносии Айниро муҳим арзёбӣ намуда, ин иқдоми ӯро қадами аввал ва муҳим дар навоишиносӣ ба қалам медиҳад.
Хидмати дувуми шоёни Айниро дар навоишиносӣ муҳаққиқ дар пажӯҳиши густурдаи ӯ дар боби ҳаёт ва эодиёти Навоӣ дониста, таъкид мекунад, ки Айнӣ дар солҳои 30-40 ба таҳқиқи ин мавзӯъ пардохта, онро ҳамчун туҳфа ба ҷашни 500 солагии шоири бузург пешниҳод карда буд. Ба назари ӯ ҷустуҷӯҳои Айнӣ дар шинохти воқеиятҳои муборизаи темуриён, маҳалли таваллуди Навоӣ, муҳити тарбиядидааш ва чи тарз гузаштани замони ҷавонии ӯ дар он замон иттилои тоза ва дақиқ оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Навоӣ буд. Б. Валихоҷаев фаъолияти навоишиносии Айниро “басо рангин” таъбир карда, дар ин замина ба масъалаҳои назарии навоишиносӣ ҳам машғул шудани ӯро ба алоҳидагӣ қайд мекунад ва барои исботи суханаш иқтибоси зеринро аз Айнӣ меоварад: “Алишер дар “Хамса” ҳамаи аҳволи замонаш, қисми аҳволи худро акс кунонидааст. Типҳои манфии достонҳои “Хамса”-ро аз замони худ гирифтааст ва ба муқобили онҳо типҳои эҷодиро аз хаёл ва орзуҳои худ сохта бароварда, мисли як намуди тақлид ва ибрат гузоштааст”. Дар ин замина муҳаққиқ назари Айниро доир ба образи Искандар низ таҳлил карда, арзёбии ӯро дар боби моҳияти иҷтимоиву ахлоқии ин образ муҳим медонад.
Ба ин тартиб, хидматҳои Ботирхон Валихоҷаев дар шинохти фаъолияти илмии Айнӣ ҳамчун муҳаққиқи адабиёти тоҷик ва ӯзбек бузург буда, арзиши назарию амалии кори анҷомдодаи ӯ бо гузашти замон кам намешавад, балки заминаро барои таҳқиқоти минбаъда дар боби айнишиносӣ муҳайё месозад, ки гувоҳи бардавомии корҳои анҷомдодаи ин донишманди фақид дар шинохт ва арзёбии аҳвол ва осори устод Айнӣ мебошад.
Ҷумъа ҲАМРОҲ,
мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи хориҷаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори фанҳои филология, профессор.