КИТОБ «ЧИҒДИМИ?»
КИТОБ «ЧИҒДИМИ?»
Устод Айнӣ тӯли фаъолияти дурударози эҷодии худ асарҳои зиёди адабӣ-публитсистӣ ва илмӣ эҷод намуд, ки аз тариқи нашриётҳои гуногун ба табъ расидаанд. Яке аз шоҳасарҳои адиб «Марги судхӯр» солҳои сиюми қарни сипаришуда навишта шуда, дар маҷаллаи «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» рӯи чоп дид («Одина» дар «Овози тоҷик» ба табъ расида буд). Ӯздавнашр соли 1947 қиссаро дар шакли китоби алоҳида ба чоп расонд. Он вақт устод дар Самарқанд кору эҷод мекард ва зудтар ба табърасии маҳсули эҷоди худро дар шакли китоб бо дилу ҷони беқарор нигарон, ки буд, бо дидан кардан аз эҷодкорони ӯзбек, ки дар Тошканд мезистанд, дарҳол мепурсид: «Китоб чиғдими?»
«Чиқдими» не, «чиғдими»-гӯии устод ба бародарони туркзабон аҷаб завқ мебахшид ва мегуфтанд: «Чиғмади-ку, ҳали замон чиғади-қолади».
Ниҳоят «Марги судхӯр» рӯи дунё дид ва 20 нусхаи онро ба ҷомадон ниҳода чанд адиби ӯзбек чун нонҳои нав аз танӯрканда ҳадаҳа ба Самарқанд бурданд, дарвозаи устодро, ки дар муқобили дарвозаи Шердори майдони Регистон қарор дошт, панҷа заданд. Чун устод намоён гашт, «китоб чиғди», гуфтанд шодиомез ва ҷомадони пур аз «Марги судхӯр»-ро нишон доданд. Чашмони Айнӣ барқ заданд, кӯдаквор шодӣ кард ва гуфт: «Хайрият, чиғибди. Раҳмат, болаларим!»
ТАЪМИ НИШОЛЛОИ УСТОД
Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом ва дигар адибони ӯзбек дар бораи меҳмондӯстии Устод Айнӣ бисёр навиштаанд. Қайд кардаанд, вақте меҳмон омад, чеҳраи устод мешукуфт, дастурхон аз нозу неъмат сарпур мегашт. Шириниҳое рӯи чорпоя мегузошт, ки бо дастони худаш тайёр кардааст.
Инак, Ғафур Ғулом, як-ду нафари дигар дар ҳузури устод.
– Гиред, даҳон ширин кунед, – мегуфт вай.
– Э, нишолло нест-ку, – шӯхиомез даҳон кушод Ғафур Ғулом.
Устод парида аз ҷо хест:
– Ҳозир тайёр мешавад!
Меҳмонон хиҷолат кашиданд:
– Устод, ташвиш накашед, ҳазл-ку!
Устод гуфт:
– Абдуғафур, шумо аз нишоллои бозор нахӯред, бозориён – қаллоб, нишоллои ҳақиқиро худам тайёр карда меорам.
Нишолло шириние нест, ки дар як лаҳза тайёр шавад. Меҳмонон шитоб доштанд, бояд хезанд. Ғафур Ғулом аз шӯхиаш пушаймон гашт. Берун баромад, устодро ёфт, узр пурсид:
– Кори мо таъҷилӣ.
– Э, нишолло нахӯрда меравед-мӣ? Ҳозир бачаҳо қиёмашро меоранд.
Дере нагузашта духтарони Айнӣ дар сатилча қиёми буғаш баромадаистодаро гирифта даромаданд. Дар як он нишолло ҳам тайёр гашт. Яке аз ҳозирон дар хотироташ қайд кардааст: «Росташро гӯям, дар умрам ин хел нишоллои хуштаъмро нахӯрда будам. Устод ҳақиқатан дар нишоллопазӣ ягона будаанд».
«НОНУШТА» ЧӢ МАЪНО
ДОРАД?
Ғафур Ғулом аз Садриддин Айнӣ пурсид:
– Домулло, дер инҷониб маънои калимаи «нонушта»-ро фаҳмонда натавониста, сарам гаранг, на дар форсӣ ва на дар арабӣ ин калима мавҷуд, дар туркӣ ҳам шарҳи он дода нашудааст, нонушта чӣ маънӣ дорад?
Устод дурудароз ба фикр рафт. Иқрор гашт:
– Ба фикри ман ҳам маънии форсӣ баровардан аз «нонушта», ки таоми субҳона аст, душвор, бо вуҷуди он ки иловаи «но» ва «нон» дар тоҷикӣ маъно дорад. Дар туркӣ низ ин калима дучор намеояд. Фикр мекунам, он калимаи шаклан вайроншуда аст.
– Дуруст-ку, лекин дуямон як шуда, ба як калима маъно дода натавонем, нависандагиамон ба куҷо меравад? – табассум кард Ғафур Ғулом.
– Нонушта – таоме, ки ба шиками гурусна хӯрда мешавад, – хулоса кард Айнӣ ва ҳарду хандиданд. Айнӣ ҷиддӣ гашт:
– Нонушта не, ношито гуфтан даркор.
Ғафур Ғулом дар асл, раги шӯхиаш ҷунбида, барои ба гап андохтани устод суоли болоиро дода буд. Бо ҳамин «баҳона» шакли дуруст ва адабии «нонушта»-ро, ки «ношито» будааст, дониста гирифт.
***
Моҳи майи соли 1950. Ғафур Ғулом мошинсавор ба манзили Ҳамид Ғулом рафт ва мотори «Победа»-ро хомӯш накарда:
– Ба Самарқанд меравем, – гуфт. – Домулло Айниро дида меоем.
Ба бозори Бешёғоч даромаданд. Дасти хушк рафта намешавад, охир. Ғафур Ғулом ду шиша коняк низ гирифт.
– Корат набошад, – гуфт ба ҳамроҳаш. – Устод бемор будаанд, барои муолиҷа зарур.
Ҳамид Ғулом, ки ба шӯхиҳои Ғафур Ғулом одат карда буд, ба ин суханон эътибор надод.
Дар Мирзочӯл як пиёлагӣ чой нӯшида, дар Ҷиззах таом хӯрда, наздикии шом ба Самарқанд расиданд.
– Домулло кор карда монда шудаанд, – гуфт Ғафур Ғулом, – шабро дар меҳмонхона гузаронда, субҳдам меравем.
Дами субҳ устод дар дами дарвозааш меҳмононро дида: – Иэ, офтоб аз куҷо баромад? – гуфт бо ҳаяҷони суруромез.
Ӯ меҳмононро ба пешгаҳ нишонд, аз чойнаке, ки ба рӯяш телпак ниҳода шуда буд, якпиёлагӣ чойи гарм рехт ва дароз карду:
– Ман ҳозир... – гӯён берун баромад.
Аз фурсат истифода бурда, Ғафур Ғулом аз ҷо хеста, шишаҳоро паси китобҳо пинҳон намуд.
«Уштурро дидӣ. Не!» – ишора намуд ба ҳамроҳаш.
Асное гирди дастурхони пурнозу неъмат тановул мекарданд, устод шикоятомез даҳон кушод:
– Боби сеюми «Бухоро»-ро («Ёддоштҳо» дар назар аст) тамом карда натавониста истодаам. Тобам нест, қувват намерасад.
– Камтар нӯшидан даркор! – бо лабханд мисле таъна кард Ғафур Ғулом.
– Ия-ия, ин чӣ гуфтаниат, нодон! – домулло танбеҳ дод. – Он заҳри қотилро ман ба даҳон намебарам.
– Исбот кунам-чӣ? – бо қиёфаи ҷиддӣ гӯё ба таҳдид гузашт Ғафур Ғулом.
– Исбот кун! – гуфт устод бо соддалавҳии кӯдакона.
Ғафур Ғулом бихест, назди ҷевони китобҳо рафт, аз паси китобҳо конякҳоро баровард ва нишон дод:
– Хӯш, ин чӣ аст?
Ҳамид Ғулом навиштааст: «Ман қоҳ-қоҳзанон хандидани Устод Айниро ҳамон вақт гувоҳ шудаам. Ашки чашм пок мекард устод ва аз шӯхии Ғафур Ғулом ба завқ омада, аз таҳти дил ханда мекард».
Ш. МУҲАММАД.
ХОНАИ ХУД АЗ ҲАМСОЯ БАЛАНД НАСОЗ
Мусулмон дар ҳар як кор ба суннатҳои Расулуллоҳ (с) бояд амал кунад. Пайғамбарамон оиди хонаву ҷой ва нигоҳбонии он тавсияҳо дода, аз ҷумла чунин гуфтаанд: «Манзили васеъ, ҳамсояи мӯъмин ва маркаб (улов)-и хуб бахти мусулмон аст».
Нисбат ба хонаи ҳамсоя баланд ё зиёда аз эҳтиёҷ сохтани хона лозим нест.
Ҳоло шахсоне ёфт мешаванд, ки бо сохтани ҳавливу ҷой мехоҳанд худнамоӣ кунанд, аммо чунин рафтор дар динамон рад карда мешавад. Мусулмон дар вақти хонасозӣ бояд ният кунад, ки дар ин хона бо намоз ва қироати Қуръони карим машғул мешавад, хона ӯро аз гармиву сардиҳо нигаҳ медорад.
Расулуллоҳ гуфтаанд: «Мусулмон харҷи ҳар як мукофоташро мегирад, аммо харҷе, ки барои замин ва хона кардааст, намегирад».
Сохтмони хона бояд оҳиста, зина ба зина идома ёбад. Иброҳим ва Исмоил (а) низ дар сохтани Хонаи Худо – Каъба чунин роҳро пеш гирифта буданд. Ғайр аз ин, таҷрибаи сохтмони имрӯз низ ин усулро маъқул мешуморад.
Вақти даромадан ва ё баромадан аз хона бояд «бисмиллоҳ» ва салом дода шавад. Чунки бо шунидани «бисмиллоҳ» шайтон мегурезад ва саломгӯӣ бошад, ба хона хайру барака меорад.
Дар хонавода саг бояд ба мақсади ҳифзи чорво ва кишту кор нигоҳ дошта шавад. Барои меҳмон ҷудо кардани як хона низ савоб аст, зеро закоти ҳавливу ҷой меҳмонхона ба ҳисоб меравад.
Хонаву ҷой бо нақшаҳои мушаххас бояд сохта шавад. Аз он манзил хона, даҳлез, анборхона, ошхона, меҳмонхона, ҳаммом, айвони тобистона, майдони бозӣ барои бачаҳо ва дарахтҳои мевадор ҷой гирад, ки ҳамаи он барои фароғати инсон пешбинӣ шуда бошад.
Дар бозгашт аз кор ва ё сафар аҳли хонавода бояд пешакӣ огоҳ кунонида шавад. Писари Абдуллоҳ ибн Масъуд (р) Абӯубайда Омир гуфтааст: Падарам пеш аз даромадан ба хона барои шинохтани аҳли хонавода бо овози баланд сухан мегуфтанд. Аҳмад ибн Ҳанбал мегӯяд: «То ба хона даромадан сахттар қадам гузоштан ва ё сулфидани кас савоб аст». Бо чунин рафтор инсон аҳли оилаашро ба вазъи ногувор намегузорад.
Рухсатпурсӣ аз амалҳои зебои инсон мебошад. Рухсатро дар вақти даромадан ба хона на фақат хурдсолон, балки калонсолон, аз ҷумла, падару модар аз фарзанд пурсида, дар ин бобат намуна шаванд.
Боязиди Бистомӣ вақте ба намози ҷумъа баромад, борон меборид. Азбаски борон бошиддат мебориду роҳ лой буд, дар паноҳи девори хонаводае истоду каме интизор шуд.
Дар ин асно лойи пояшро ба девори хона молиду тоза кард. Пас аз лаҳзае роҳи масҷидро пеш гирифт. Азбаски рафтори носазо карда буд, худро сарзаниш кард: «Аз соҳиби хона узр напурсида, чӣ тавр намози ҷумъаро адо мекунӣ? Девори касеро олуда сохта, дар назди Аллоҳ чӣ гуна вомеистӣ?»
Бистомӣ қафо баргашту дари он хонаро кӯфт.
Дарро маҷусие кушоду пурсид:
– Биёед, хидмат?
– Барои узрхоҳӣ омадам...
– Шуморо намешиносам. Барои чӣ маъзарат мехоҳед?
– Ҳоло пойафзорамро ба девори хонаатон молида, аз лой тоза карда будам. Ин кори нодуруст аст. Девор олуда шуд. Аз шиддати борон чӣ карданро надонистам...
Маҷусӣ аз тааҷҷуб гуфт:
– Боке нест. Андак лойи пойи шумо зарар надорад.
Боязиди Бистомӣ гуфт:
– Шояд чунин бошад, аммо дар ин ҷо меҳнати ғулом ҳаст. Барои чунин рафтор аз ӯ бояд узр пурсам. Аз ин сабаб ба наздатон омадам.
Маҷусӣ пурсид:
– Чунин ҳақдорӣ ва адлро аз кӣ омӯхтед?
– Аз дини мубин ва Пайғамбар (с), – ҷавоб дод Бистомӣ.
Он гоҳ соҳибхона гуфт:
– Чунин дине адолатпеша, чаро ман онро қабул накунам? – ӯ калимаи шаҳодат оварду мусулмон шуд.
Аз ин бармеояд, ки дини ислом на фақат ба саранҷому саришта нигоҳ доштани хонавода, балки риоя кардан ба ҳаққи ҳамсоя ва дигарон низ даъват менамояд.
Ғафурҷон РАЗЗОҚОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Баҳоуддини Нақшбанд,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.
Ҳикматҳои Абдуллоҳи Ансорӣ
Ба дарвешон босаховат бош.
***
Ба олимон ботавозӯъ бош.
***
Ба халқ боинсоф бош.
***
Дил пок дор, то ба мурод расӣ.
***
Биомӯз ва биомӯзон.
***
Илм, агарчи дур бошад, биталаб.
***
Кам гӯй ва кам хӯр ва кам бихусп ва дар сахтиҳо сабр пеша кун.
***
Бар гузашта афсӯс махӯр.
***
Умрро ғанимат дон.
***
Тандурустиро шукр гузор.
***
Надими ҷаҳонгашта пайдо кун.
***
Ҳурмати илмро беҳ аз мол нигоҳ дор.
***
Балоро бо садақа дафъ кун.
***
Тадбир бо оқилон кун.
***
Пирони кордидаро ҳурмат нигаҳ дор.
***
Аз омӯхтан ор мадор.
***
Суди ҷаҳон дар суҳбати доно шинос.
***
Ёри бад – бадтар аз кори бад.
***
Ёри нек – беҳтар аз кори нек.
***
Чунон зӣ, ки ба сано арзӣ, чунон мазӣ, ки ба дуо ларзӣ.
***
Дӣ рафт, боз наояд, фардо эътимодро нашояд.
Ҳолро бош ва ғанимат дон, ки ин ҳам дер напояд.
Таҳияи
Ҳамидҷон ҲОМИДӢ.
МАТНИ «МАСНАВӢ»
БА НАСР
Гавҳар амри Шаҳ бувад, эй нокасон!
Ровии достон чунин гӯяд, ки рӯзе Шоҳ Маҳмуди Ғанӣ (Шоҳ Маҳмуд дар ин ҷо ба маънии амри Худованд ва шоҳ омадааст), он шаҳи Ғазнину Султони санӣ (бузургмиқдор) ҳангоми субҳ ҷониби девони вазораташ шитофт ва дар он ҷо ҳама аъёну аркони давлатро сарҷамъ омодаи хидмат ёфт.
Гавҳаре бас гаронбаҳову мустанир (дурахшанда) аз ҷайб кашиду онро ба кафи вазир ниҳода гуфт: «Ин гавҳар чун аст ва чӣ арзише дорад?»
Вазир гуфт: «Аз сад хирвор зар ҳам бештар арзиш дорад». Шоҳ гуфт: «Онро бигиру бишкан!»
Вазир гуфт: «Чӣ сон онро бишканам... Ман, ки талаф шудани молу мулки туро намехоҳам, балки некхоҳи махзану амволи ту ҳастам. Чӣ сон раво бинам, ки чунин гавҳари ноёбу бебаҳо ҳадар гардад?...» Шоҳ гуфт: «Шобош, (яъне шод бош) эй вазир!». Ва хилъате ба вай инъом доду гавҳарро аз кафи вазир бистуд (гирифт).
Баъд аз он гавҳарро ба кафи ҳоҷиб (пардадор, дарбони дарбор)-аш ниҳоду гуфт, ки ин гавҳар чӣ арзише дорад. Хоҷиб гуфт: «Ин гавҳар ба нимаи мамлакат арзиш дорад, Худованд аз маҳлакат (нобудӣ) онро дар амон нигоҳ дорад!» Шоҳ гуфт: «Онро аз кафи ман бигиру пора-пора кун!».
Ҳоҷиб гуфт: «Эй хуршедтеғ, пора кардани чунин гавҳаре арзишманд бас дареғ аст... Дасти ман баҳри касри (шикастани) ин гавҳар ҳаргиз намеҷунбад, ман, ки адӯи хизонаи Шоҳ нестам!»
Сипас шоҳ, гавҳари бебаҳоро ба дасти мири миронаш – сарвазир дод ва амр кард, ки онро арзёбӣ кунад, пас бишканад. Мири мирон ва дигар амиронаш низ ба арзиши баланди гавҳар қоил шуданд ва аз шикастани он сар боз заданд:
Гуфт рӯзе Шоҳ Маҳмуди Ғанӣ,
Он шаҳи Ғазнину Султони санӣ.
Як сабоҳе ҷониби девон
шитофт,
Ҷумла арконро дар он айвон
биёфт.
Гавҳаре берун кашид ӯ –
мустанир,
Пас ниҳод он зуд дар каффи
вазир.
Гуфт: «Чун асту чӣ арзад ин
гуҳар?»,
Гуфт: «Беш арзад зи сад
хирвор зар!».
Гуфт: «Бишкан!» гуфт: «Чунаш
бишканам?,
Некхоҳи махзану молат манам.
Чун раво дорам, ки мисли
ин гуҳар,
Ки наёяд дар баҳо, гардад
ҳадар...»
Гуфт: «Шобош!»-у бидодаш
хилъате,
Гавҳар аз вай бистуд он Шоҳи
фатӣ.
Баъд аз он додаш ба дасти
ҳоҷибе,
Ки чӣ арзад ин ба дасти толибе.
Гуфт: «Арзад ин ба ними
мамлакат,
Ҳофизаш бодо Худо аз
маҳлакат!»
Гуфт: «Бишкан!»
гуфт: «Эй хуршедтеғ,
Бас дареғ аст ин шикастан,
бас дареғ...
Даст кай ҷунбад маро дар
касри ӯ,
Кай хизони Шоҳро бошам
адӯ...».
Баъди як соат ба дасти Мир дод,
Дурро, к-ин имтиҳон кун
б-издиёд.
Ӯ ҳам ин гуфту ҳама мирон
ҳам ин,
Ҳар якеро хилъате дод ӯ самин.
Чун Шоҳ дид, ки ҳама мирону сарвари амирон аз шикастани чунин гавҳаре имтиноъ меварзанд ва амри ӯро иҷро намекунанд, рӯ ба Аёз (маҳбубтарин ва азизтарини канизонаш) намуду гуфт: «Эй Аёз, эй ҳарифи дидабоз (бобасират)! Акнун ту бигӯ, ки ин гуҳар, бо ин тобишу ҷилваву ҳунар, ба чанд динори зар меарзад?»
Аёз гуфт:«Арзиши ин гуҳар афзунтар аз он аст, ки ман битвонам гуфтан (яъне забони гуфтор дар пеши арзиши ин гуҳар қосир аст!)». Пас шоҳ амр кард: «Эй Аёз, ҳоло гуҳарро аз кафи ман бигиру хурд-хурду пора-порааш кун!» Чун Аёз аз ин имтиҳони Шоҳ огоҳ буд, дар фиреби ӯ гумроҳ нашуд ва гавҳарро аз кафи Шоҳ бистуду бо шиддат бар замин кӯбид ва он гавҳари хосро дар оне (лаҳзае) пора-пора кард. Чун вазирону амирони Шоҳ титу пош шудани гавҳарро бидиданд, аз онҳо бонгу фиғоне шигифтангез ба фалак печид ва мегуфтанд: «Валлоҳ, ин чӣ бебокист, ки гавҳари пурнури шоҳро канизе чун Аёз бишкаст; ҳар кӣ онро шикаст, бешакк, кофир аст ва бояд муҷозот шавад (ҷазо бигирад)».
Охирин бинҳод дар каффи Аёз,
Гуфт ӯро, к-эй ҳарифи дидабоз.
Эй Аёз, акнун бигӯ, ки ин гуҳар,
Чанд меарзад бад-ин
тобу ҳунар.
Гуфт: «Афзун он чӣ тонам
гуфт ман»,
Гуфт: «Акнун зуд хурдаш
даршикан!».
З-имтиҳони Шоҳ буд огаҳ Аёз,
Дар фиреби ӯ нашуд гумраҳ Аёз.
Чун шикаст ӯ гавҳари хос он
замон,
З-он амирон хост бас бонгу
фиғон.
К-ин чӣ бебокист, валлаҳ кофар
аст,
Ҳар кӣ ин пурнур гавҳарро
шикаст!
Чун Аёз доду фарёди тирозомези вазирону амирони Шоҳро диду шунид, онҳоро ба оромӣ даъват намуду гуфт: «Эй меҳтарони (бузургон) номвар! Оё амри Шаҳ ба қимат афзунтар аст ё гавҳар? Эй нокасон, бидонед, ки амри (сухан) Шоҳ беҳтар ва пурбаҳотар аз ҳар гуна гавҳар аст. Шумо, бо рад кардани сухани Шоҳ дар мавриди шикастани гавҳар, амри Шоҳро, ки дурри ноёб аст, нодида гирифтед ва гавҳари амри ӯро дар пеши чашмони ҳамаи мо бишкастед!»:
Гуфт Аёз: «Эй меҳтарони
номвар,
Амри Шаҳ беҳтар ба қимат,
ё гуҳар?
«Гавҳар» – амри Шаҳ бувад,
эй нокасон,
Ҷумла бишкастед ин
гавҳар аён...».
Хулосаи матлаб: шикастани амру наҳйи илоҳӣ ва дастуроту суханони ҳукамо аз шикастани ҳар гуна гавҳаре бадтар аст.
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад
Луқмони Ҳаким муддате ғулом буд ва дар ҳини ғуломӣ низ он қадар хушхӯю хушрафтор буд, ки хоҷааш ба ӯ дил баст ва ӯро аз муқаррибони худ сохт. Бо ӯ дар ислоҳи умур машварат мекард ва ҳеч таомеро бидуни Луқмон намехӯрд. Ҳар таоме, ки ба пеши ӯ меоварданд, зуд касеро назди Луқмон мефиристод ва ӯро ба боҳам хӯрдани хӯрок даъват мекард, то аввалин луқмаро Луқмон бичашад:
Хоҷаи Луқмон чу Луқмонро
шинохт,
Банда шуд ӯрову бо ӯ ишва сохт.
Ҳар таоме к-оваридандӣ ба вай,
Кас суви Луқмон фиристодӣ зи
пай.
То ки Луқмон даст сӯйи он
барад,
Қосидан, то хоҷааш з-он пас
хӯрад.
Иттифоқан, рӯзе ба хоҷа харбузае ба армуғон оварда буданд, вале Луқмон дар миёни ҷамъ ҳозир набуд. Хоҷа ба ғуломе фармуд, ки зуд рафта Луқмонро бихон, то биёяду нахустин луқмаи харбузаро тановул кунад:
Гуфт хоҷа бо ғуломе,
к-эй фалон,
Зуд рав, фарзанд, Луқмонро
бихон!
Чун Луқмон омаду боадабона пеши хоҷааш нишаст, сиккине (корд) аз миён баровард ва харбузаро кушту нахустин буришро ба Луқмон дод. Луқмон низ он тилими харбузаро аз дасти ӯ бигрифту онро чун шакару ангубин хӯрд. Хоҷа аз хушхӯрии Луқмон ба ваҷд омада, пораи дигаре буриду ба дасти Луқмон дод. Бад-ин минвол шумори тилимҳои харбуза, ки Луқмон аз дасти хоҷааш мехӯрд, ба ҳафтдаҳ расид.
Чун аз харбуза як тилими дигар монда буд, хоҷааш гуфт, ки бигзор ин пораро ман хӯрам, то аз шаҳду ширинии ин харбуза огаҳ шавам. Луқмон ончунон харбузаро ширину хуш мехӯрад, ки аз хӯрдани ӯ иштиҳои ман ба ҷӯш омада об аз даҳонам мерезад:
Чунки Луқмон омаду пешаш
нишаст,
Хоҷа пас бигрифт сиккине ба
даст.
Чун буриду дод ӯро як бурин,
Ҳамчу шаккар хурдашу чун
ангубин.
Аз хушӣ, ки хӯрд, дод ӯро дувум,
То расид он шамсҳо
то ҳафдаҳум.
Монд шамсе, гуфт
«Инро ман хӯрам,
То чӣ ширин харбузай ин
бингарам.
Ӯ чунон хуш мехӯрад,
к-аз завқи ӯ,
Табъҳо шуд муштаҳиву
луқмаҷӯ!».