«АЙНӢ ҲАМЕША БО МОСТ»

Бузургдошти Айнӣ давом дорад.

Бахшида ба 144 солагии зодрӯзи  Устод Айнӣ дар мактаби рақами 56-уми ноҳияи Бекобод чорабинии адабӣ баргузор гардид. 
Директори мактаб Х. Беков таъкид намуд, ки пос доштани хотираи эҷодкороне, ки дар таърихи тараққиёти миллиамон ҷойгоҳи муҳим доранд, пухта аз худ намудани мероси илмию адабии онҳо қарзи инсонии мост. Ӯ дар  бораи фаъолияти эҷодии устод маълумоти пурарзиш баён намуд.
Дар маҳфили адабӣ хонандагон аз шеърҳои Айнӣ  қироат намуда, дили ҳамагонро хушнуд намуданд. Аз ҷониби роҳбари маънавият ва маърифати мактаб, бо тавассути монитор маълумоти таърихӣ оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Айнӣ видеороликҳо намоиш дода шуданд.
Дарвоқеъ, аз якчанд асари Устод Айнӣ хонандагон ҳар гуна саҳна ва баромадҳои пандомез намоиш доданд. Дар байни синфҳои болоӣ мусобиқаи байтбарак гузаронида шуд.
Айнӣ фармудааст.
Биёед, эй рафиқон, дарс 
хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Дар олам ҳар касе бекор
 гардад,
Ба чашми аҳли олам хор 
гардад. 

Дар поёни чорабинӣ муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик З. Иззатуллоева таъкид намуд, ки Устод Айнӣ ҳамеша бо мост, ӯ дар жанрҳои гуногуни адабиёт асар  эҷод кардааст. Устод дар ташаккули забони адабии тоҷик барои пешрафт ва умуман матбуоти тоҷик хидмати босазо дорад. Ин анъанаҳои устод имрӯз низ давом дорад. 
Дар ҷамъомад директори мактаб ба талабагоне, ки дар маҳфил фаъол иштирок намуданд, туҳфаҳо супорид.

Ӯғулой ШАРИФОВА,
хонандаи мактаби
рақами 56-уми 
ноҳияи Бекободи
вилояти Тошканд.  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: