АЙЁМИ ЭҲСОН ВА НАКӮӢ

Дар мамлакатамон бо мақсади пурзӯр намудани дастгирии моддиву маънавии табақаи аҳолии ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷ, дар байни онҳо мустаҳкам намудани муҳити ҳамҷиҳатӣ, кушодадилӣ, меҳру оқибат ва хайру эҳсон як қатор корҳо ба амал бароварда мешаванд.

Бахусус, дар рӯзҳои иди Наврӯз корҳои хайру саховат, ободонии маҳаллаҳо, аз оилаҳои муҳтоҷ хабар гирифтан барин чорабиниҳо ба таври васеъ ба амал бароварда шуданд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” бо ташаббуси Фонди ҷамоатии хайриявии “Маҳалла”-и шаҳри Тошканд дар ноҳияи Сергелӣ корҳои баҳорӣ, аз ҷумла ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, тоза намудани атроф, кӯчаву боғҳо дар авҷ. Мутасаддиён ба хонадони оилаҳое, ки маъюб доранд, ба “Дафтари занон”, “Дафтари оҳанин” дохил шудаанд, рафта аз ҳолашон хабар гирифтанд.
Ба истиқоматкунандаи маҳаллаи Мададкори мавзеи 7-уми ноҳияи Сергелӣ Римма Юсупова, Наталя Тарабрина, маҳаллаи Зиннати ҳамин мавзеъ Лариса Гилманова, Зуҳро Сеитова иборат аз 16 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ расонда дода шуд. 
Чунин корҳои хайру эҳсон идома доранд.

Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: