АЙЁМИ КУҲАН ВА ҲАМЕШАҶАВОН

Ба сарзаминамон Наврӯзи олам фаро расид, табиат либоси сабз ба бар кард.

Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия»  ном асараш ба Наврӯз таъриф дода бошад, Умари Хайём «Наврӯзнома»-ро навишт, садҳо шоирону бахшиҳо бахшида ба Наврӯз ғазалу достонҳо сароидаанд ва дар онҳо Наврӯз чун рамзи поккорӣ, хайру саховат, дӯстию ҳамбастагӣ ифода ёфтааст. 
Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қадрдон»-и ноҳияи Юнусободи пойтахт барои куҳансолон, фахриёни меҳнат, ногироҳо ва оилаҳои камтаъмини маҳаллаи мазкур суфраи наврӯзӣ барпо намуданд.
– Наврӯз иди поккорӣ ва хайру саховат мебошад. Онро ҳамчун сари сол, айёми кишту кори деҳқонӣ ҷашн мегиранд,– мегӯяд аъзои комиссияи оштии маҳалла Д. Ҷабборова. – Ба сокини маҳалла Раъно Абдуҷабборова, ки писараш ба беморӣ гирифтор шуду аз олам чашм пӯшид ва келинаш кӯдакони хурдсолро ба ӯ гузошта аз хона рафт, кӯмаки моддӣ расонда шуд ва ба ин чорабинӣ даъват шуд. Дар соли сипаришудаи 2018 ва семоҳаи соли ҷорӣ дар маҳалла ҷудошавии оилаҳо ва сар задани корҳои ҷиноӣ рӯй надоданд. Ба туфайли кордонӣ ва ҳушёрии посбони маҳалла З. Одилов мавзеъ ва гирду атрофи он ҳамеша ором ва осоишта мебошад. Бо сарварии нурониёни маҳалла Ш. Қудратов, Й. Исломов, Х. Ҳамидов, А. Ҳакимов... дар байни аҳолӣ чорабиниҳои маданиву маърифатӣ, варзишӣ, ҳашарҳои гузар баргузор мегарданд. Ҳамон рӯзи ҷашн Йӯлчибобо Исломови 76-сола ба ҳозирон ош дам кард.
– Солҳои тӯлонӣ дар маҳаллаи Қадрдон истиқомат кардам. Дертар бо тақозои зиндагӣ ба дигар маҳалла кӯчидам. Аммо ҳаммаҳаллаҳои пешинаам маро фаромӯш накарданд, ба тӯю сур ва дигар идҳояшон таклиф мекунанд. Маҳалла муносиби номи худ аст. Хабар гирифтан аз ҳоли пирон, малӯлон, оилаҳои муҳтоҷ кори масъулиятнок ва савоб мебошад. Дили одам ниҳоят нозук, ҷавононамон аз чунин корҳои хайр хабардор шуда, бояд ибрат гиранд. Зеро, қадр намоӣ қадр, ҳурмат кунӣ ҳурмат мебинӣ,– мегӯяд С. Пӯлодови куҳансол.
Назар ба гуфтаи мутахассис оиди мустаҳкам намудани қадриятҳои маънавию ахлоқӣ ва кор бо занону духтарони маҳалла У. Ҷалолова ба тантанаҳои наврӯзӣ пеш аз ҳама оилаҳои камтаъмин, ногиро, солхӯрдагонро таклиф намуданд. 70 фоизи иштирокдорон занону духтарон буданд. Онҳо хони наврӯзиро бо таомҳои баҳорӣ, санбӯса, тушбера, суманак ва хуришҳои дигар пур карданд. 
Аҳли маҳалла дар зери садои суруду мусиқаҳои наврӯзӣ рақсиданд ва ба  ин айёми куҳан ва ҳамешаҷавон шукронаҳо гуфтанд.

Ориф ҶУМЪАЕВ.      
ш.ТОШКАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: