Илми Ӯзбекистон талафоти калон дод.
Дар синни 84-умини умр намояндаи бузурги забоншиносии қароқалпоқ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳусниддин Ҳамидов вафот кард.
Ҳ. Ҳамидов 5 январи соли 1935 дар ноҳияи Чимбойи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон таваллуд ёфтааст. Соли 1955 донишкадаи дусолаи омӯзгориро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби миёна ба сифати омӯзгор оғоз намудааст. Сипас дар Донишкадаи омӯзгории Қароқалпоқистон таҳсил гирифта, соли 1967 рисолаи номзадӣ, соли 1991-ум рисолаи докториро ҳимоя кардааст.
Соли 1994 аъзо-мухбир, соли 2000-ум аъзои ҳақиқии Академияи илми Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардид.
Олими боистеъдод дар тӯли фаъолияти беш аз шастсолаи илмиву педагогиаш дар вазифаҳои корманди илмӣ, мудири шуъбаи қароқалпоқистонии Донишкадаи забон ва ададбиёти Академияи илмҳо, профессор, мудири кафедраи Донишкадаи давлатии Қароқалпоқистон самарабахш меҳнат карда, дар тадқиқи илмии масъалаҳои муҳими соҳаи забоншиносии қароқалпоқ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намуд.
Олим дар рисолаҳои «Очеркҳои таърихи забони қароқалпоқ», «Ёдгориҳои хаттии забони қадимии қароқалпоқӣ», «Мероси дастнависҳои Бердақ» бинобар таърихи забон тадқиқотҳои амиқ бурда, тавсифи илмии дастнависҳои қадимиро офарида, мушкилоти ташаккули меъёрҳои забони адабии қароқалпоқро дар ҳамоҳангӣ бо забони адабии қадимаи ӯзбекӣ кушода додааст.
Ҳ. Ҳамидов инчунин дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол иштирок намуда, дар солҳои 1995-2000 вай ба сифати депутати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият нишон додааст.
Таҳти роҳбарии бевоситаи педагоги ғамхор, ки ба ҷавонони зиёд асрори илмро омӯзондааст, даҳҳо доктору номзадҳои илм тайёр карда шудааст.
Хотираи олими маъруф, мураббии меҳрубон, инсони хоксор Ҳусниддин Ҳамидов ҳамеша дар қалбҳоямон боқӣ мемонад.
Ш. МИРЗИЁЕВ, Т. НОРБОЕВА, Н. ИСМОИЛОВ,
А. АРИПОВ, М. ЕРНИЯЗОВ, Б. ЙӮЛДОШЕВ.