АКАДЕМИЯИ ФУТБОЛ – ДАР ШОФИРКОН

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бобоато» ҳаво софу беғубор.

Офтоб саховатмандона нурпошӣ мекард. Дар майдонҳои футболи академия наврасон бо роҳбарии мураббиҳояшон машғулият доштанд. Директор Барака Пӯлодов ҷараёни машғулиятро назорат мекард. 
– Академияи футболи бачагон ва наврасони вилояти Бухоро, ки дар тасарруфи Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон аст, 5 сентябри соли 2018 ба фаъолияти худ оғоз намуд, – сухан сар кард директор. – Ҳоло дар ин ҷо ҷамъ 151 нафар талабагони иқтидорноки шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба синну сол дар ҳафт тоифа (11-17-сола) таҳти роҳбарии 11 нафар мураббиёни соҳибмалака асрори варзиш омӯхта, маҳорати соҳавии худро такмил медиҳанд. Барои табъи дил рушдёбии футболбозони наврас дар академия тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Барои онҳо хобгоҳ, ошхона, китобхона, хонаи маънавият ва маърифат, бунгоҳи тиббӣ, ду хонаи истироҳат, хонаи шустушӯ, се майдони асосӣ ва ду майдончаи футбол, як майдони фарши сунъӣ дар арафаи тайёршавӣ, толори варзиш, автобуси хурди «Газел» ва ғайра хидмат мерасонад. Дар лаҳзаҳои зарурӣ шогирдонамон аз маҷмӯи варзишии «Ревгар», ки хеле наздик аст, истифода бурда метавонанд.
– Ба шогирдонамон дар ошхона чор маҳал хӯрок аз ҳисоби давлат бепул дода мешавад. Шогирдони мо дар айни замон талабагони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 13, ки ҳамшафати мост, мебошанд. Онҳо дар синфҳои V-XI таълиму тарбия мегиранд. Машғулиятҳои мураббиёни академия бо шогирдон нимаи дуюми рӯз сурат мегирад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки байни наврасон дӯстдорони футбол ва талабгорони шогирдии академия хеле зиёданд, вале беҳтаринҳо баъди санҷиш ба он роҳ меёбанд. Дар арафаи оғози соли хониш зиёда аз 500 нафар наврасони дилбастаи футбол ин ҷо аз имтиҳон гузаштанд. Аён гардид, ки на ҳамаи онҳо ба шогирдии академия муносибанд.
– Мо шогирдони худро дар ҳар се моҳ имтиҳон мекунем. Онҳоеро, ки ба талабот ҷавоб дода наметавонанд, хориҷ карда мешаванд. Баъди соли нав ба 30 нафар шогирдонамон, ки холҳояшон паст буд, ҷавоб додем ва ҷои онҳоро аз ҳисоби довталабони беҳтарини вилоят пур кардем. Мақсад якто – дарёфти ситорагони муносиби футболи оянда, – арзи дил гуфт роҳбар.
Чорабиниҳо аллакай самара медиҳанд. Чанд рӯз муқаддам дар Тошканд мусобиқаҳои ҷумҳуриявии талабагон ҷамъбаст гардид. Дар он шогирдони академия Сардор Араббоев, Ҷобир Аҳмедов, Шоҳрух Тешаев, Умедҷон Раҳимов, Элбек Иброҳимов, Ҷонибек Эргашев, Бекназар Бобоҷонов, Мирҷалол Саъдуллоев, Миршод Муҳаммедов, Нозим Тӯхтаев дар синни мухталиф дар ҳайати командаи яккачини вилоят иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм шуданд. Моҳҳои ноябру декабр дар пойтахт мусобиқаҳои ҷумҳурӣ барои Ҷоми Ассотсиатсияи футболи ҷумҳурӣ ба амал омад. Мақсад аз ин қувваозмоиҳо интихоб намудани талабаҳо ба Академияи марказии футболи ҷумҳурӣ буд. Баъди мусобиқаҳо шогирдони академияи футболи Бухоро Ҷонибек Эргашев, Сардор Араббоев, Ҷавоҳир Сатторов ба шогирдии Академияи марказии футбол қабул гардиданд.
Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии футболи наврасон, ки ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Бухоро баргузор гардид, дастаи шогирдони 12-солаи академияи футболи Бухоро ҷои сеюмро соҳиб шуданд.
Ҳоло дастаи футболи «Вардонзе»-и ноҳияи Шофиркон, ки таркиби онро шогирдони 16-17-солаи академияи футбол ташкил мекунад, дар лигаи дуюми мусобиқаҳои вилоятӣ қувваозмоӣ менамояд.
Ҳоло ҳамааш дар пеш. Шубҳае нест, ки академияи футболи Бухоро, ки дар ноҳияи Шофиркон ба фаъолият оғоз намудааст, бобати равнақи футболи мамлакат ва дар арсаи байналхалқӣ комёбу шуҳратёр гардидани он саҳми арзанда мегузорад.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: