АККАИ ШИКВАНАВИС

Малик Кабиров дар баробари таълифи тадқиқоти густурда дар боби забон ва услуби шоиру нависандагон, сурудани шеър, дар наср низ қувваозмоӣ карда, чанд ҳикояву масалҳо низ таълиф кардааст, ки чеҳраи ҳунарии ӯро такмил бахшидаанд.

Дар ин замина метавон аз ҳикояи ҷолиби ӯ «Кори савоб» ва масалҳояш «Себи хубонӣ ва пораҳои он», «Зоғи айбҷӯй», «Қиссаи баргак», «Зоҳирпарастони худбин», «Чинори солхӯрда», «Сабақи мурғи куку» ва ғайраро ёд кард, ки дар маҷмӯъ баёнгари заҳматҳо ва поймардии ин фарди донишу ҳунар мебошанд. Ҳикояву масалҳои ӯ асосан масъалаҳои ахлоқӣ ва таълимиро дар бар гирифта, воқеияти номатлуби ҳаёти инсонҳо ва ҷомеаро матраҳ намудаанд, ки арзиши фаровони тарбиявӣ доранд. Зайли намуна масали «Аккаи шикванавис»-и ӯро ба хонандагони дақиқназари рӯзнома пешниҳод менамоем.
Дар сари сарви болобаланд аккае менишаст. Вай ҳар рӯз аз нӯки ин дарахт ба чор тараф нигоҳ мекард. Ягон воқеаи ба назараш оқибати баддоштаро дида ба уқоб, ки додгустари паррандагон буд, хати шикоятӣ менавишт. Ба қавли худаш, додхоҳӣ менамуд. Ҳол он ки тӯҳмат ҷавҳари шикоятҳои вай буд. Акка думи дарозашро ҷунбонда-ҷунбонда ҳаракати паррандаю чаррандагони гирду атрофро назорат мекард. Вай гоҳ-гоҳ аз нӯги сарв ба замин фаромада чина мечид. Баъд ба ҷойи зисти одамон рафта, гирду атрофи бонувони ҷомашӯйро аз назар мегузаронд. Агар онҳо дар вақти ҷомашӯйӣ ангуштарин, ангуштвона, нигин ё ягон чизи ба зару зевар мансубашонро ба каноре монда бошанд, вақти муносибро ёфта, онро дуздида ба лонааш меовард. Вай ҳатто аз гирифтани собунпора ҳам рӯй наметофт. Новобаста аз ин одати бад боз аз зери нохун чирк мекофт. Вай ба шикванависӣ ончунон одат карда буд, ки агар як рӯз шикоятномае нанависад, хобаш намебурд. Ин буд, ки бо навиштани шикоятнома машғул мешуд. Вале, навиштаҳояш бештар ҳодисаву воқеаҳои муқаррарии табиӣ буданд, бинобар ин чорае андешида намешуд.
Масалан, вай боре чунин аризаи шикоятӣ навишта буд:
Ассалому алайкум, додгустари номӣ, Уқоби одил! Бандаи камтарини Шумо ғамхори ободии дунё, офаридаи Худованди карим мурғаки адолатпеша мебошам. 
Баъд аз он ки ба Шумо, адлгустари махлуқоти дунё, аз даргоҳи Яздони ҷону хирад умри бобаракат, ризқи мақсум ва ҳаёти шоҳона таманно мекунам, аризаи худро мерасонам: «Гапи бисёр ба хар бор» мегӯянд, пӯсткандаи гап ҳамин аст, ки баробари пухтани меваҳо (тут, гелос, олуболу, ангур ва амсоли онҳо) селаи гунҷишкон бар сари дарахтони мевадор нишаста, меваҳояшонро мехӯранд, мерезонанд. Дар ин меваҳо ризқи одамизод, паррандагон, занбӯру мурғони дигар низ ҳаст-ку! Агар селаи гунҷишкон зиёд шудан гирад ва ҳамаи меваҳои дарахтонро яксар хӯранд, чӣ мешавад? Ба диққати Шумо мерасонам, ки кам кардани селаи гунҷишкон аз илоҷ дур нест. Фармоне лозим аст, ки гунҷишкон чиндин сол лона насозанд, тухм намонанд. Ба лочинҳо супориш додан лозим, ки дар бештарини ҳолатҳо гунҷишконро сайд кунанд. Мутаассифона, ин гуна шикоятномаҳо беимзо буданд.
Дар як шикоятномаи дигараш бар зидди афзоиши ҷонварони алафхӯр чунин навишта буд: ... бузу бузғола, гӯсфанду барра, гову гӯсола, аспу тойча, хару курра, шутуру бӯта, оҳую оҳубарра, харгӯшу заргӯш, ҳатто баъзе паррандагон ҳам алаф мехӯранд. Агар саршумори чорпоён кам нашавад, солҳои наздик марғзору чарогоҳҳо ба хокистон табдил меёбанд. Онгоҳ чорпоёну мурғони алафхӯр чӣ мехӯранд, хок мехӯранд-чӣ?! Ба шумо, Уқоби додгустари мӯҳтарам, зарур аст, ки барои кам кардани саршумори чорпоёни алафхӯр чораву тадбирҳо андешед. Масалан, харгӯшро гирем, харгӯш ба кӣ даркор? Вай як ҷонвари майдаяк, лекин алафхӯри беҳамтост. Аз дандони вай дар киштзорҳо сабзию карам ҳам ба танг омадааст. Ба гургон супорише мешуд, ки онҳо доди харгӯшу заргӯшро диҳанд.
Хуллас, акка дар бораи саъба, ки ҳатто дар вақти парвозаш ҳам пашшаю ҳашаротро дошта мехӯрад, дар хусуси парастуҳо, ки на аз хас, балки аз гил лона сохта хонаи мардумро ифлос мекунанд ва дар бораи дунбаҳои калони гӯсфандон, ки ба раҳгардии гӯсфандон халал мерасонанд, шикоятномаҳо навишт. Вале ин аризаҳои шикоятии вай беҷавоб, яъне бенатиҷа монданд.
Акка дид, ки ягон чизи ба шиква арзандае намондааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «дили одаткарда – балои ҷон», дар бораи кирдори худаш аризаи шикоятӣ навишт:
Эй Уқоби адолатпеша ва додгустари машҳури дунё! Ба диққати додгириатон мерасонам, ки як паррандаи соҳибқаламатон, ки аҳли басират аст, муттасил аризаи шикоятӣ навишта хотири фориғи Шуморо ба мағлата мебарад. Аслан аризаҳои шикоятиаш аз туҳмати маҳз иборат аст. Туҳматқалами вай дар хусуси бисёр паррандаву чарранда шикоятнома навишта хотири Шуморо мушавваш кард. Вале ягон ҷонвар барои вайро аз ин кор манъ кардан кӯшиш накард. Умед аз ҷанобашон дорам, ки дасти туҳматқаламдори вайро баста, дунёро аз палидии қалам мераҳонед.
Хонандаи ин аризаи шикоятӣ фаҳмид, ки нависандаи шикоятномаҳои беасос дар бораи худаш аризаи шикоятӣ навиштааст, табассумкунон гуфт: «Беҳуда нагуфтаанд, ки тарки одат – амри муҳол».

Малик КАБИРОВ,
вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: