Дар Ҷиззах истеҳсоли мошинҳои барқӣ ба роҳ монда мешавад.
Шумораи мошинҳои барқӣ дар мамлакати мо дар се соли охир 10 баробар афзуда, ба 35 хазор расид.
Ба ин муносибат зарурати ба назар гирифтани иқтидорҳои нави қувватдиҳӣ дар рушди низоми электр нишон дода шуд. Акнун тарифи шабона ҷорӣ мешавад, ки қувватдиҳии мошинҳои барқиро дар хона ҳавасманд мекунад. Барои сокиноне, ки дар таҷҳизоти қувватдиҳанда ҳисобкунак насб мекунанд, барои қувватдиҳӣ дар шабона тарифи арзон истифода мегардад.
Инчунин, дар кӯчаҳо ва атрофи биноҳои истиқоматӣ то 22 киловатт ва дар хонадон то 7 киловатт стансияи зарядкунӣ насб кардан мумкин аст. Дар таваққуфгоҳҳои муассисаҳои давлатӣ, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо ва марказҳои фароғатӣ нуқтаи зарядкунӣ насб карда мешавад.