АКНУН ФЕРМЕРҲО МАҲСУЛОТАШОНРО БО НАРХИ БОЗОР ФУРӮХТА, ДАРОМАДИ МУНОСИБ МЕГИРАНД

Дар дунё неъматҳо зиёд, вале ягон неъмат ба нон баробар шуда наметавонад.

Аҷдоди мо бесабаб ба ҷавонон нисбат ба нон эҳтиром зоҳир намуданро тарғиб накардаанд. Аз давраҳои қадим одат шуда буд, ки одамон дар анбори худ ҳеҷ не ягон ҷувол гандум ё ордро барои дилпурӣ нигоҳ дошта монанд.
Аз ин сабаб дар мамлакатамон ба баланд бардоштани манфиатдории моддии хоҷагиҳои фермерӣ ва кластерҳои ғаллапарварӣ, таъмини муттасили бозори дохилӣ бо гандум ва маҳсулоти орд, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории соҳа аз ҳисоби даст кашидан аз хариди зиёда аз ҳаҷми барои эҳтиёҷоти давлатӣ зарур эътибори калон дода мешавад.
Қарори Президент аз 28 майи соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои иловагии ҷорӣ намудани тамоюли бозаргонӣ дар парвариш ва фурӯши ғалла» ҳуҷҷати муҳиме қарор гирифт, ки ба ҷорӣ сохтани тамоюли бозор дар парваришу фурӯши ғалла нигаронида шудааст.
Бо ин ҳуҷҷат нархи як тонна гандум, ки барои захираи давлатӣ харида мешавад, пештар 1 миллиону 550 ҳазор сӯм бошад, ҳоло 3 миллион сӯм муайян карда шуд, ки ду баробар зиёд аст.
Дар моҳҳои июл-август аз нархи гандуми биржа баромада омада, дар моҳи сентябр он аз нав ҳисобу китоб карда мешавад. Аниқтар ифода намоем, агар нархи биржавии гандум ба ҳисоби миёна 3,7 миллион сӯм гардад, ба истеҳсолгарони гандум ба ҳар тонна боз 700 ҳазор сӯмӣ пардохта мешавад. Ба ин восита деҳқон, фермер ва кластерҳо маҳсулоти парваришкардаашонро бо нархи бозор фурӯхта, ба меҳнаташон муносиб даромад мегиранд.
Ҷиҳати эътиборнок он аст, ки аз ҳосили соли 2022 аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 2,5 тонна, ҷамъ 2550 ҳазор тонна гандуме, ки дар майдонҳои обёришаванда рӯёнда шудааст, 1783,5 ҳазор тоннааш ба сифати захираи давлатии донии молӣ, ҳамчунин 266,5 ҳазор тоннаи он ба сифати тухмӣ аз ҳисоби маблағи Бунёди дастгирии давлатии хоҷагии қишлоқи назди Вазорати молия харид карда мешавад.
Айни замон 500 ҳазор тоннаи он аз ҷониби хоҷагиҳои фермерӣ ва дигар истеҳсолгарони ғалла баъдтар барои фурӯш дар биржа таҳти вакилии тиҷоратии бунёд барои нигоҳдории муваққатӣ қабул карда мешавад. Тавре дар қарор муайян шудааст, барои ҳосили соли равон корхонаҳои сохтори ШС «Ӯздонмаҳсулот» аз номи бунёд ҷиҳати ба амал баровардани аз истеҳсолгар харидан, нигоҳ доштан, айни замон ба харидорон фиристодани маҳсулоти гандум вакили тиҷоратӣ ҳисоб меёбад.
Имрӯзҳо дар майдонҳои ғаллаи ҳамаи ҳудудҳои диёрамон ғунучини ҳосил авҷ гирифтааст. Саъй меравад мавсими дарав аз ҳарсола даҳ рӯз кӯтоҳтар бошад, барои ин миқдори комбайнҳо афзудааст. Дар натиҷа самараи меҳнатӣ дар муддати кӯтоҳ ба чашм мерасад, анборҳо пури дон мегарданд.
Айни замон мавҷудияти захираҳои даркории маҳсулот эҳсос мегардад. Зеро ба бозори дохилӣ ҳар моҳ ба ҳисоби миёна дар атрофи 130 ҳазор тонна орд бароварда шавад, барилова зиёда аз 50 ҳазор тонна захира офарида шудааст. Дар ҳолати зарурӣ барои қонеъ  гардондани талаботи бозор ин орд ба фурӯш бароварда мешавад.
Хуллас, қарори зикршуда бо он ки ба нархи ҳақиқии бозор фурӯхта шудани гандум ва маҳсулоти орд нигаронида шудааст, хеле аҳамиятнок аст. Зимнан, ғалладона яке аз маҳсулоти асосии истеъмолӣ буда, ҳосили зиёд ба даст ояд, истеҳсоли дон меафзояд, озуқаворӣ арзон мегардад.

Одинахон
 ОТАХОНОВА,
узви Кумитаи масъалаҳои аграрӣ ва хоҷагии оби 
Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: