АКНУН ШАҲРВАНДОН НИЗ ҲУҚУҚИ ПЕШНИҲОДИ ЛОИҲАҲОИ ҚОНУНРО ДОРАНД

Дар кишвари мо ҳаёти инсон, озодӣ, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои дахлнопазир арзиши олӣ мебошанд.

Аз ҳамин сабаб дар Конститутсияи навшудаистодаи мо низ аҳамияти шаъну шарафи инсон ва дахлнопазирии ҳуқуқи вай дар ҳамаи ҷабҳаҳо муқаррар карда шудааст.
Аз ҷумла, аз вақти қабули Сарқонуни мо дар соли 1992 тағйироту иловаҳои воридшуда асосан ба идоракунии давлатӣ ва қонунгузории интихобот дахл доштанд, тағйироти асосии ислоҳоти имрӯза бошад, аз он сабаб муҳимтар аст, ки онҳо ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пурзӯр намудани муҳофизати иҷтимоӣ нигаронида шудаанд. 
Хусусан, мувофиқи моддаи 33-юми таҳрири нави Конститутсия кафолатҳои ҳифзи доимии ҳуқуқи шаҳрвандон дар парвандаҳои вобаста ба фаъолияти судҳо пурзӯр карда мешаванд. Муқаррар карда шудааст, ки агар ҳамаи дигар воситаҳои ҳимоя тавассути суд истифода шуда бошанд, шаҳрвандон ва шахсони юидикӣ ҳуқуқ доранд ба Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо шикоят бобати ба конститутсия мувофиқат кардани қонун, ки суд нисбати онҳо татбиқ намудааст, муроҷиат намоянд.
Ин бешубҳа ба он хидмат мекунад, ки ҳар як масъалае, ки дар назди суд гузошта мешавад, дар ҳамоҳангӣ бо манфиатҳои омили инсонӣ ҳал карда шавад. Ҳамчунин, як тағйироти муҳими воридшуда ин аст, ки доғи судии шахс ва оқибатҳои ҳуқуқии доғи судӣ бе ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқи наздикони ӯро маҳдуд намекунад.
Мо медонем, ки тӯли солҳо бисёр шаҳрвандони мо аз ҷинояти донистаю надониста содиркардаи хешу табор аз бисьёр ҳуқуқҳо  маҳрум буданд. Ба шарофати ислоҳоти шаш соли охир чунин меъёри ғаразнок дар қонунгузорӣ аз байн рафт. Ҳоло ин меъёр дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам мешавад. Ин имкон медиҳад, ки бисёре аз кадрҳои соҳибихтисос бо кору фаъолияти худ дар пешрафти кишварамон саҳм гузоранд.
Албатта, дар Конститутсияи нав барои таъмин кардани ҳуқуқи инсон тағйироти зиёде ворид карда мешавад. Баробари ин дигаргуниҳо ба шаҳрвандон имконият дода мешавад, ки дар тамоми марҳилаҳои идоракунии давлат ва ҷамъият фаъолона иштирок кунанд, дар иҷрои ҳар як ҳуҷҷати муҳим соҳиби овози худ бошанд.
Аз ҷумла, имконият дода мешавад, ки минбаъд на камтар аз сад ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, ки ҳу-қуқи овоздиҳӣ доранд, дар якҷоягӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, тавассути мақоми олии намояндагии ҳокимияти давлатӣ Ҷумҳурии Қароқалпоқистон депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Девони Вазирони Ӯзбекистон ташаббуси қонунгузорӣ нишон диҳанд. 
Акнун шаҳрвандони фаъоле, ки ба рушди кишвару халқи мо бетараф нестанд, метавонанд ташаббуси худро дар мавриди тағйири қонунҳое, ки ба манфиати ҷомеа мухолиф меҳисобанд ва ё қабули қонунҳое, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ зарур мешуморанд, изҳор намоянд.
Хулоса, қабули Конститутсияи мо, ки дар баробари дигаргуниҳои Ӯзбекистони Нав тағйир ёфта истодааст, кафолати фардои мост. Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки 30-юми апрел оид ба қабули таҳрири нави Сарқонунамон доир мегардад, фаъолона иштирок намоем.

Махфират ХУШВАҚТОВА, 
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: