Акробати эстонӣ дар таърих аввалин шуда аз Осиё то Аврупо ба воситаи ресмон гузашт

Чемпиони секаратаи ҷаҳон оид ба слэклайн Яан Руз аз гулӯгоҳи Босфор ба Туркия бо ресмон гузашт.

Дорбозчӣ аз Эстония Яан Руз дар ҷаҳон аввалин нафаре шуд, ки аз Осиё то Аврупо бо ресмони танг қадам гузошт, хабар медиҳад рӯзномаи Hurriyet.

Варзишгар аз болои гулӯгоҳи Босфор бо ресмоне, ки дарозиаш тақрибан 1,1 ҳазор метр буд, гашт. Ресмон дар байни такяҳои кӯпруки Босфор дар баландии 165 метр аз замин кашида шуда буд.

Чемпиони секаратаи ҷаҳон оид ба слэклайнг — аз рӯи як ресмоне, ки  байни ду объект кашида шудааст, бе мувозинатҳои махсус қадам мезанад — масофаро дар зарфи 47 дақиқа тай кард.

Акробатб Босфорро "ҷои махсус барои слэклайн" номид. Ба гуфтаи ӯ, ӯ аз он шод аст, ки тавонистааст ба таърих ворид шавад, менависад рӯзнома. Чорабинии варзиширо вазорати нақлиёти маҳаллӣ ва идораи роҳи автомобилгарди Туркия ташкил кардаанд.

Пештар дорбозчӣ бо ресмон масофаи 3,6 ҳазор метрро ба Италия тай карда тавонист. Дар соли 2023 варзишгар бо хати 150-метрии светодиодӣ, ки дар баландии беш аз 195 м дар байни манораҳои осмонбӯси Katara Towers дар Қатар овезон буд, қадам зад.

Руз дар синни 18-солагӣ бо слэклайн ба шуғлвазӣ оғоз намудааст. Вай аввалин ва ягона варзишгарест, ки дар ресмон дучанд муаллақ задаааст, хабар медиҳад rbc.ru.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: