(Репортаж)
Деҳаи хушҳавои Оҳалик, ки дар доманакӯҳҳои Зарафшон чун қолини пурнақшу нигорест, аз тамоми файзу саховат ва лутфу назокати табиат бархурдор буд.
Аҳли деҳа бо либосҳои идона ва чеҳраҳои пурханда, толибилмон бо гулдастаҳои тару тоза дар ҳавлии мактаби миёнаи рақами 18 ҷамъ омаданд. Сарвари таълимгоҳ Ашӯрбой Шоҳмақсудов ҳозиронро ба чорабинии «Занги охирин» хайра мақдам гуфта, навбатро ба хатмкунандагон Паризода Усмонова ва Дилшод Очилов дод. Онҳо зери кафкӯбии иштирокчиёни анҷумани фарҳангӣ занги охирин заданд, ки ҳатто дар кӯҳсор акси садо дод.
Албатта, дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳиссиёти хатмкунандагони саодатманд ва муаллимони эшонро ба тасвир кардан қалам оҷиз аст.
– Тавассути оинаи нилгун табрикоти самимона ва гуворои сарвари давлатамон ба хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳуриро шунидем,– иброз дошт А. Шоҳмақсудов, – чуноне ки Президенти муҳтарам таъкид намуданд, шумо, хатмкунандагон, бунёдгузорони умедбахши ояндаи Ӯзбекистони Нав ҳастед. Боиси хушнудист, ки дар мамлакати мо барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои шумо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Гарчанде мактаби мо соф тоҷикист, аз 33 нафар хатмкунандагон қариб 70 фоиз ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ки нишондоди баланд на танҳо дар ноҳияи Самарқанд, инчунин вилояту ҷумҳурӣ аст. Албатта, дар ин комёбӣ хизмати беминнат ва шоистаи омӯзгорон – Шавкат Соҳибов, Зайнура Соҳибова, Хурсандой Бозорова, Гулрух Икромова, Манижабону Шоҳмақсудова, Фарсимоҳ Раҳмонқулова, Гулшаной Иброҳимова, Дилором Эшонқулова ва дигарон хеле калон аст. Имсол 22 нафар номаи камол мегиранд, ки аз онҳо 4 нафар соҳиби медали тилло ҳастанд. Ман аз фурсат истифода бурда, ба парастуҳои мактаб комёбӣ таманно дорам.
Бояд таъкид намуд, ки имсол дар вилояти Самарқанд синфи 11-умро 48 ҳазору 779 нафар, синфи 9-умро беш аз 71 ҳазор нафар хатм хоҳанд кард.
Аз онҳо беш аз 2 ҳазор нафар медали тилло ва 300 нафар нуқра мегиранд, ки барои ба мактабҳои олӣ дохил шудан имтиёзҳо хоҳад дод.
Чуноне ки дар Садорати таълими халқи вилоят иттилоъ доданд, дар рӯйхати пешқадамон ба ҷойи аввал шаҳри Самарқанд (398), дар ҷойи дувум ноҳияи Иштихон (185) ва савум Пастарғам (153 медал) мебошанд.
Дар соли равон 1 ҳазору 512 нафар сертификат гирифтаанд, ки онҳо бидуни супурдани имтиҳон ба мактабҳои олии Ӯзбекистон дохил мешаванд.
Боз як навид он аст, ки аллакай 2 ҳазору 300 нафар хатмкунандагон ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дохил шудаанд.
Мо аз фурсат истифода бурда, тавассути рӯзномаи «Овози точик» ба хатмкунандагон комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.