АКТРИСАИ ТОҶИК ДАР “ӮЗБЕКФИЛМ”

Филмофарони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз дер ҳамкорӣ карда меоянд.

Дар мустаҳкамии пояҳои равобит дар ин сохтор актрисаҳо низ нақши равшан доранд. Аз Ӯзбекистон Ойбарчин Бакирова, Ойдин Норбоева, Тамара Шокирова дар якчанд картинаҳое, ки истеҳсоли “Тоҷикфилм” мебошанд, нақш бозида бошанд, актрисаи тоҷик Сайрам Исоева, бинобар ҳамкориҳои дурудароз ва самаранок бо “Ӯзбекфилм” ба яке аз маликаҳои кинои ӯзбек табдил ёфтааст. 
Духтари тоҷик Раъно Ҳамроева низ бо эҷодкорони ӯзбек дар риштаи синамо ҳамдастӣ дошт. Вале наҳама аз ин хабардор. Ҳоло хостем дар бораи фаъолияти эҷодии ӯ ва ҳамкориҳояш бо филмсозони халқи бародар чанд сухан гӯем.
Раъно 28 марти соли 1941 дар ноҳияи Ғарми Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Таҳсилкардаи омӯзишгоҳи хореографии назди театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ (1954-1958) мебошад. Баъди хатми ин даргоҳ вай  дар театри академие, ки зикр гашт, ба сифати актрисаи балет ба фаъолият шурӯъ намуд. Муддате дар телевизиони тоҷик ассистенти коргардон шуда кор ҳам кард. Сонӣ аз Душанбе ба Тошканд омад. Солҳои 1963-1966 дар Институти театрӣ-рассомии ба номи Островскийи Тошканд таҳсил намуд. Ҳамзамон дар киностудияи “Ӯзбекфилм” фаъолият пеш бурд.
Ҳамроева тӯли солҳои 1970-1972 дар сарредаксияи филмҳои ҳуҷҷатии телевизиони Ӯзбекистон ҳамчун ёвари коргардон адои хидмат намудааст. Аз соли 1972 инҷониб дар асоси шартнома дар риштаи киносозӣ кор мекунад.
Актриса дар 35 лоиҳа нақшҳои хурду калон бозидааст. Яке аз филмҳои машҳуре, ки ӯ образи ҷолиб офарид, маҳсулоти “Ӯзбекфилм” – “Куҷоӣ, Зулфияи ман?” (ё худ “Ёр-ёр”) мебошад, ки соли 1964 наворбардорӣ шудааст.  Коргардони он Алӣ Ҳамроев, муаллифи сенария Раҳмат Файзӣ, наворбардор Тулқун Рӯзиев мебошанд.
Дар филми мусиқӣ-мазҳакавии зикршуда, ки борҳо тамошо карда бошем ҳам боз тамошо карданамон меояд, коргардон гӯё маҳз ансамбли нақшофарони машҳурро ҷамъ намудааст: Соиб Хӯҷаев, Бахтиёр Ихтиёров, Шукур Бурҳонов, Олим Хӯҷаев, Раззоқ Ҳамроев, Онахон Тоҷибоева, Ғанӣ Аъзамов, Ҳамза Умаров, Ҳабиб Наримонов, Қудрат Хӯҷаев, Раҳим Пирмуҳамедов, Турсуной Ҷаъфарова ва дигарон. Дар байни ин чеҳраҳои намоёни ҳунар тоҷикдухтар Раъно Ҳамроева низ қарор дошт, ки ҳанӯз донишҷӯи донишкадаи театрӣ буд. 
Яке аз масъалаҳо, баробари ҳамин, лавҳаҳои ҷолиби филм – якдигарнофаҳмии ҷонибҳо, проблемаи қалин, ба модари арӯс, ки ба “тарзи куҳна” духтар доданист, “тағо ва ҷиян” шуда “маслиҳатдиҳи”-и падару писар ва ниҳоят барпои тӯйи замонавист. Нақши арӯси хушбахтро Раъно Ҳамроева бозидааст.  Дар филм, воқеан, раққосаҳои номвар Галия Измайлова ва Гулнора Маваева низ ҳунарнамоӣ кардаанд. Сурудҳои Ботир ва Луиза Зокироваҳо, Саодат Қобулова, Эргаш Юлдошев, Таваккал Қодиров истифода шудаанд. Оҳангсозҳо – Донӣ Зокиров, Манас Левиев, Сулаймон Юдаков. Нигаред, чӣ қадар шахсони маъруф. Иштирок дар картинае, ки эҷодкоронаш ситораҳои санъатанд, барои актрисаи ҷавони тоҷик бахти баланд буд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: